Ҳамин тавр, ману хоҳарам дастовез гирифта, ба қишлоқ барои муайян кардани рўзи тўй рафтем. Арўсшаванда Зубайда калонсолтар бошад ҳам, лоғари сафедандоми зебо будаасту бинанда гумон мекард, ки хеле ҷавон аст.
Падараш вафот карда будаасту Зубайда ҳамроҳи модари пиру як бародараш дар ҳавлии падарӣ истиқомат мекардааст. Дар дастурхони оростаи тарафи қудо ғайри шири мурғ дигар ҳама чиз ёфт мешуд. Хоса модари Зубайда кампири нуронӣ, ки хонаи Худоро зиёрат карда будааст, садқаю балогардони мо мешуд.
Рўзи тўйро муайян кардем, хостем ба дасти модари арўсшаванда каме маблағ диҳем, то духтар чизи хостаашро харад, вале модараш нагузошта, гуфт:
- Духтарҷонои ман, Адҳамҷон ду тифли ятим дорад, ба муаллим зиндагӣ дар даврони мо осон нест. Ман барои Зубайда он қадар ҷиҳозе омода кардаам, ки ногуфтанӣ, ҳеҷ чиз даркор нест!
Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугў, мо дар ҳалқаи фарзандони падар тўйяке барпо карда, Зубайдаро бо ҷиҳози шоҳонааш ба хонаи Адҳамҷон оварда, нафаси осуда кашидем, вале…
Пас аз як ҳафтаи тўй Адҳам наздам омад, чашмонаш суп-сурх ва авзояш беҷо буд. Ў маҳзунона гуфт:
- Апа, ин Зубайдаатон ҳушёр набудааст, ман рўзона дар корам, аммо ҳар шаб се-чор бор оббозӣ мекунад. Шабҳо хоб надорам, духтарам мегўяд, ки рўзҳо низ, аҳвол ҳамин аст. Оббозӣ кардани худаш дарди бахайр, боз бачаҳоро низ маҷбур мекардааст, ки дар як рўз чанд бор оббозӣ кунанд. Маро умуман дар паҳлуяш роҳ намедиҳад, рав оббозӣ кун гуфта, ҷонамро ба лаб меорад, худат медонӣ, ки ман ҳар шаб пеш аз хоб “душ” мегирам, аммо ин ҳама барои ин озодаҷиннӣ кам будааст. Ғайр аз оббозӣ ва шабу рўз руфтану шустан ба кори дигар даст намезанад, хўрокро чун пештара духтарам мепазад…
Ман ба Адҳам ваъда додам, ки бо Зубайда маслиҳат мекунам…
Бегоҳӣ ба хонаи додарам рафтам, Зубайда дар ҳаммом буд. Гулнораи духтари додарам маро ба хона даровард, чой карда, пешам гузошт. Дидам, ки Гулнора низ ғамгину малул аст, додараш аз вай бештар. Пас аз як соат Зубайда аз ҳаммом баромад, ба ў дар бораи шикояти Адҳам сухан сар карда будам, ки чашмонаш беҷо шуданду лабонаш пир-пир парида, аз даҳонаш кафк сар кард ва якпаҳлу афтод. Ҳамроҳи Гулнора базӯр ўро ба худ овардем ва аз ҳамон рўз сар шуд оворагиҳои мо…
Арўс бемории рўҳӣ доштаасту ҳангоми хуруҷаш соатҳо аз ҳаммом намебаромад…
Хонаи додарам дар ошёнаи чорум воқеъ буд. Як шаб Зубайда аз балкон худашро кашол кардааст, агар Адҳам хабардор шуда намебаромадааст, ў афтода маъюб мешудааст. Пас аз ин воқеа, мо Зубайдаро ба хонаи модараш бурдем ва асли воқеаро ба онҳо гуфтем. Ҳоҷибибии то дирўз меҳрубон чун хурўси ҷангӣ ба сари мо хеста, гуфт:
- Духтарамро касал карда овардед, шумо чӣ хел одам?!
Моҷарои модарашро дида, Зубайда пичиррос зад:
- Оча, ман аз синни ҳафтсолагиям касал будам, муаллим одами нағз, вайро хафа накунед. Айби ў нест, баъди шавҳар кардан, аҳволам бадтар шуд, табибатон дурўғ мегуфтааст…
Баъдтар, аз забони худи Зубайда шунидем, ки фолбине ба модараш гуфтааст, ки агар Зубайдаро ба шавҳар диҳанд, нағз шуда меравад. Модари Зубайда аз ин суханони духтараш хомўш шуду ба хона даромад, мо ба хона баргаштем…
Додарам мегўяд, ки дигар зан намегирад, духтараш имсол дар синфи ҳаштум мехонаду тамоми кору бори хона дар гардани ўст… Шояд вақт дардҳои додарамро даво мебахшаду ў соҳиби бахт мегардад, вале хизмати хирсонаи раис, ки хоҳари беморашро ба гардани додари бебахти ман бо дурўғи зиёд бор карда, дилашро аз зиндагӣ сардтар намуд, маро ба ғазаб оварду ин қиссаро рўйи коғаз овардам. Дигар намедонӣ дар ин дунёи пур аз макру риё ба кӣ бовар кунӣ…
ИЗЗАТМОҲ
Таснифи Рухсора САИД