Салом! Ман Акбар, 27-солаам. Ҳанӯз оиладор нашудаам. Духтареро дӯст медорам, духтар ҳам тайёр аст бароям ҷонашро фидо созад.
Мақсади хонадоршавӣ доштем. Бо нияти пули тӯйро ҷамъ кардан мардикорӣ рафтаму баъди се сол саломатиам бад шуд. Ба Ватан баргаштам. Дуру дароз табобат гирифтам, аммо саломатиямро аз нав барқарор карда натавонистам. Чанде қабл тасодуфан аз забони яке аз хешовандонам ба саратон гирифтор буданамро фаҳмидам. Дилам аз зиндагӣ сард гашт. Ҳар рӯз арӯсшавандаам занг зада, хоҳиш мекунад хостгор фиристам. Ҷуръат намекардам, ки ӯро аз асли воқеа хабардор кунам. Хоҳиш кардам, ки маро фаромӯш намуда, шавҳар кунад, вале якравӣ карда,мегӯяд, ки ғайри ман касеро намехоҳад.
Дирӯз паёмакҳои фиристодаашро дар телефонам хондаму ҳуш аз сарам парид. Қасам хӯрдааст, ки агар ӯро ба занӣ нагирам, худкушӣ мекунад. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?