Ману Гуландом дар қаҳвахонаи «Дидор» сари як финҷон қаҳва рози дил мекардем, аниқтараш ман як соат пештар аз хўроки нисфирўзӣ кореро баҳона карда, аз ҷойи кор ба қавле гурехтаму назди дугонаам омадам.
Ману Гуландом ҳамсинфем, аз кўдакӣ бо ҳам дўсту дугонаву роздон, ў то ҳол шавҳар накардааст, аммо ман дар синни 24-солагӣ алакай аз шавҳарам ҷудо шуда, писараки сесолаамро тарбия мекунам. Модарам худаш дастнигари келин аст, падарам оламро тарк кардаасту ў бо оилаи додарам дар хонаҳои падарӣ зиндагӣ мекунад. Келинамон духтари бад нест, ба ман кўмак мекунад, вақте зарур шавад, писарамро назди модарам мегузорам, келин баробари духтарчааш Шоҳрўхаки маро ҳам нигоҳ мекунад ва писарам ўро очаи хурдӣ меномад. Гуландом ба ман ёрӣ надиҳад ҳам, маро гўш мекунад, маслиҳат медиҳад, баъзе вақтҳо аз ёрии моддӣ дида, ба кас ёрии маънавӣ заруртар аст.
- Корам аз мўйи сарам зиёд, дугонаҷон, ғайр аз он ки дар як ширкати сохтмонӣ муҳосиб ҳастам, боз ба тарҷума машғул ҳастам. Ту медонӣ, ки саводи русии ман хуб аст, аз ин рў, баъзе маводҳои соҳаи худамонро аз русӣ ба тоҷикӣ мегардонам. Боз дар як ширкате, ки маводҳои ороишӣ мефурўшад, аъзо шудааму кам-кам савдо ҳам мекунам, аммо базӯр рӯзамро пеш мебарам. Дар маркази шаҳр хонаи иҷора хеле ва хеле қиммат аст, боғчаи писарам, хўрду хўрок,- ман гиря карда, хостам аз сумкаам, ки ба як гўшаи курсиям овехта будам, рўймолчаамро гирам, азбаски қаҳвахона тангу сермизоҷ буд, бо оринҷам ба китфи марди дар мизи пушти мо нишаста бархўрдам. Мард ба ман нигоҳ накард, вале шарм доштам. Гуландом мисли ҳарвақта маро саволборон мекарду баробарам мегирист:
- Назири хонасўхта ба писараш ёрӣ намедиҳад?
- Аз куҷо? Ҳатто вақте, ки мо зиндагии муштарак доштем, Назир пули ёфтаашро ба маю маъшуқаҳои бешумораш сарф мекард, зиндагии хонаро ман пеш мебурдам. Ман наметавонам ба кўдаки хурдсолам бигўям, ки падари ту нокас аст. Ў вақти ҷудо шуданамон ангуштарии никоҳӣ ва гӯшвораҳоеро, ки модараш ба ман тўҳфа карда буд, гирифта бурд. Телевизор ва мошинаи ҷомашўиро бо қарз гирифта будем, ки ман то ҳоло пулашро пардохт мекунам.
- Сафинаҷон, ту хеле хаста метобӣ, гумон мекунам, ки ҳамин ҳоло саратро рўйи ҳамин миз гузорӣ, хобат мебарад, ту бояд каме ҳам бошад, истироҳат кунӣ, азизам,- маслиҳат дод бо дилсўзӣ Гуландом.
- Эҳ дугонаҷон, аз куҷо истироҳат? Карз дорам, вақте мошинаи ҷомашўӣ, телевизор ва тафдонро қарз гирифтам, аз куҷо медонистам, ки пули ин ҳамаро танҳо месупорам. Хусуру хушдоманам аз характери писарашон хабардор буданд, ки зуд моро ба хонаи иҷора гусел намуданд, аз пайи зиндагиятон шавед, гуфтанд, -бо дугонаам рози дил мекардаму мегиристам.
- Асабӣ шудаам, аз ҳар гап зуд дармегирам, дишаб ба сари писарам дод зада, баъд худам гиристам. Бечора писаракам наздам нишаста, оби чашмамро тоза мекунад,- гуфтам ман.
- Зиндагии ту сар то сар рўҳафтодагию асабоният аст, бояд ба ягон ҷо ба истироҳат равӣ,- дар ақидаи худ устувор буд Гуландом. Ман беихтиёр аз орзуи чандсолаам гап кушодам:
- Гулҷон медонӣ, мехоҳам ба Сафеддара равам ва чанд рўз дар иҳотаи барф бошам, лижаронӣ кунам, каме ҳам бошад, аз шаҳру аз ғавғои он дур бошам. Ақаллан сад доллари зиёдатӣ медоштам,- ин ҳарфҳоро гуфтаму бо Гуландом хайрухуш карда, ба берун баромадам, зеро медонистам, ки сардорамон камтар дер кардани моро хуш надорад. Гуландом бошад, ками дигар истоданӣ буд…
(Давом дорад)
САФИНА
Таснифи Рухсора САИД