1xbet
Арӯси сӯхтагӣ (ҚИСМИ 2)
1214

Хайрулло низ ба хондан рафта ҳамон ҷо як ҳамсабақашро хуш карду аз шаҳр арӯс фаровард, рӯзи тӯйи ҳамсояписар аз ҳама серташвиш Файзинисо буд. Зеро холаи Сафаргул як духтар дошту сару бар кардани маърака ба онҳо душворӣ мекард.

Холаи Зайнаб аз тӯйи баргашта таги пориса нишасту бо овози баланд ба гиря даромад. Файзинисо сабаби гиряи модарашро фаҳмида наздаш сари ду зону нишаста ӯро ба оғӯш кашида гуфт:

- Оча, айб аст ба Худо, дар рӯзи муроди як кас бояд ғами худро даруни сина пинҳон намоӣ. Акаи Хайрулло як ҷавони чор кас медидагӣ, акнун маро дар бари вай тасаввур намо… Худоро шукр куд, ки намурдаму зиндаам.

Модар ба ақлу заковати духтараш, ки барои янгаҳои аз қафои арӯс аз шаҳр омада кашк тайёр мекард, офарин гуфта аз ҷой бархост. Рӯзҳо мегузаштанд, аммо инсони мувофиқе дари хонаи амаки Самихонро ба нияти хостгорӣ намекуфт. Хоҳишмандон буданд, аммо пиру ноқисақлу ҳамигунаҳо. Файзинисои бофаросат ба хостгоронаш як ҷавоб дошт, ман арзандаи писари шумо нестам. Дили ӯро қисмати бераҳм ранҷонда буду ӯ намехост, дили касеро ранҷонад. Пас аз ӯ модараш як писари дигар ба дунё оварда буд, ӯ ду додару як хоҳарашро мисли гавҳараки чашмаш нигоҳ мекард. Онҳо низ ҳурмату эҳтироми апаашонро дар ҷойи аввал мегузоштанд. Файзинисо қарор дода буд, ки ҳеҷ гоҳ шавҳар намекунаду охири умраш бо додари кенҷааш як ҷо мемонад, аммо…

Бахти дуздида

Ҳама дугонаҳои ҷамолакияш шавҳар карда ба хонаҳои бахташон рафтанд, Файзинисо акнун бо келинҳои ҳамсояҳо, ки ҳамсину соли худаш буданд дӯстӣ мекард. Ахлоқи хушу ҳамида, хушсуханӣ, инсондӯстӣ ва ҳунармандияш ба рӯйи нуқсонҳои ҷисмияш хатти батлон кашида буданд. Ҳама ин бонуи ҳунармандро дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Синни Файзинисо ба сӣ дакка мехӯрд, як шом Насими магазинчӣ ба хонаашон меҳомон шуду бо падараш дуру дароз сӯҳбат кард. Чун ба хонаашон меҳмони бисёр меомад, касе хосгори Файзинисо будани Насимро нафаҳмид. Пас аз рафтани Насим падараш ҳамаи аҳли оиларо пешаш ҷеғ зада гуфт:

- Насим мехоҳад, Файзинисоро зани дуюм кунад. Мегӯяд, ки агар бароям як писар ё як духтар таваллуд намояд аз сараш тилло мерезам…

Дами ҳама ба барун зад, зеро Гулоро зани Насим ба далерию гапдонӣ дар деҳа машҳур буд, мардум дар ҳаққи ӯ мегуфтанд, ки савораро аз рӯйи асп ба замин мезанад! Холаи Зайнаб пичиррос зад, мардак, Гулоро хонаамонро оташ мезанад бо ӯ шухӣ накун. Аммо падар мехост, духтараш ақаллан соҳиби як фарзанд шавад то фардо дастнигари зани додар ва ҷиянҳо нашавад. Баъд ҷавонмардию одамияти Насимро медонист аз ин рӯ ба нею нестони зану духтараш нигоҳ накарда ба ин издивоҷи пинҳонӣ розӣ шуд. Аз тарси Гулоро онҳо шабона бо як коса об Файзинисоро никоҳ карда ба Насим доданд.

Насим марди чорпаҳлӯи нозанин, сарватманд соҳиби ҳавлиҳои бошукӯҳи зебо бошад ҳам, худованд ба вай ва ҳамсари соҳибҷамолаш Гулоро танҳо як духтар дода буд. Мард покизагию хушрӯзгории Файзинисоро медонист, ба нуқсонҳои ҷисмияш нигоҳ накарда хост ӯ барояш фарзанд таваллуд кунад, баъд дар он замон ибораи зани дуввум умуман вуҷуд надошт. Насиб баъзе шабҳо пинҳонӣ омада бо арӯсаш мемонд, Файзинисо аз Насим бист сол хурд бошад ҳам, оҳиста-оҳиста меҳри ӯро дар дилаш ҷо кард. Аммо бахти дуздидаашро фикри як рӯз хабар ёфтани Гулоро талху заҳрогин мекард…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД