Arzon march 2024
Арўсам шавҳар мекунад, маро зан диҳед, оча!
3329

 Мо дар оила чор бародарему акаҳоям ҳамаашон оиладоранд. Падарамон ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ ба Русия рафту дигар барнагашт. Модарам бо маоши омӯзгорӣ моро ба камол расонд. Бародаронам дар бозори Корвон савдо карда, аробаи зиндагиашонро мекашанду ман ҳоло донишҷӯям.

Духтаракеро дӯст медорам. Маҳбубаам ҳар замон талаб мекунад, ки ба хонаашон хостгор фиристам, вале ман ҷуръати ба модарам ошкоро «маро зан диҳед» гуфтанро надорам. Модарам «имрўз ё пагоҳ ту ҳам домод мешавӣ» мегӯяду боре аз таҳти дил нияти келинкобӣ накардааст. Бародаронам аз мо ҷудо зиндагӣ мекунанд ва заррае парво надоранд, ки бародарашон зангир аст.

Ҷавоне ба Сулҳияи дӯстдоштаам чор маротиба хостгор фиристодааст. Волидони сангдилаш Сулҳияро ба ҳамон бача доданианд. Илоҷи дигар наёфта, ба «Оила» мактуб навиштам, то аз ин минбари баланд ба модарам бигўям:

- Очаҷон, духтари дӯстдоштаамро аз даст дода истодаам. Агар Сулҳияамро ба шавҳар диҳанд, бадбахт мешавам, оча! Магар бадбахтии маро мехоҳед?! Писаратонро дўст медошта бошед, тезтар маро бо дўстдоштаам хонадор кунед! Медонам, ки хонандаи доимии сомонаи “Оила” – еду ҳатман ин мактуби маро мехонед. Фақат изоям надиҳеду тезтар аз қафои тӯй шавед.

Алишер,

ш. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД