arzon replenishment
Арўси ланг (ҚИСМИ 2)
2410

Асал мисли ҳамон субҳгоҳӣ дасташ зери манаҳаш хоб буд, фақат аз кунҷи лаб ва бинияш як риштаи борики хун таровида, ба болишт рафтаву шах шуда буд. Сабур бо тамоми овоз фарёд зад. Ташхиси духтурон маълум кард, ки дили нозуки зан аз кор мондааст.

Баъд аз додани маъракаҳои севу ҳафту чили Асал ҳама хона ба хона шуданд. Сабур тоқаву зор монду худашро ба кор бахшид, ў тамоми кори занонаву мардонаи ҳавлияшро мекард, барои Асали нозанинаш шабу рўз мегирист, дар пинҳониҳо. Як ҷойи рафтан дошт, хонаи хусураш мерафту ҳамроҳи хусураш, ки акнун ба бистари беморӣ афтидаву зор-зор мегирист, менишаст. Ҳама фарзандони хусуру хушдоманаш аз паси зиндагии хеш буданд, танҳо писари хурдӣ бо оилааш Гулҷамол бо волидонаш мезист. Сабур эҳсос мекард, ки Гулҷамол ба хусуру хушдоманаш он қадар эҳтиром надорад ва шавҳараш Акмал бошад, бо доираи занаш мерақсид.

Баъд аз се моҳи вафоти Асал, Шариф низ аз олам гузашт. Сабур аз марги хусураш низ сахт ғамгин шуд, зеро ў майхора ҳам бошад, марди хеле хуб буд ва Сабурро мисли писаронаш дўст медошт.

Баъди марги марди хонадон аҳволи Гулмоҳ ва Сабо, ки мактабро хатм намуда буд, хеле бад шуд. Гулҷамол ба онҳо рўзи сиёҳ нишон медод, “ин чулоқро ба ягон мўйсафед медиҳаму хонаву дарро фурўхта, ба шаҳр меравам” мегуфт рўирост балокелин. Сабур як рўз ба хабаргирии хушдоманаш рафта, хоҳари занашро гирён дарёфт. Боз Гулҷамол Саборо таъна кардаасту духтарак қариб даст ба худкушӣ мезадааст…

Сабур хеле андеша карду ба хушдоманаш гуфт:

- Оча, ман шуморо ба ҷойи модарам медонам, агар ин ҷо азоб доред, Саборо гиреду ба хонаи мо меравем.

Гулмоҳ бо дидаҳои ашкбор гуфт,- бачам, аз аввал ҷойи як нафаси осуда кашидани ман хонаи шумо буд, мо - ду дарди сарро мебарӣ, баъд ту бояд зан бигирӣ, чӣ хел мешавад?

- Ҳеҷ хел, касеро мегирам, ки маро ҳамроҳи шумо қабул кунад,- ҷиддӣ гуфт Сабур.

Баъд аз омадани хушдоманашу Сабо ба хонаи Сабур зиндагии ў ранги дигар гирифт. Очаву духтар хонаву дарро хуб нигоҳ мекарданд, ҳамеша хўроки гарм тайёр, боғу роғ гул мекард. Сабо ба Асал сахт монанд буд, хандаву шӯхиҳояш, чашмони шаҳлояш, фақат лангиданаш фарқ мекарду халос. Сабур ба Сабо ошиқ шуд, ҳарчанд шарм медошт, вале аз хушдоманаш дасти Саборо пурсид ва духтарак ҳам рад накард. Кампири Гулмоҳ ба ҷон розӣ шуд, зеро фарзандони ба хуни ҷигар калон кардааш, ягонтоаш барои хабаргирии модар наомаданд ва ўро ба хонаи худашон набурданд. Ду апаи дигари асал ҳам аз бародаронашон сахт ранҷида буданду худашон сару бар шуда, Саборо тўй карда, ба Сабур доданд. Албатта дар деҳа гапу калочаҳо паҳн шуданд, аммо зуд хомўш гаштанд, зеро Сабур марди бовиқор ва ҷиддие буд.

Инак, даҳ сол мешавад, ки Сабову Сабур як ҷо зиндагӣ мекунанд. Сабо ба Сабури ташнаи фарзанд ду духтару ду писари нозанин ҳадя намуд. Кампири Гулмоҳ, низ дами пирӣ нафаси осуда кашид ва набераҳояшро бо ноз мепарварад. Баъзеҳо рўирост ба Сабур мегўянд, ки ту як ҷавонмарди зебо чаро лангеро ба занӣ гирифтӣ, аммо ў бо лабханд мегўяд:

- Зебогии зоҳиру ботини ҳамсарам нуқси ягонаи ўро мепўшонад.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД