Ҳақиқат ва ашки пушаймонӣ
-Ин чӣ масхарабозӣ аст?-оҳиста худро ба даст гирифта, ба гӯши арӯс гуфт Шараф.
-Хап кун, вагарна худат шарманда мешавӣ, ман Дилнозаам, магар аз садоям маро нашинохтӣ, ҷонам?-садои ошно Шарафро ба худ овард, аммо қалбаш ноором буду мехост, ки худи ҳамин лаҳза дасти арӯсро сар дода, баромада равад. Вале андеша кард, ки чунин рафтораш нисбати падари пири Дилноза ноҳурматӣ мешавад.
Арӯсро бо шукуҳи зиёд ба хонаи муродаш оварданд. Падару модари Шараф ҳам баробари дидани симои арӯс қариб, ки талхакаф шаванд. Охир, духтари дидагии онҳо тамоман дигар буд. Диля ҳангоми пушидани либоси арӯсӣ аз Дилноза хоҳиш кард, ки ҳамчун хеши наздик боз мабодо ба хонаи домод наравад.
-Чаро апаҷон, ман ба шумо чӣ бадӣ кардаам?-ҳайрон шуд духтар.
-Намеравӣ тамом, ту хоҳари ҳақиқиам нестӣ ку, нарав, агар равӣ, ман он ҷо шармандаат мекунам!
Дилноза, ки хислати Диляро хуб медонист, он шаб ба хонаи домод нарафт. Шараф андеша кард, ки дар танҳоӣ аз арӯс асли воқеаро мепурсаду баъд ҷавоби ӯро медиҳад. Шаби аввали арӯсӣ онҳоро танҳо гузоштанд. Шараф бадқаҳрона аз Диля пурсид:
-Ин ҳама дурӯғу мазҳака барои чӣ буд?
-Барои он ки ман аввалин бор акси туро дар “Одноклассник” дидаму ошиқат шудам.
-Чаро маро фиреб карда, акси дигар касро ба ман фиристодӣ?
-Чунки ту маро ҳеҷ гоҳ хуш намекардӣ ё нодуруст мегӯям?
-Дуруст мегӯӣ, аммо чаро ҳаёти маро талх кардӣ, магар андеша намекунӣ, ки ман бо ту то охир зиндагӣ нахоҳам кард.
-Чаро намекардаӣ? Ангуштарини никоҳӣ рамзи якумра бо ҳам будан аст. Акнун ту бояд ба тақдират тан бидиҳӣ, ман зани никоҳии ту ҳастам!
Шараф хомӯш монду бо арӯси безебаш зиндагии оилавиро оғоз намуд. Аммо дар дил ошиқи шайдои Дилноза буд. Рӯзи дигар Дилноза бо модару падараш ба хабаргирии Диля омаданд. Диля баробари Дилнозаро дидан, табъаш хира шуда, худро ба касалӣ зад. Дар пинҳонӣ дасти Дилнозаро пучида гуфт:
-Ман ба ту бори охирин мегӯям, ки дари ин хонаро фаромӯш кун, ман барои ту вуҷуд надорам.
-Хафа нашав, маро модарам барои дидорбинии ту овард,-гуфт хомӯшона Дилноза.
Хонавайронӣ ва бозгашти ишқ
Диля кӯшиш мекард, ки барои рӯпуш кардани гуноҳаш тамоми кори хонаи шавҳарро ба сомон расонад ва аз хусуру хушдоманаш таънае нашунавад. Шараф баъди шаби арӯсӣ дигар паҳлӯи арӯсаш хоб намерафт. Ҷогаҳашро ҷудо партофта, қариб бо занаш гап намезад. Дилаш шикаставу абгор буд. Ба паёмакҳои телефонаш, ки қабл аз тӯй навишта буд, нигариста қалбаш ба фиғон меомад. Аз он ишқи пурсӯзи дусола асаре намонда буд. Ҳар гоҳ, ки Дилнозаро бубинад, қалбаш аз ҳаяҷон меларзид, мехост, ки рафта, ба ин паричеҳра рози дили хуфтаашро бигӯяд. Вале боз хотири хотирҳо таҳаммул мекард. Вақте ки Диля ҳомиладор шуд, Шараф ба хотири духтарчааш худро маҷбур мекард, ки бо ҳамсараш муносибати хуб дошта бошад, аммо дилаш ин ишқи маҷбуриро ҳеҷ қабул намекард. Боре ба Диля гуфт:
-Ту аз ин маҷбур зистан хаста нашудаӣ?
-Ман туро баробари ҷонам дӯст медорам. Аммо ту маро дӯст намедорӣ, барои ҳамин хаста шудаӣ. Ин тақдир аст.
-Тақдири сиёҳ,-посух дод Шараф.
Шараф хабари тӯй шудани Дилнозаро фаҳмида, хеле ғамгин шуд. Охир, то рӯзи арӯс шудани Дилноза умед дошт, ки баногаҳ муъҷизае рух медиҳаду ӯ розашро ба ин духтари орзуҳояш баён медораду онҳо оиладор мешаванд. Вале Дилнозаро падарандараш ба як хеши худаш ба шавҳар доду духтар бехабар аз ишқи пинҳонии язнааш арӯс шуда рафт.
Шараф бо Диля мисли бегонаҳо зери як бом мезистанд. Диля аз номеҳрубониҳои шавҳар касал шуда, оқибат ба хулосае омад, ки бо ихтиёри худ ҷудо мешавад. Шараф рӯзи ҷудоӣ дар толори суд аз хурсандӣ қариб, ки қарсак занад. Аммо Диля гуфт, ки «ман ба ин хона танҳо омадаам, танҳо меравам, бигир духтаратро, ӯ ба ман даркор нест, ман ба худам шавҳар меёбам, ана мебинӣ!»
Шараф муддати як сол зан нагирифт. Рӯзе ба сомонаи “Одноклассники” даромаду ногаҳон чашмаш ба номи шиносе афтод. Баъди салому алейк онҳо мисли шиноси дерина суҳбат карданд. Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки ин ҷавонзан ҳамон Дилнозаи орзуҳояш аст. Дилноза гуфт, ки аз шавҳар бо сабаби нашъамандиаш ҷудо шудаасту соҳиби як писарча мебошад. Диля бошад, ба як марди пири сарватманд ба шавҳар баромада, зиндагии шоҳона доштааст. Дилноза гап мезаду пайхас намекард, ки ин мард кайҳо боз ӯро бо тамоми ҳастиаш дӯст медорад. Инак, баъди ин қадар ҳодисаву фироқ Шараф ба орзуяш расиду Дилнозаро ба занӣ гирифт. Ҳоло онҳо хушу хурсандона зиндагӣ доранд.