Духтарҳои меҳнатӣ
Сафар-амаку Аслияхола зиндагиашро бо деҳқонӣ пеш мебурданд. Худованд ба ин зану шавҳари меҳнатқарин шаш духтару як писарро насиб гардонида буд. Онҳо бо ҳафт фарзандашон аз субҳ то шом дар саҳро ҷунбуҷӯл мекарданд. Ба қавле устухони бачаҳои Сафар-амак бо нони меҳнатӣ шах шуда, аз ягон кори вазнин ор намекарданд. Духтарҳои ин хонавода ҳам дар корҳои занона моҳир буданд ва ҳам корҳои мардонаро аз ҷавонмардон беҳтар ба анҷом мерасониданд. Рафтори ин гулдухтарони меҳнатӣ ҳаваси одами дидагиро меовард. “Келинкун бошӣ, ҳамин духтарҳои Сафар баринашро ёб, ҳам хушрӯянд, ҳам хушгапу хоксору меҳрубон”,- мегуфтанд кампиракони деҳа ба одамони писарҳои баркамол дошта. Талабгорони духтарони зебою боодобу ҳунарманду меҳнатии ин оила аз мӯйи сарашон ҳам зиёд буданд ва аз шаш хоҳар панҷтояшонро худи ҳамдеҳагон келин карда бурданд. Хостгорони Соҳиба низ зиёд буданд, вале Сафарамаку занаш азм намуда буданд, ки то писарашонро хонадор накунанд, духтари кенҷагиашонро ба хонаи бахташ гусел нахоҳанд кард.
Бахти яккаписар
Писари ягонаи Сафар-амак Акобир дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ғоибона мехонду дар мактаби қишлоқ дарс медод. Духтарони деҳа ҳар субҳ ба кор рафтани Акобирро бо ҳавас тамошо карда, орзуи арӯси ин ҷавони зебо шуданро дар дил мепарвариданд, вале муаллими ҷавон ба ягон нозанин аҳамият намедод. Дили Акобир ба як духтараки зебои шаҳрӣ, ки ҳамсабақаш буд, кашол бошад ҳам, намедонист чӣ гуна қулфи рози қалбашро дар назди падару модараш кушояд. Волидонаш мушкили ҷавони ошиқро осон намуда, як шом худашон дар боби хонадоршавии вай даҳон кушоданд ва Акобир ҷуръат карда муроди дилашро гуфт. Сафар-амак ва Аслияхола мисли дигар падару модарони деҳотӣ “мо духтари шаҳриро келин намекунем” гуфта исён набардоштанд, баръакс шод шуданд, ки писарашон ҷуфти ба худаш муносиб ёфтааст ва рӯзи дигар кулчаю тӯша карда хостгорӣ рафтанд. Тӯй дар байни як моҳ барпо гашт ва ҷавонони деҳа хурсанд шуданд, ки бародари Соҳиба хонадор шуда, акнун навбати соҳибҷамол расид, вале тавре, ки мегӯянд:
Ҳар чи дилат хост, на он мешавад,
Ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад.
Аспбоз
Ҳамсояи Сафар-амак, Саиди човандоз бо аспҳои зотиаш машҳур гашта буд ва аз тамоми гӯшаю канори кишвар ба хонаи мардони аспбоз барои харидани аспҳои хушзот меомаданд. Як рӯз мошини гаронбаҳои Санҷар ном ҷавони сарватманд дар пушти дари Саиди човандоз қарор гирифт. Саиди човандоз нархи аспи хушзот ва таърифиаш Шабдизро бисёр баланд гуфта бошад ҳам, ҷавон тайёр буд барои ин ҷонвар тамоми дороияшро диҳад. Санҷар бо мақсади санҷидани ин аспи зебо ба Шабдиз нишаста ҷонварро маҳмез зад. Шабдизи бодпо чобуксаворашро дар як дам аз деҳа берун бурд. Фасли баҳор дашту даманро чодари сабзи гулдор пӯшонда, манзараи зебоеро эҷод намуда буд, ки чашми кас аз диданаш роҳат мекард.
Арӯси аспсавор
Санҷар масту махмури ин манзараи зебо асп тозонда баногоҳ дид, ки аз дур духтараке харсавор меояд. Шӯхии зотиаш боло гирифта сари роҳашро дошт. Духтар густохии ҷавони ношиносро дида, башаст рӯймолашро, ки бо он барои аз нурҳои офтоб зарар надидани пӯсташ рӯяшро пӯшонида буд, гирифт ва бо ситеза пурсид:
-Ҳа, тинҷӣ?
Ҳусни нотакрори духтар Санҷарро чунон мафтун намуд, ки ҳатто маҷоли лаб кушодан надошт.
Арӯси аспсавор ин ҳолати ҷавонро дида, тамасхур намуд:
-Ҳайф, ҷавони зебои чобуксавор, лекин гунг!
Санҷар аз шӯхии духтар каме ба худ омада посух дод:
-Ҳар ҷавон дар рӯ ба рӯи чунин зебоӣ лолу карахт хоҳад монд.
-Ҳаждаҳ сол боз дар рӯи ин замин мегардам, вале то ин дам ягон кас бо диданам гунгу кар нашуда буд,-бо ханда ҷавоб дод зебосанам ва аспашро қамчин зада роҳашро давом дод. Санҷар аз қафояш дод зад:
-Ақаллан номатро гӯй!
-Аз Шабдиз пурс, медонад,-Ба асп ишора намуд духтар ва харашро ба сӯи кулбаи лоини сари роз тозонд.
Санҷар аз ин ишораи нозук фаҳмид, ки духтарак соҳиби аспро хуб мешиносад ва гардани ёлаш пурҷилои Шабдизро навозишкунон пичиррос зад: ”Эҳ, ҷонвар, ту маро ба куҷо овардӣ?!”
Муҳаббат аз нигоҳи аввал
Санҷар бо нигоҳи саршори меҳр арӯси харсаворро гусел карда, эҳсос намуд, ки дилаш ҳамроҳи ин нозанин аз даст рафт. Ин ҷавони зебои баландболо дар оилаи сарватманди машҳуре ба дунё омада, мактаби миёнаро бо медали тилло ва донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда буд ва дар шаҳр садҳо паричеҳра аз пасаш медавиданд, вале то имрӯз дилаш ба доми ягон бонуи соҳибҷамол наафтида буд. Имрӯз бошад, ин арӯсаки аспсавори деҳотӣ дар як дам бо тири нигоҳи ҷоншикору ошиқкушаш моҳирона ӯро ба каманди ишқ печонд. Вохӯрии тасодуфӣ бо ин духтараки шӯхи қишлоқӣ дар қаъри дили ин ҷавони сарватманд, вале аз бахт бенасиб шуълаи кайҳо хомӯшгаштаи умедро дубора фурӯзон кард.
(Идомаашро фардо соати 22-00 интизор шавед)