arzon replenishment
Арўси кордкаш (ҚИСМИ 4)
1624

Шоми арўсӣ

Ман дигар хомўш будаму бо касе аз аҳли хонаводаамон гап намезадам, рўзи тўй домоди нозанин бо мошинҳои қимматбаҳо ва карнаю сурнай вориди ҳавлии мо гашт. Духтари амакам, ки шоҳиди ман буд, дам ба дам берун баромада, аз зебогии домоду шукўҳу шаҳомати корвони шаҳмардҳо гап мезаду гап мезад, ба гўши мани ғамзада бошад, овози булбул ҳам намефорид. Пеш аз он ки маро ёр-ёргўён аз хона бароранд, ман ноаён ба ошхона даромада, корди тези говкушии падарамро гирифта, дар ҷомадони либосҳои арўсиям пинҳон намудам. Моро никоҳи мусулмонӣ карданду корвони мошинҳо сўйи маркази вилоят роҳ гирифтанд, ман дар роҳ бо қирраи чашм ба домод нигаристам, ниҳоят зебо ва босалобат буд... Мо нисфирўзӣ ба хонаи домод расидем. Он ҷо маро орову торо дода, ба тарабхона бурданд, дар тарабхона тўйи бошукўҳе доир гашт, ҳама хурсандӣ доштанд, мерақсиданду меболиданд, шодбошиҳо мекарданд, танҳо ман тарҳи хунине мекашидаам, ки шояд ягон арўс дар дунё онро накашида бошад…

Арўси кордкаш

Шоми арўсӣ низ ба поён расид, мо боз ба ҳавлии сеошёнаи бошукўҳи домод омадем, қисми меҳмонон монданду қисми дигар ба хонаҳояшон рафтанд. Пас аз каме ором шудани ҳавлӣ духтараке ба назди мо омада гуфт:

- Ман ёрдамчии бонуи ин хонадонам, агар хоҳиш дошта бошед, шуморо ба ҳаммом раҳнамоӣ кунам.

Ман ҳамроҳи духтари амакам ба ҳаммом рафта, шустушў кардем, он шаб хеле роҳат хобидам, ҳатто Шаҳром ба хотирам назад. Рўзи дигар ҳама меҳмононро гусел намуда, баъди нисфирўзӣ ману домодро ба хонаи хилват дароварданд. Домод чойи рўйи мизро кашида, ба ман як пиёле рехта, дароз карду аз ҳар боб сўҳбат намуд. Ростӣ, суханҳояш ба гўшам намедаромаданд. Ман гўё чизе мегирифта бошам, рўйи ҷомадони либосҳо хам шуда, корди тезро гирифтаму дастамро зери рўймолчаи зардўзии саломдиҳӣ пинҳон намудам. Домод хомўшии маро аз шарму ҳаё дониста, хандон наздам омаду хост маро ба оғўш гирад, ман аз фурсат истифода карда, бо тамоми қувва бо корд ба шикамаш задам, воҳ гуфтани домодро ёд дораму халос…

Чун ба худ омадам, болои сарам духтурон ва хусуру хушдоманам меистоданд, як чашмонамро кушодаму боз худро ба беҳушӣ задам. То бегоҳ падару модар ва бародаронам ҳам омаданд, хушдоманам маро дуои бад карда мегуфт:

- Худо гирад, ту девонаро, писараки ягонаамро мекуштӣ, ман чӣ кор мекардам?! Ман худро ба гунгӣ задам, вале ҳамин, ки ҳуҷра холӣ шуд, худро ҳамроҳи модарам танҳо дида, аз ў пурсидам:

- Домод мурд? Акнун маро ҳабс мекунанд?

Модарам мушти сахте ба рони поям зада гуфт:

-Ай сиёҳпича, ту дидаву дониста бачаи мардакро корд задӣ?! Ҳама гумон доранд, ки дар зери чодар ба ту ҷин ёр шудааст… Ту моро шарманда кардаӣ…

Аз рўйи нақли модарам Хусрав - шавҳарам он қадар захми сахт набардоштаасту ҳоло дар хонаашон аст, падару модараш овозаю дарвоза нашавад гўён, ба милиса ҳам надоданд, аммо аз баҳри мани ба қавли онҳо девона низ гузаштаанд. Маро аз беморхона рост ба хона оварданд, хушдоманам як ришта аз ҷиҳози бурдаамро надод, ҳатто куртаҳои арўсиямро низ, аммо ман хурсанд будам, ки гавҳари номусамро барои Шаҳром ҳифз намудам…

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, САДАФ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД