Дигар чи шуд, Комрони аламзада ёд надорад. Вақте ки чашмонашро кушод дар атрофаш одамони сафедпӯши зиёде ҷумбуҷул мекарданд, вале ҳарчанд кӯшиш мекард, чӣ гуфтаншонро фаҳмида наметавонист.
Комрон ба хулосае омад, ки вай мурдааст ва ин сафедпўшо фариштаҳо ё дигар намояндагони Худованданду омадаанд, то гуноҳу савоби дар умраш кардаи ӯро дар тарозӯи адлолат баркашанд.
Зану фарзандони Комрон аз садама бохабар шуда, ҷониби беморхона шитофтанд. Машҳура дар паси дари ҳуҷраи эҳёгарӣ асабиёна қадам зада, баромадани духтурро интизор буд, то аҳволи шавҳарашро бипурсад. Ниҳоят пас аз се соат духтури солхӯрдаи мӯяш мошубиринҷие, ки дар пешонааш қатраҳои калон-калони арақ медурахшиданд, хастаҳолона аз дар баромад. Машҳура пеши роҳи духтурро гирифта, пурсид:
-Илтимос, росташро гӯед, шавҳари ман зинда мемонад?
Профессор аввал саропои ҷавонзанро синчакорона аз назар гузаронду баъд оҳи сарде кашида гуфт:
-Хоҳарам, ман Худо нестам, ки донам, кӣ зинда мемонаду кӣ мемирад. Ман танҳо як табибам ва ҳарчи аз дастам омад, кардам. Ин тарафаш дар дасти парвардигор, агар риштаи умраш дароз бошад, зинда мемонад. Фақат як чизро бояд ҳамчун табиб ман ба шумо бигӯям, то рӯҳан омода шавед, шавҳаратон зинда монад ҳам, дигар мисли пештара бардаму бақувват намешавад. Сутунмуҳрааш шикастааст, акнун ба по хестанаш ба гумон аст. Эҳтимол як умр маъюб монад.
Машҳураи шаттоҳ ин гапро шунида, талх гиря кард. Вай барои маъюб шудани шавҳараш не, барои он зиқ шуд, ки минбаъд аз ҳисоби Комрон кайфу сафо карда наметавонад ва бар замми ин, сағераҳои шӯйи маслуқаш дарди сараш мешаванд.
Ашки талхи марди маъюб
Пешгӯии профессори пир рост баромад, табибони ҳамадон ҷонашро аз панҷаи марг раҳонида бошанд ҳам, натавонистанд Комронро дубора ба по бархезонанд. Ҷавонмарди дар айни шукуфоии умр ба садама афтида, ҳеҷ ба тақдир тан додан нахоста, чандин маротиба кӯшиш кард, ки аз ҷояш хезад, вале пойҳояш чунон карахт буданд, ки ҳатто ангуштонаш намеҷумбиданд. «Аз як умр хори зану фарзанд шудан дида марг беҳтар аст» гӯён, қасди худкушӣ намуд, вале табибон ӯро аз марг наҷот доданд.
-Чаро намондед, ки ҳамон рӯзи садама ҷон ба ҷонофарин супорам, акнун бо ин аҳвол ман ба кӣ даркорам?! Бе пои равон ман чӣ хел фарзандамро мехӯронам??? Мурдаи дар ҷогаҳ хоб ба кӣ даркор,-Комрон мегуфту мегирист, мегуфту мегирист, вале яқин медонист, ки Худованд одамро ба санг табдил диҳад ҳам, чора надорад.
Занкалон
Барояш аробачаи маъюбӣ харида, Комронро аз беморхона бароварданд. Акнун вай рӯзи дароз дар хона менишасту ҳамсараш Машҳура ба кор баромада бо маоши ночизаш каму беш ризқу рӯзии аҳли оиларо таъмин мекард. Аз рӯзи коргар шуданаш ба қавли кампиракон буҷули занак асп хеста буд ва дигар шавҳарашро қадри як донаи арзан писанд намекард. Ҳокими мутлақи хонадон шуда буд Машҳура ва Комрону фарзандонаш ҷуръат намекарданд, ки пишаки ӯро пишт бигӯянд. Барои гузаронидани ҷарроҳии Комрон Машҳура аз бонк қарз гирифта буд ва ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб намуд, ки хонаро фурӯхта, қарзро баргардонанд. Комрони маъюб ба ҷуз розӣ шудан дигар чора надошт.
Модаршоҳӣ
Дар ин хонадон акнун модаршоҳӣ ҳукмрон буд ва Машҳура бо хости дили худ ба хона нарх монда, чорҳуҷрагиро бо дуҳуҷрагӣ иваз намуд. Харидор бар ивази хонаашон пули калон дода бошад ҳам, ҷавонзани макораи шаттоҳ «қарзи бонкро додам» гӯён, маблағи боқимондаро аз шавҳараш Комрон ва фарзандони ӯ руст карда, пинҳонӣ барои худаш манзили якҳуҷрагӣ харид, то дар сурати ҷон ба ҷонофарин супурдани шӯйи бемораш дар кӯча намонад.
Моҷарои моиндар
Марҷонаи бадбахт бо маслиҳати моиндараш ҳодисаи ба сараш омадаро аз падараш пинҳон дошта, дарун-дарун хун хӯрда мегашт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, барои напардохтани маблағи таҳсил ӯро аз донишгоҳ хориҷ намуданд. Духтараки бечора пеши пойи моиндараш афтида, илтиҷо намуд, ки аз пули хона ба вай каме маблағ диҳад, то ҳаққи донишгоҳро пардозаду аз гирифтани диплом бенасиб намонад, вале Машҳураи ҷаллод ба ғазаб омада, дод зад:
-Бо умеди ман нашав! Мана падарат дар аробача шиштааст, пул дошта бошад, бароварда диҳад! Ман бонки шахсӣ надорам, ки ҳам шумоёнро хӯронаму ҳам пули мактабатонро диҳам. Дасту поят нашикастааст, ки ба гардани ман бор шавӣ, рафта кор куну ризқу рӯзиатро ёб!
Комрони маъюб оби чашми духтарашро дида, ҷигархун гашт, вале аз дасташ коре намеомад, Машҳура ӯро ба як тини пучак ҳам намегирифт.
Рӯзи сиёҳи Марҷона
Таънаҳои моиндараш мисли тир ба ҷонаш расиданду Марҷона ночор донишгоҳро партофта дар як тарабхона ба кор даромад. Духтаре, ки ба маълумоти олӣ гирифтанаш як солаки дигар боқӣ монда буд, акнун аз ночорӣ рӯзи дароз косаю тбақ мешуст. Машҳураи шаттоҳ заррае шарм надошта, чор танга пули бо хуни ҷигар меёфтаи духтаракро бо баҳонаи «додаронатро кӣ мехӯронад?!» кашида мегирифт. Марҷона маҷбур шуд, ки як қисми пулашро дар коргоҳаш пинҳон кунад.
Ишқи ҷияни раис
Дар тарабхона ҷияни раис Ҳасан ба Марҷона чашм ало карда мегашт, вале духтарак мисли сайди сур худашро аз ӯ дур мегирифт. Шомгоҳе нав аз тарабхона баромаданӣ буд, ки касе аз банди дасташ маҳкам дошт. Баргашта дар рӯ ба рӯяш Ҳасанро дид ва аз тарс дар ҷояш шах шуд.
-Куҷо меравӣ, парӣ?-Ба таври худ хушгӯйӣ кард Ҳасан.
-Кори ту чист, ки ман куҷо меравам?! Дастамро сар деҳ,-дод зад духтар.
-Хоҳам сар медиҳам, нахоҳам не! Хоҳам туро оғӯш карда мебӯсам,- ҷавони авбошнамо кӯшиш кард, ки Марҷонаро ба оғӯш бигирад.
Дар ин поси шаб касе набуд, ки ба додаш бирасад, аз ин рӯ Марҷонаи як бор шаттаи чунин авбошонро хӯрда, пеши пойи Ҳасан афтида, зориву тавалло намуд, ки дасташро раҳо кунад.
