Муҳаббат омаду…
Намедонам барои чӣ бошад, чеҳраи зебои Шаҳром аз пеши назарам лаҳзае дур намешуд. Ду рўз пас аз ин воқеа аз хонаи амакам дертар бармегаштам, ки дар рўйи раҳам боз Шаҳром пайдо шуд ва ин дафъа бе гапу ҳарф ба дастам коғазакеро қаппонд. Ба хона расида, онро кушодам, чунин навишта буд: «Садафҷон, агар ишқи маро қабул намуда бошӣ, имшаб соати ду зери чормағзи калони боғатон баро, ба ту гап дорам. Илтимос, зеро фардо ба Душанбе меравам…».
Ба хона омадам, янгаҳоям манту пухта буданд, ҳарчанд дар дилам оташ буд, вале базӯр худро ором нишон дода, ҳамроҳи аҳли оила хўроки шом хўрдаму табақу косаҳоро шўста, ба хонаи хобам гузаштам. Дилам беором метапид, ақлам мегуфт, ки Садаф оё насиҳати падару бародаронатро аз ёд баровардӣ?! Дили беқарорам бошад, «насиҳат»-ам мекард, ки “дили ошиқи Шаҳромро нашикан, ту бо вай хушбахт мешавӣ. Ин дунё бо ишқу муҳаббат пойдор аст…”. Чун аҳли хонаводаро хоб бурд, ба соат нигаристам, ақрабак сарҳади дувоздаҳро убур мекард, аммо хоб ба чашмони ман меҳмон намешуд. Мурғи хоб лонаҳои чашмони маро кайҳо тарк намуда буд. Бо андешаҳои зиёд каме ғанабам бурд, вале боз бедор шудам, дидам ки соат аз ду бист дақиқа гузаштааст. Намедонам кадом қуввае, шояд ишқи мегуфтаи шоирон бошад, маро ба берун ба даруни боғ ҳидоят мекард. Ҳарчанд бовар доштам, ки Шаҳром кайҳо омада, ноумед шуда рафтааст, вале берун баромадаму рост ба боғ ба зери чормағзи калон, ваъдагоҳ шитофтам. Моҳтоб анвори нуқрагуни хешро бедареғ ба рўйи замин мерехт ва шаб равшан буд, саги бадҳайбати чўпониямон Хайбар то боғ маро ҳамроҳӣ кард ва ба пешвозам омадани шахси ношиносро дида, як ғуриду халос. Ман ҳайрон шудам, зеро бе «иҷозат»-и Хайбар ба ҳавлию боғи мо даромадан амри маҳол буд. Аз ин хотир, мо сагро рўзона занҷир мекардем ва танҳо шабона аз банд раҳояш менамудем. Шаҳром салом гуфту бо ханда афзуд, ки мо бо Хайбар ҷура шудем, ба ў аз Ҷалил-қассоб як килло гӯшт «пора» овардам…
Кўр шав, эй мурғи саҳар
Он шаб ману Шаҳрому то дамидани субҳ сўҳбат доштем, посбони маҳфили моҳтобии мо Хайбари «порахўр» буд. Шаҳром бар замми зебо буданаш зиёд хушгуфтор ва боодоб низ будааст. Ман ба ў гуфтам, ки ишқашро қабул карданам маънои барпо намудани мулоқотҳои шабонаро надорад. Шаҳром дар ҷавоб гуфт, ки ақаллан ба ман занг зан… Ў телефони мобилӣ надоштани маро фаҳмида, рақамашро навишта доду гуфт, ки як моҳ пас меоям ва бароят телефону симкорт меорам. Шаҳром рафт ва ману Хайбар ба ҳавлӣ баргаштем…
Сўҳбати ширину одоби муоширати ин ҷавони зебо маро ба ў ошиқ кард. Ман рақами телефони ўро аз ёд карда, коғази навиштаашро даронда партофтам. Акнун дар навори хотираҳоям ўро шаҳмард ва худро арўсаки нозанин медидам. Хулоса, ишқ дили нозуку орзупарвари маро миёни панҷаҳои сахту шахшулаш гирифт. Бародаронам ҳама чизро бароям муҳайё месохтанду ба дастам пул низ медоданд, акнун як мақсад доштам - харидани телефони мобилӣ. Агар инро рўйирост ба бародаронам мегуфтам, зери шубҳаю гумон мемондам, аз ин рў, харидани ҳар гуна маводҳои дўзандагиро баҳона карда, ҳамроҳи янгаам ба бозор рафтам. Моро падарам бо мошинаш бурда, назди бозори ноҳия фароварду гуфт, ки харидатонро карда, назди мошин биёед, як соат вақт…
Янгаам одати як чизро зиёд савдо кардан дошт, ман чашми ўро хато карда, ба мағозаи телефонфурўшӣ даромада, телефон ва аз дӯкони ҳамшафат симкорт харидам. Он қадар хурсанд будам, ки дилам дар қафаси синаам намеғунҷид. Охир, ман дигар овози ширини Шаҳромамро метавонистам шунавам. Занги аввалам Шаҳромро чунон хурсанд кард, ки садҳо маротиба садқаю балогардонам мешуд. Дигар ҳар шаб бо Шаҳром то дер сўҳбат мекардам, танҳо ў медонист, ки ман телефон дорам…
Як гулу сад харидор
Ман синфи ёздаҳро хатм кардаму Шаҳром курси дуввумро, аз рўйи сўҳбатҳояш медонистам, ки пас аз дарс дар ширкати хусусие ба ҳайси муҳосиб кор мекунаду пули таҳсил ва хонаи иҷораашро низ худаш медиҳад. Ману Шаҳром нақшаҳои зиёде доштем, ў мегуфт, ки пас аз тўй туро албатта ба донишгоҳ дохил мекунаму ту тарроҳи шинохта хоҳӣ шуд. Хостгорони зиёде доштам, вале шавҳар кардан намехостам. Чунки медонистам, моҳи август аз тарафи Шаҳром хостгорон меоянду ман ба модарам мегўям то ба онҳо розигӣ диҳанд, аммо…
(Давом дорад)
Бо эҳтиром, САДАФ
Таснифи Нисо ХОЛИД