Вақте ки хабари бемор будани Гулдаста ба гӯши Хуршед расид, сари калобаашро гум карда, чӣ кор карданашро намедонист. Ба кӯча баромада, пайи ҳам сигор кашид, ҳушу хаёлаш парешон салом додани модарашро надида монд.
-Салом писарам, хубӣ? Тинҷӣ аст? Ягон ҷоят дард мекунад? Рангу рӯят сап-сафед кандааст.
-Тинҷӣ очаҷон, ҳамту сарам дард мекунад.
-Росташро гӯй бачам, тинҷӣ аст, охир?
-Оча… Гулдаста бемори саратон будааст.
-Ваҳ, тавба кардаме, Худоё, ин чӣ дард аст, ки солҳои охир фақат ҷавонҳоро ба доми худ мубтало кардааст.
-Оре... Ман бо духтур суҳбат кардам, гуфтам ки ду ҳафта пас мо тӯйи арӯсиву домодӣ дорем. Гуфт, ки аз умри Гулдаста рӯзҳои башумор мондааст. Дилам кафид, модар...
-Мефаҳмам писарам, аммо аз тақдир ҷойи гурез нест. Чӣ илоҷ, ба тақдир тан додан даркор аст.
-Очаҷон, як ӯро хабаргирӣ рафта, тасалло диҳед. Шояд ягон муъҷизаи худовандӣ рух диҳаду Гулдаста аз дами марг наҷот ёбад. Охир, дардро Худо медиҳаду Худо мегирад.
-Рост мегӯӣ, писарам, канӣ биё, ба хона дароем. Худо худаш подшоҳ.
Хуршед бо Гулдаста дар тӯйи ҳамсинфаш, ки ҳарду аз тарафи домоду арӯс шоҳид буданд, шинос шуда, бо ҳам риштаи муҳаббат баста буданд. Гулдаста хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ буду Хуршед хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ. Гарчанде ба Хуршед аллакай падару модар духтари холаашро хуш карда монда бошанд ҳам, ӯ баъди дидани Гулдаста ошиқи зор гашта, ба падару модар гуфт, ки ба хонаи онҳо ба хостгорӣ раванд. Ҳарду ҷониб ҳам интихоби фарзандашонро писандида, бо ҷону дил розӣ шуданд, ки онҳоро бо ҳавасу орзуи зиёд хонадор созанд. Рӯзи тӯй ҳам муайян буд. Аммо як моҳ пеш аз тӯй шабе бадани Гулдастаро арақи сард пахш карда, аз сӯрохиҳои биниаш хун фаввора зад. Падару модар ҷонҳавлона ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ занг заданд. Ўро фаврӣ ба беморхона бурданд. Дар беморхона баъди ташхиси тиббии умумӣ рӯшан гардид, ки Гулдаста ба саратони меъда гирифтор будааст. Ба суханони духтурон бовар накарда, духтарашонро ба назди як профессори машҳури тиб бурда, аз нав ташхис карданд. Дар ҳақиқат айён гардид, ки ӯ ба касалии саратони меъда мубтало аст. Инак, баъди ду ҳафта тӯй аст, аммо дар дили Гулдаставу Хуршед мотам фарогир. Қалбҳо пинҳонӣ аз ҳам мегирянд. Пеши аҷал ҳарду оҷизанд. Имрӯз ҳам ҳангоми хабаргириаш Гулдаста бо чашмони пурашк ба Хуршед нигариста гуфт:
-Хуршедҷон, ман орзу доштам, ки бо пероҳани сапеди арӯсӣ дар бари ту бошам. Ҳаваси чодару чаманро бубинам. Аммо афсӯс, тақдир набудааст. Шояд дар он дунё якҷоя шавем. Дидор дар қиёмат мемонад чӣ...
-Ин тавр нагӯ, диламро об кардӣ. Медонӣ, Худованд меҳрубон аст, кӣ медонад, шояд духтурон хато карда бошанд.
-Шояд…