-Майлаш, дастатро сар медиҳам, лекин ту ба мошини ман мешинӣ. Натарс, ягон кор намекунам. Ман туро санҷидам, духтари боодоб будаӣ. Шаб шудааст, бишин, то хонаатон мебарам,-зоҳиран ором шуд Ҳасан.
Марҷонаи содда ба гапи вай бовар карда ба мошинаш нишасту ҷияни раис дарҳоро маҳкам карда, мошинро ба самти дигар ронд. Марҷона бо тамоми овоз доду вой мекард, вале Ҳасан ба ин заррае аҳамият намедод. Ниҳоят ба ҷойи хилвате расиданд ва Ҳасан мошинро нигоҳ дошта, аз сари чамбарак фаромаду дари қафоро кушода, дар паҳлӯи Марҷона нишаст ва пурсид:
-Маълум, ки духтари бероҳа нестӣ, пас барои чӣ падару модарат туро дар ресторан ба кор монданд? Дилашон чӣ хел шуд, ки ин чӯҷаи париро ба коми гургҳои гурусна партоянд?!
Марҷона гириста-гириста бе модар будан ва ба садама афтида, якумра маъюб шудани падарашро нақл кард. Дили Ҳасан ба вай сӯхту духтари берӯзиро дигар азоб надода ба хонаашон оварда монд.
Зану шавҳар-қудо
Ошиқаш Рустам ҳоли зори Марҷонаро дида, таклиф намуд, ки хонадор шаванд, то аз чанги моиндари золим раҳоӣ ёбад. Духтар дарҳол розигӣ дод ва рӯзи дигар падару модари ҷавон ба хонаи онҳо хостгорӣ омаданд. Дар рӯ ба рӯяш арӯси кали замоне шармандавор аз дар берун кардаашро дида, Комрон намедонист сарашро дар куҷо пинҳон намояд. Шавҳари Комила-Мансур ӯро аз хиҷолат бароварда гуфт:
-Дар зиндагӣ ҳар инсон хато мекунад. Байни шумоён ҳар чи буд, гузашт. Акнун, ки фарзандонамон ҳамдигарро дӯст доштаанд, як дуои сафед деҳ, то ҳардуяшон хушбахт шаванд. Комрон гириста-гириста даст ба дуо бардошт ва сафедӣ даронда Марҷонаро ба писари Комила-Рустам фотиҳа намуданд.
Тӯй ва шармандагӣ
Комилаю шавҳараш пули калон сарф намуда, ба шарафи тӯйи фарзанди нахустписарашон базми осмонкаф оростанд. Падару модарон хурсанд буданд, ки фарзандонашон ҳамдигарро дӯст медоранду оилаи солим бунёд намуданд, вале шаби дигар сирри нодухтарии Марҷона фош шуд. Рустам хост арӯси доманбохтаашро аз дар берун кунад, вале падару модараш сади роҳаш гашта, гуфтанд:
-Аввал фаҳмидан лозим, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.
Комила назди келинаш даромад ва Марҷонаро модарвор ба оғӯш гирифта пурсид:
-Чаро пештар нагуфтӣ, ки ошиқи дигар дорӣ?
Марҷона гириста-гириста ҳодисаи ба сараш омадаро пурра нақл кард. Аз ҷониби авбошон таҷовуз шудани Марҷонаро фаҳмида, Комилаю шавҳараш волидони арӯсро даъват намуданд. Комила рост ба чашмони Комрон нигариста гуфт:
-Ёд дорӣ, ки чӣ тавр дар вақташ ту маро барои кал буданам шармандавор аз дарат берун карда бӯдӣ?! Кал бошам ҳам, ман духтари бокира будам. Духтари ту кайҳо домони исматашро бохтааст. Ҷазои нодухтар шармандавор ба хонаи падараш баргаштан аст, вале ман ин корро намекунам. Бигзор зиндагӣ кунанд. Хунро бо хун не, бо об мешӯянд!
Анҷом!