Беватўй
Модарам аз тарси он ки хусуру хушдоманам маро ба милиса надиҳанд, дар ба дари муллою табиб давида, гўё барои ман «даво» меҷўст. Аз гуфтугўйи пайвандонам мефаҳмидам, ки дар деҳа маро девона ҳукм кардаанд. Девона аз тамғаи бадномии нодухтар хубтар аст, гўён Худоро шукрона мекардам…
Баъди як моҳи ин ҳодиса Хусрав ҳамроҳи падараш омада, ҷавоби маро дод ва ҳолати ман ҳам оҳиста – оҳиста рў ба «беҳбудӣ» овард. Баъди шаш моҳи ин ҳодиса бо Шаҳром дар тамос шудаму тамоми буду шуди воқеаро нақлаш кардам. Шаҳром бо овози гирифта гуфт:
- Бечораяки ман, чӣ қадар азоб кашидӣ…
Пас аз ин гуфтугў модари Шаҳром ба хостгорӣ омад, намедонам ў бо чӣ далелу исбот модарашро ба ин кор розӣ карда буд. Зеро дар деҳа номи ман ба девонагӣ баромада буду мусаллам аст, ки ин гуна арўс ба касе даркор нест, боз ба бачаи зебои донишҷўйи чор ишкелаш дуруст. Падарам ба хостгорон ҷавоби рад доданӣ шуд, вале ман ба падарам гуфтам, ки мехоҳам ба шавҳар бароям. Падарам бо асабоният фарёд зад:
- Э девонаи Худо, аз як шармандагӣ базӯр раҳидем, боз дубора нӯги забони халқамон кардан мехоҳӣ?!
- Падарҷон, ман пеши шумо қасам мехўрам, ки ин дафъа ҳамааш хуб мешавад.
Падарамро ин ҷасорати ман ҳайрон карда буду бо чашмони нимпўш андешамандона гуфт:
- Э мани аблаҳ… дўстдоштаат ҳамин сағираи почаканда буд? Наход ту дидаву дониста, ба таги чодари арўсият корд бардошта рафтӣ? Э бар падарат лаънат духтардор…
Пас аз се рўз падару бародаронам маро бе ягон қалингу чизу чора бо як коса об никоҳ карда, ба Шаҳром доданд, онҳо ҳамагӣ бо ман гап намезаданду ҳатто маъракачае наороста, бо куртаи танаам ба хонаи домод гусел карданд. Дар хонаи домод низ ғайр аз Шаҳром касе ба ман рўйи хуш намедод. Хушдоманам рўйирост гуфт, ки “Шаҳром таҳдид кард, ки агар Садафро бароям гирифта надиҳед, худамро меовезам, танҳо барои ҳамин ман ту беваи ҷинзадаро келин кардам. Медонам ў рўзе пушаймон мешаваду баъд ман духтари дўстдоштаамро келин карда меорам”.
Бародари шавҳараму янгааш ба ман чунон менигаристанд, ки гўё як ашёи нодаркор бошам. Пас аз як ҳафтаи беватўйямон Шаҳром маро ҳамроҳаш ба Душанбе овард…
Офтоби бахт
Пеш аз сафарам ба Душанбе ман назди модарам рафтам, падарам ба хона даромадани маро дида, хеста ба масҷид рафту ба саломам алейк нагирифт. Бо дидаҳои гирён аз модарам дуо гирифта, аз ҷоям хестам, модарам то дари дарвоза гуселам карду пинҳонӣ аз ҳама ба дастам як миқдор пул ва ҷавоҳироти тиллоиямро, ки солҳои дароз барои арўсиям ҷамъ карда буд, дод. Бечора очаҷонакам пиччирос зада гуфт:
- Ин ҷо ҳамаи тиллоҳоят аст, дар он ғарибиҳо даркор мешавад. Кош, Шаҳромат бовафо барояд…
Ду моҳ дар хонаи иҷора зиндагӣ карда дидам, ки барои шавҳарам ҳам хондану ҳам додани пули иҷора ниҳоят душвор аст ва ба нею нестони ў нигоҳ накарда, як рўз тамоми ҷавоҳироти доштаамро дар рўймолчае баста, ба бозори тиллофўрўшон рафтем. Ҳоҷӣ- зани тиллофўрўше вазъияти моро фаҳмида, ҳамаи тилловориҳоямро ба нархи шасту панҷ ҳазор доллар харидорӣ кард. Ҳамкорони Шаҳром бароямон хонаи се ҳуҷрагиеро бо таъмири олӣ ва тамоми ҷиҳозаш ёфтанд. Бо зиёдатии пул мошинаи дарздўзӣ харидаму ба духтани куртаҳо оғоз кардам, дар ҷойи нав ёфтани мизоҷ осон набуд, вале дар ин кор ҳам Худованд мададгорамон гашт. Дар ҳамсоягиям сарояндаи машҳуре зиндагӣ мекарду духтараш дўзанда будани маро фаҳмида, аз матои оддие курта фармоиш дод. Духтанам ба онҳо маъқул шуду дар як муддати кўтоҳ мизоҷони зиёде пайдо кардам, ки дар байнашон шоираю ҳунармандон ва ситораҳои санъат низ буданд. Дар ин миён соҳиби як духтарчаю як писарча гаштем, шавҳарам низ донишгоҳро хатм намуда, ба кор даромад. Шаҳром хонаро ба номи ман карда бошад ҳам, як чиз азобаш медод, ки тилловориҳои маро фурўхтааст… Тули дувоздаҳ соли зиндагиямон дар пойтахт, соҳиби ҳама чиз шудем, ҳавлӣ мошин ва тилловориҳои беҳисоб, зеро шавҳарам дар ҳар иду аём бароям албатта ҷавоҳироте ҳадя мекунад. Имрўз ман келини дўстдоштаи хушдоманам, духтари меҳрубони падару модар ва хоҳари дилсўзи бародаронам мебошам… Чун кордкашиям пеши назарам меояд, аз шарм замин намекафад, ки дароям. Охир, ҳамин масъаларо бо роҳи дигар ҳал намудан мумкин буд-ку!
Мақсади қисса намудани сарнавишти пурпечутобам ҳамин аст, ки волидони азиз бояд бидонанд, ки дар издивоҷ майли дили ҷавононро фаҳмидан асоси зиндагист. Як омили пош хӯрдани оилаҳои ҷавон низ ҳамин аст.
Бо эҳтиром, САДАФ
Таснифи Нисо ХОЛИД