Гулдухтар
Гулбаҳор духтари аз ҳама зебои кӯчаашон ба шумор мерафт, ӯ дар оилаи зиёӣ ба камол расида, тарбияи хубе низ дошт. Падару бародараш духтур, модараш муаллима буданд, аммо Гулбаҳори нозанин дузанда шуданӣ буд. Аз ин рӯ, ҳар рӯз баъд аз дарс ба назди аммааш, ки дӯкони дӯзандагӣ дошт, барои омӯхтани ин касб мерафт. Гулбаҳор аз ҷумлаи шогирдҳое буд, ки устодашро дар ҳайрат мегузошт, фикрҳои тоза ва навпардозиҳои ӯ аммаашро дар ҳайрат мегузоштанд. Гулбаҳор мактабро хатм намуда, дар баробари ин чун дӯзандаи беҳтарин дар ноҳия ном баровард. Ҳама арӯсакон орзу доштанд, ки куртаҳояшонро маҳз Гулбаҳор дузад ва ҳамеша пешаш пур аз мизоҷон буд. Бародараш Аҳадбек хоҳарашро зиёд дӯст медошт, аз ин рӯ, аз байни хонаҳои сершуморашон калонтарину равшантаринашро ба таври замонавӣ таъмир намуда, чун дӯкони дӯзандагӣ оро дода, ба хоҳараш тӯҳфа кард. Зани бародараш низ ба ӯ кӯмаки хешро дареғ намедошт, хостгорон дари хонаи волидонашро охурча карда бошанд ҳам, духтар ҳоло ба шавҳар баромаданӣ набуд, вале…
Муъҷизаи ишқ
Гулбаҳор дар тӯю маърака, кӯчаю сари чашма, нигоҳи харидоронаи ҷавононро эҳсос кунад ҳам, то ҳол ошиқ нашуда буд. Баъзан ба ҳоли ин ё он дугонаю мизоҷаш механдид, ки барои ҷавони бегонае шуда, ашк мерезанду гиря мекунанд. Байни мардум ишқи духтари чӯпони ҳамсояашон, Гулзода, ки хишт рехта мефурӯхт то барои дар тамос шудан бо ошиқи сарбозаш маблағ пайдо кунад, афсона шуда буд. Гулбаҳор бо Гулзодаи нозанину хушсухан ҳар рӯз вомехӯрд, ки аз кори мардона китфу бозувонаш мардона шуда буданд ва ҳайрон мешуд, ки ишқ чӣ муъҷизоте бошад, ки инсонро ба ҳар гуна кор маҷбур мекунад? Духтар дар як рӯзи зебои баҳорон бо Диловар, нозири нави минтақавияшон вохӯрд ва эҳсос кард, ки дар вуҷудаш тағйироте ба вуҷуд омад. Кабинети нозири минтақавӣ дар паҳлӯи хонаи онҳо воқеъ буду нозири пешин Қурбон – милиса бошад, рафиқи падараш. Ана ҳамин амаки Қурбон Диловарро ба падару бародараш шинос карда гуфтааст, ки волидонаш дар маркази вилоят зиндагӣ мекунанд, барои ҳамин ҳам ӯ дар кабинеташ зиндагӣ мекунаду бо ӯ меҳрубон бошед. Диловар ҷавони қоматбаланди абрӯсиёҳе буд ва либоси милисагӣ он қадар ба қомати баландаш зебанда буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳама духтарони қишлоқ ошиқаш шуда, ҳатто суроғ карда, бе зан буданашро ҳам фаҳмиданд. Аммо ҷавони мағрур ба касе нигоҳи каҷ намепартофт, аз ин рӯ, дар дилу дидаи мардум зуд ҷо гирифт.
