arzon replenishment
Арўси ҳасратӣ
14.06.2022
ДИЛОШӮБ
2747

 Дилорои дилором

Дилоро духтараки хушқаду зебо ва хушахлоқе буд, дар оилаи серфарзанди камбизоаташон ў фарзанди кенҷагӣ ба шумор мерафт. Волидонаш кўчарӯб буданду ҳама фарзандон ба эшон дастёрӣ мекарданд, чор апаашро хешу таборон келин карданд, зеро намехостанд ин духтаракони меҳнатӣ бегона шаванд. Ду бародараш дар Русия мардикорӣ мекарданду волидон аз ҳисоби пули фарзандони мардикорашон дар як канори шаҳр порчаи заминеро харидорӣ карда, ният доштанд хонаяке сохта, як писарашонро хонадор карда, он ҷо гусел кунанду баъд дигариро зан дода, нафаси осуда кашанд.

Дилоро баъд аз синфи нўҳ дигар ба мактаб нарафт, зеро волидонаш дасттанҳоӣ мекашиданд. Ин духтараки чобуку қобил субҳи барвақт аз хоб хеста, ҳамроҳи модар ба кор мерафт ва офтоб тулўъ накарда, боз ба хонаашон бармегашт ва аз пайи зиндагии хонаводагӣ мешуд. Ҳаққу ҳамсоя низ Дилороро дўст медоштанд, зеро ҳеҷ гоҳ хоҳиши эшонро дар бораи кўмак рад намекард. Хостгорон низ бисёр буданд, аммо волидон ба шавҳар додани Дилороро ба гўшаи хотир намеоварданд, вале…

Муҳаббат омаду
Модари Дилоро холаи Раҳима ба тарбияи духтаронаш назари ҷиддӣ дошту ҳамеша ҳар рафтори онҳоро назорат мекард, аз ин рў, духтарон ба ҷавонони шилқини худро ошиқи шайдо меангошта гўш ҳам намекарданд. Дилоро низ чун апаҳояш духтараки хушахлоқу боодобе буд, вале беҳуда намегўянд, ки ишқ меҳмони нохондааасту аз мо намепурсад: «Ба хонаи дилат дароям ё не?!” Қазияи ишқи Дилоро низ ҳамин тавр оғоз шуд, аниқтараш апаҳояш маслиҳат намуда, дар рўзи зодрўзаш пул ҷамъ карда, барои хоҳараки дилсўзу мушкилкушояшон, ки дар ҳама корашон ҳозир буд, телефони мобилии қимматбаҳое хариданд.

Дилоро тӯли як моҳи омўзиш бо телефон муносибат карданро ёд гирифт, рақами ўро ғайри наздиконаш касе намедонист, вале як шаб ҷавоне ба ў занг зад. Духтар шумо хато кардед гўён, зуд гўшияшро хомўш кард, вале зангҳо пайваста такрор шудан гирифтанд. Дилоро оҳиста-оҳиста ба суханони ширини Мунис одат карду агар ҷавон занг назанад, чизеро гум кардагӣ барин парешонҳолу карахт мегашт, ў ошиқи овози марғуладору суханҳои ангубинии ҷавони ношинос гашта, ҳар зангашро бесаброна мунтазир мешуд.

Ҳолатҳое мешуданд, ки Мунис ду се-рўз занг намезад, ин гуна рўзҳо барои Дилоро азоби гўрро мемонданду ў фиттаи сурудҳои ғамангези ин ё он ҳофизаро монда, то холӣ шудани дилаш мегирист. Ин амали духтар аз назари модари зираку рўзгордида пинҳон намонду ўро сахт сарзаниш кард ва Дилоро дарди дилашро ба модараш гуфт.
-Духтарам, наход барои як ҷавони ношинос ин қадар ашк резӣ, аз ёд набарор, ки ман туро ҳеҷ гоҳ ба шахси ноозмудаю ношинос ба шавҳар намедиҳам, худатро кушӣ ҳам! -Дилоро бо умеди рўзҳои хуб зиндагӣ мекард…
Вохўрӣ
Мунис худро Маҷнуну шефтаи духтар тарошида, он қадар суханпардозӣ мекард, ки дили нарму меҳрубони Дилорои сода об мешуд. Баъзан Дилоро аз ошиқи телефонияш мепурсид, ки ту маро надида, чӣ гуна ошиқам шудаӣ?
-Ман медонам, ту зебоӣ, инро аз овози ширину ҳарфҳои шакаролудаят мефаҳмам, соҳиби ин гуна овоз ҳаргиз зиштрў нахоҳад буд,- мегуфт дар ҷавоб Мунис. Ҷавонмард аз духтар хоҳиш мекард суроғаашро ба вай гўяд, то волидонашро ба хостгорӣ фиристад. Бо гузашти чанд вақт зориҳои ҷавон ба дили духтар кора карданду ў аз Мунис хоҳиш кард, ки як бор ба Душанбе ояд, то ҳамдигарро аз наздик бинанду баъд хостгоронашро фиристад. Ҷавон омад, вохўрии онҳо ҳамагӣ ним соат, байни издиҳоми одамон дар назди бозори «Саховат» баргузор гашт. Мунис ҷавонмарди болобаланди зебое буда, ба Дилоро маъқул шуд, байни онҳо даҳ сол фарқ ҳам будааст, аммо Дилорои ошиқу шайдо ҳамаи инро нодида гирифта, ба Мунис гуфт, ки хостгоронашро фиристад. Духтар саргарми ишқи ҷавонӣ, ҳатто аз Мунис напурсид, ки ҳамсолони ту аллакай соҳиби кўдак ҳастанду чаро ту то ҳол зан нагирифтаӣ?
Базми висол
Пас аз ду рўз хостгорони Мунис дари хонаи волидони Дилороро куфтанд, онҳо ду нафар зан буданд. Якеаш худро апаи Мунис муарифӣ карда, гапро кўтоҳ кард:

Меҳроншоҳ Усмонзода, [14.06.22 16:15]
-Падару модари ман кайҳо ин оламро тарк гуфтаанду дар хонаи дуҳуҷрагии аз онҳо меросмонда ҳамин додарам зиндагӣ мекунад. Як сағираи бесоҳиб аст, бо духтари шумо якдигарро дўст медоранд, розӣ шавед то онҳо ба ҳам хонадор шаванд…
Волидони Дилоро аз ин гуна гапро сар кардани хостгор ба ҳайрат афтода, ба онҳо ҷавоби рад доданӣ шуданд, вале Дилоро худашро пеши пои падараш партофта гиря кард, ки агар маро ба Мунис надиҳед, дигар шавҳар намекунам. Бечора амаки Одил аз шармандагӣ тарсида, зуд розигияшро дод ва холаи Раҳима ночор монд. Хостгорон ҷиҳози ночизе оварда, тўйи хоксоронае карда, арўсро бурданд. Янгаҳои аз қафои арўс рафта медиданд, ки ҳамсояҳои домод зери лаб пичир-пичир карда, бо ҳасрат ба арўсаки зебо менигаранд, аммо ба ин аҳмияте надоданд…
Домоди нашъаманд
Дилоро хонаҳояшро ба завқи худаш оро дода, худро хушбахттарин арўси дунё медонист, вале бо гузаштани як моҳ фаҳмид, ки дар издивоҷ хато кардааст, зеро Мунис нашъаманд будааст… Ҷавонмард шабҳо дер, масту сархуш ба хона омада, моҷаро мебардошт, баъдҳо ба сари ҳамсари ҷавонаш мушт мебардоштагӣ шуд. Ҳамсояҳо ба арўсаки ҳамеша сиёҳу кабуд нигариста, дилашон месӯхт, вале Дилоро ба касе лаб ба шикоят намекушод. Бо гузаштани як сол дар хонааш дигар ягон чизи мефурўхтагӣ намонд, Мунис ҳатто зару зевар ва куртаю поҷамаҳои занашро фурўхта, сарфи нашъа мекард. Агар Дилоро овоз баланд кунад, дасту пояшро баста, то аз ҳуш рафтанаш ўро мезад. Ҷавонзан тифлаки нахустинашро бар асари лату кӯби шавҳар аз даст дод. Модараш ба беморхона афтидани духтарашро шунида, ба аёдаташ омад ва аз дидани сару тани бо оташи сигарета сухтаи ў ба даҳшат афтода, худи ҳамон рўз Дилороро гирифта ба пойтахт овард. Ҷавонзан каме ба худ омада, захмҳои сару рўш низ шифо ёфтанд, падару бародараш ба суроғи Мунис рафтанд, то талоқи Дилороро гиранд, вале ӯро наёфтанд…
Қотил
Мунис баъди гузаштани се моҳ боз ба ҳамсараш телефон карда, дурўғ гуфт, ки нашъамандиро партофтаасту ба кор даромадааст.
-Дилҷон агар ин дафъа гашта биёӣ, хоки поятро сурмаи чашмонам мекунам, илтимос, маро бубахш… Ин дафъа ҳам зориҳои Мунис дили содаи Дилороро об карданду ў ба ваъдаҳои шавҳараш бовар карда, ба хонааш баргашт ва онро холӣ ёфт, зеро шавҳар тамоми буду шуди хонаро сарфи нашъа карда буд. Мунис танҳо ду рўз ба ваъдааш устувор монд, рўзи сеюм бо чашмони хунбору хашмгирифта вориди хонаи холию вайронааш шуда, ба Дилоро, ки сари суфра ба хамир кардан машғул буд, дарафтод. Ў ба сари занаш зарбаи сахте зад, Дилоро чун латакўҳна болои фарш афтид ва ба гўшаш овози модараш расид, ки вақти дидори охирин гуфта буд: “Ӯ ин дафъа туро мекушад!” Субҳ Мунис бедор шуда, Дилорои ғарқи хунро дид, ки дар бараш шах шудааст ва зуд ба апааш занг зада гуфт:
-Ман занамро куштам!- Хешу таборони Дилоро ҷисми сарди ўро ба хонаи падарӣ оварданд, духтурон муайян карданд, ки сари ҷавонзан кафидаю мағзи сараш пош хўрда, дасту пойҳояш шикаста ва баданаш пур аз захмҳое буданд, ки Муниси палид бо оташи сигор сўзонида буд. Имрўз Мунис дар боздоштгоҳ интизори муҷозот аст, рўзи ҷанозаи Дилоро яке аз ҳамсоягони ў гуфтааст, ки Мунис пеш аз Дилоро ду зани дигар гирифта будааст. Яке аз онҳо худашро оташ заду дигарӣ худашро овехт, аммо мардум мегўянд, ки онҳоро Мунис ба куштаву барои аз ҷазо гурехтан худкушияшонро «ташкил» карда будааст… Холаи Раҳима рўю мўй канда, ба он ҳамсоя мегуфт, ки чаро ин гапро пештар ба ў нагуфт, аммо дигар чӣ суд аз ин асроркушоиҳо? Чун Дилорои нозанин ҳама орзую омоли ҷавонии хешро ба коми хоки сияҳ бурд…
Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД