Онҳо модару падари наварӯсро даьват карда, вазъиятро фаҳмонданд ва ӯро дар беморхона бистарӣ карданд.
Камол дасти ӯро фишурд ва гуфт:
- Ман бо туям ҳар қадам.
Парвона машқҳо мекард, фикрҳояшро менавишт, худ ба худ мегуфт: “Ман туро мешиносам, ту беморӣ ҳастӣ”. Шабҳо вақте аз тарс бедор мешуд, мегуфт:
- Камол, ман боз овозҳоро мешунавам.
Камол ҳар рӯз хабаргирӣ меомаду мегуфт:
- Ба ман гӯш кун, ту зебоӣ, ту беҳтаринӣ, ман туро дӯст медорам.
Зайнура дар намозҳояш дуо мекард, ки Худованд келинашро аз ин дард шифо бубахшад.
Парвона оҳиста-оҳиста ба худ меомад.
Камолро модараш рӯҳбаланд мекард ва мегуфт:
- Ҳар як дард шифо дораду сабр мехоҳад. Бачам, сабр кун, ҳамааш хуб мешавад.
Баъди 8 моҳ Парвона тавонист аз беморхона сиҳат шуда биёяд. Акнун ба боғи ҳавлӣ сайр мебаромаду мегуфт:
- Ман садои парандаҳоро мешунавам, на овозҳои дигарро.
Камол гуфт:
- Дар мулоқоти охир духтур гуфт, ки ту акнун ғолиб шудӣ ба дард бо иродаи қавиат.
Парвона бо ашк гуфт:
- Ман бе муҳаббати ту ва меҳрубонии хушдоманам ҳеҷ коре карда наметавонистам.
Камол бо ашки шодӣ гуфт:
- Ман боз ҳамон Парвонаро ёфтам, хона бо бӯи нони гарм ва дили пур аз умеду муҳаббат равшан шуд.
Парвона кӯшиш мекард, ки овозҳои васвосро аз мағзи сараш берун кунад. Бо ашк ба Камол гуфт:
- Ман зиндаам, ман боз одамонро мебинам.
Камол бо ифтихор гуфт:
- Ин бузургтарин ғалабаи мост.
Парвона як шаб хоб дид, ки дар ошхона хамир мекунад, атроф пур аз кӯдакон, бо ханда медаванд. Бедор шуд ва бо ашки шодӣ гуфт:
- Ман ҳис кардам, ки Худо фарзанд ато мекунад.
Камол бо шодӣ гуфт:
- Ин руъёи умед аст.
Парвона дигар на танҳо барои худ, балки барои оянда зиндагӣ мекард.
Хушдоманаш Зайнура гуфт:
- Духтарам, ту намунаи сабру муҳаббатӣ.
Парвона ба дил мегуфт: “Худоё, ташаккур ки маро аз торикӣ ба рӯшноӣ овардӣ”.
Ва мисли парвонае, ки болҳояшро аз оташ гирифтааст, вале боз ба рӯшноӣ меравад, ӯ ҳам аз васвос гузашта, ба зиндагии нав парвоз кард.
Шаҳлои НАҶМИДДИН