Равзанаи меҳр
Хонаи дӯзандагии Гулбаҳор дар ошёнаи дуюм воқеъ буду аз тирезаи он рӯи ҳавлии кабинет ва ҳамзамон истиқоматгоҳи милисаи ҷавон хуб намоён буд. Духтар субҳи барвақт ғайриихтиёр аз роғҳои тури ҳарири тирезааш ба гиру мони Диловар нигоҳ мекард, ин ҷавони чолок дар як муддати кӯтоҳ рӯи ҳавличаи ба қавли кампирҳои русто «хокубод»-и милисахонаро гулзор карда, дарахтҳои пирро афтонида, ниҳолҳои зиёде шинонд. Хуҷраҳои коргоҳашро низ таъмир карда, гирду атрофашро панҷараҳои оҳанини зебое гирифт, хулоса як гӯшаяки деҳа ҷони тоза гирифт. Ҷавонони беодоб аз тарси ӯ қадамашонро дониста мемонданд, милиса бо аҳли деҳа муносибати хуб дошта бошад ҳам, танҳо бо бародари Гулбаҳор дӯст буду ба хонаи онҳо омада мерафт. Модари Гулбаҳор холаи- Саъба низ чизе пазад, албатта ҳаққи «ҷавони ғариб»-ро мемонд ё ба кабинеташ мефиристонд, ё ӯро зӯран ба хона дароварда, сари хон менишонду ба хӯрдан маҷбураш мекард. Диловар Гулбаҳорро дида бошад ҳам, вале намедонист, ки дар ин хонадони қадрдон дилаке бо ёди ӯ шабу рӯз ширин-ширин метапад. Шиносоии онҳо ин гуна оғоз ёфт:
- Як рӯз Аҳадбеку Диловар аз бозор шим мехаранд, Диловар мехоҳад онро каме кӯтоҳ кунад ва аз Аҳадбек хоҳиш мекунад, ки ба ателе дароянд, вале дӯсташ ба ӯ мегӯяд, ки хоҳари ӯ чевари гулдасте ҳасту ин корро ба хубӣ ба иҷро мерасонад. Аҳадбек Диловарро назди Гулбаҳор дароварда, худаш пайи корҳояш мешавад ва ду нигоҳ ба ҳам бармехӯранд, духтар суп—сурх шуда, сарашро поин меандозад ва Диловар пичиррос мезанад:
-Тавба, ин қадар дӯзандаи зеборо бори аввал мебинам….
Паёмакҳои бахтовар
Пас аз ин воқеа Диловар рақамҳои телефони мобилии Гулбаҳорро пайдо карду барояш паёмакҳои ошиқона мефиристод, духтар низ ба паёмакҳои ӯ бо меҳри беандоза ҷавоб мегуфт. Рӯзҳо мегузаштанду оқибат рӯзе волидони ҷавон ба хостгорӣ омаданд, падару модари Гулбаҳор низ аз байни хостгорони бешумор маҳз Диловарро интихоб намуданд, зеро ба қавли худашон ӯро хуб мешинохтанд. Пас аз фотеҳа шуданаш бо Гулбаҳор, Диловар ба кори баландтаре ба маркази вилоят гузашт ва тӯйи зебое баргузор карда, арӯси нозанинашро ба хонаашон бурд. Хусуру хушдомани Гулбаҳор чор писар доштанд ва Диловар аз ҳама хурдии эшон ба шумор мерафт, аз ин рӯ, дар ҳавлии чорбоғдори босафо домоду арӯс ва хусуру хушдоманаш умр ба сар мебурданд. Арӯсаки ҳунарманд зуд дар макони нав низ мавқеи худро ёфт, дар аввал барои чанд хешу табори шавҳар пираҳанҳои бепул дӯхт ва хонааш мизоҷборон шуд. Барои ин духтари қишлоқӣ кору бори шаҳр гароние надошт, ӯ субҳи барвақт ҳама корашро ба анҷом расонида, ба касби дӯстдоштааш машғул мегашт. Хусуру хушдоман низ дастгиру мададгораш буданд, хусусан хушдоман ӯро зиёд дӯст медошту ҳатто ҳамроҳаш нишаста, дар дарздӯзӣ низ ёриаш мерасонд. Гулбаҳор бисёр вақт бозории хонаро мекард, аз шавҳараш пул ҳам намепурсид, Диловарашро зиёд дӯст медошт ва ба ҷон мепарастид. Хулоса, хушбахт буданд ҷуфти ҷавон…
Чашми бад
Зиндагӣ дар маҷрои худаш давом дошт, дар як мижжа задан панҷ сол гузашту Гулбаҳор соҳиби писараку духтараки нозанине шуд. Бо дастгирии шавҳараш дар маркази вилоят дӯкони дӯзандагӣ кушода, тиҷораташро равнақ дод. Аз зиндагӣ шиквае надошт, вале як рӯз як шогирдаш хабаре оварду дар дилаш алов рехт. Гулрез устодашро ба ҷойи панаҳтаре хонда пурсид:
-Апаҷон, шуӣ шумо милиса-а? Ҳа чӣ шудааст?- ба саволи Гулрез бо савол ҷавоб дод Гулбаҳор. Як ҳамсинфамро шавҳараш аз зери чодари арӯсӣ пеш кард, зеро нодухтар баромад, ана ҳамин Зарагул, ки худро Зара меномад, зани дуюми як милиса шуданист. Сураташро ба ман нишон дод, ба шавҳари шумо хеле монанд аст, подполковник будааст…. Гулбаҳор худро нигаҳ дошта, ба Гулрез гуфт:
Давом дорад