arzon replenishment
Арўси гуреза (ҚИСМИ 2)
2623

Вохўрӣ бо падар

Гулсимо хомўш буд, рухсораҳои падарашро, ки як марди қавии хушқаворае буд, ашк мешуст. Гулсимо баъдтар ҳама ҳодисаи ба сараш омадаро нақл карду аз ў мадад хост. Зариф Мададзода духтарашро ба мошинаш шинонда, ба хонаи якҳуҷрагии канори шаҳр бурд ва баъди чанде барояш хӯроквории зиёде харида овард, онҳо дигар аз ҳам ҷудо набуданд. Бо хоҳиши Гулсимо падараш ба тағояш занг зада гуфт, ки “духтарам бо ман асту ўро дигар наҷўед…”.

Гулсимо ба донишгоҳ дохил шуд, ин хушхабарро мехост худаш ба тағою янгааш расонад, вале онҳо бо ў гап назаданд, хоҳару додаронаш низ ўро хиёнаткор медонистанд. Падараш дар маркази шаҳр барояш хонаи дуҳуҷрагӣ харид. Гулсимо намехост дар гардани падар сарборӣ шавад, зеро ў чор фарзанди дигар дошт, аз ин рў, ба шуъбаи ғоибона гузашта, дар мактаб ба кор шуруъ кард. Духтар аз падараш, ки ўро қабул карда, барояш ин гуна шароитро фароҳам оварда буд, хеле миннатдор буд. Бисёр мехост бо оилаи падараш шинос шавад, вале падараш инро намехост, қатъиян! Гулнисо Худоро шукр мегуфт, ки бар ивази азиятҳояш барояш зиндагии шоистаеро ато намуд, аммо ғам домани ўро раҳо карданӣ набуд.

Марги падар

Падараш ба тарзи фоҷиавӣ вафот кард, Гулсимо танҳо баъди додани севу ҳафти падар аз ин фоҷиа огоҳ гашту ба хонаи падараш рафт. Вақте ба моиндараш, ки ба сараш тӯри сиёҳ баста, мисли русҳо азодорӣ мекард, “ман духтари шавҳари шумоям” гуфт, зан мисли паланг ба сари ў ғурид, агар мардони дар саҳни ҳавлӣ барои фотеҳахонӣ омада ўро аз чанги зан раҳо намекарданд, шояд ў Гулсиморо мекушт. Гулсимо аз тарс дир-дир меларзид, ҳамин вақт духтараки ҷавони ҷинспўше, ки рўймолчаи сиёҳеро сегўша ба сараш баста буд, ба назди Гулсимо омада гуфт:

- Ту фоҳиша кистӣ, ки модари маро ба ин ҳол овардӣ?! Агар ба вай ҳодисае рўй диҳад, ман туро ба зиндон мешинонам!

Гулсимо дав-давон аз хонаи падараш берун шуду ба таксие нишаста, ба хонааш омад, олами духтараки як умр ба меҳри падар зор мотам дошт. Ҳамин тавр, Гулсимо даҳ сол мотам гирифт, дасту дилаш ба чизе намерафт, аммо Худованд дилҳои ғамзадаро дўст медорад…

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД