Як сол пеш! Ҳаво боронӣ буд. Ба ҷиянҳоям ваъда карда будам, ки бегоҳ аз кор биёям, ҳар ҳар чизе дилашон хост, ҳамонро аз мағоза мехарам. Аммо ҳамон бегоҳ танҳо вақте ба хона наздик шудам, ваъдаи додаам ба ёдам расид. Дар дастам ҳамагӣ 30- сомонӣ доштам. Пули таксиро бояд медодам.
Пул дар кортам буд. Аз таксӣ фаромада, ба суроғи банкомат рафтам, вале дар банкоматҳо пул набуд. Борон майда-майда ба боридан сар кард. Дар тан либоси тунук доштам. Кӯшиш мекардам, ки борон сахт нашуда, аз ягон банкомат пул гирам, аммо ҳанӯз ба “Бозорчаи Дустӣ” нарасида борон авҷ гирифт. Чатр надоштам, осемасар тез-тез роҳ мегаштам. Нохост садое баланд шуд: “Дар ин боронӣ куҷо саросемаи духтарҷон?”
Ба қафо нигаристам, як марди синну солаш тақрибан 60-сола маро садо мекард. Марди ришсафеде буд. Қоматаш андаке хамзада дар пешаш пешбанд (фартук) дошт. Пойафзол медухт. Пешниҳод намуд, ки дар зери чатраш аз борон панаҳ барам. Раҳмат амакҷон гуфта, дар зери чатри калон худамро ҷо кардам.
Борон торафт шиддат гирифта, сахттар мешуд. “Абри даргузар” гуфт он марди нуронӣ ва пурсид, ки дар ин боронӣ куҷо равонаам. Амакҷон ба ҷиянҳоям ваъда кардам, ки ширинӣ мехарам. Бояд аз картаам пул гирам,- гуфтам дар ҷавоб. Хонатон ҳамин наздикӣ аст,-пурсид мард. Ҳа, як истгоҳ поёнтар, дар кӯчаи “Спецназ”-гуфтам ман.
Чанд сум бояд гирӣ? Он қадар зиёд не, 40-50 сомонӣ гирам, барои ширинӣ мерасидагист, - гуфтам чашм аз борон наканда.
Мард аз зери дастмоле, ки сиёҳ шуда буду рӯи мизи мӯзадӯзиаш мехобид, ду 50-сомониро гирифта ба тарафам дароз карду гуфт: “Ин бонкаматҳои пеши бозорча уқа соз нестан. Бисёр вақт пул надоранд. Гир, ин пулро ва рафта ширинӣ бихару зудтар ба хонаатон рав. Борон сахт аст, боз касал нашавӣ, бачам!”
Муддате фикр кардам. Ҳама ҷо аллакай торик шуда буд. Раҳмат амакҷон. Шумо ин ҷо пойафзол медӯзед?-гуфта пурсидам. “Не, баъзан дилҳои шикастаро низ медӯзам,”- бо ханда ҷавоб дод мард ва табассум намуд.
Ба чашмонаш бо диққат нигаристам. Чун нуронӣ намуд, пулро аз дасташ гирифтам ва пурсон шудам, ки пагоҳ соати 5- бегоҳ дар ҳамин ҷо ҳастанд? Ман то соати 8-шаб дар ҳамин ҷо ҷавоб дод мард.
Майлаш, раҳмат амакҷон, пагоҳ пулатонро меорам,-гуфтаму хайрухуш кардам ва тез-тез роҳ гашта рафтам.
Худам ҳайрон мондам, ки чаро аз дасти як одами тамоман ношинос пул гирифтам ва чаро вай ба ман чунин хубӣ кард, охир имрӯзҳо одамон ҳатто як сомониашонро ба касе намедиҳанд.... Аҷаб?!
Хулоса, аз мағозаи пеши хона ширинӣ харидаму ба хона баргаштам. Ба ваъдаам вафо кардам. Кӯдакон аз ширинӣ хеле хурсанд шуда, маро бӯсаборон карданд. Ҳамон шаб мо, аҳли оила ҳама хушбахт будем, вале...
Рӯзи дигар аз саҳар дилам худ ба худ ким чи хел сиёҳӣ овардан гирифт. Баъди кор пулро гирифтаму ба суроғи амаки мӯзадӯз ба ҷойи дирӯза рафтам, вале набуд. Аз марде,ки он ҷо пахтақанд мефурухт, амаки мӯзадӯзро пурсон шудам. Дар ҷавоб гуфт, ки вай ягон марди мӯзадӯзро намешиносад. Аз саросемагӣ ҳатто номашонро напурсида будам. Ҳайрон мондам, ки чи кор кунам. Зиёд кофтукоб кардам, аммо ӯро наёфтам. Аз касе пурсам, китф дарҳам кашида, "намешиносам" мегуфт. Чун аз кор монда шуда омада будам, қарор додам, ки пагоҳ меоям, вале....
Рӯзи дигар хабар омад, ки амаки калониам вафот кардаанд. Осемасар ба Панҷакент рафтам. Як ҳафта пас баргаштам. Қарздор буданам ба ёдам расид ва боз ба суроғи амаки мӯзадуз рафтам, вале ин дафъа ҳам ӯро наёфтам. Суроғашро аз чанд кас пурсон шудам. Оқибат як нафар гуфт, ки ӯ гоҳ-гоҳ меояд, агар пойафзолам дар дасташ бошад, метавонам ба хонааш равам ва суроғаи хонаашро дод. Кофта-кофта хонаашро ёфтам. Овози гиряву фиғон аз он хона ба фалак печида буд. Фаҳмидам, ки мӯзадӯз вафот кардааст. Хоҳиш кардам, ки барои даромадан иҷозат диҳанд, зеро барои пойафзол наомадам, аз амаки мӯзадӯз қарздор будам ва пули қарзашро овардаам, аммо наздиконаш иҷозат надоданд. Дилам пур аз дарду алам буд, дар назди дарвоза нишаста бо овози баланд гиря кардам, гӯё бегона не, одами наздики худро аз даст дода бошам, дилам барои он марди накӯкору хайрхоҳ сахт месӯхт...
Борҳо 50- сомонӣ хайр кардам, аммо ба назарам ҳамеша қарздорам... (Қиссаи мазкур аз ҳаёти ҳунарманд Дилноза Раҳимӣ аст)