(Давомаш)
Тӯйхона ба мотамхона табдил ёфт. Падару модари Муҳсини навдомод аз шармандагӣ сарашонро аз замин бардошта наметавонистанд, гӯё дар ин ҳодисаҳо онҳо гунаҳкор бошанд. Ҳоли модари арӯс аз онҳо бадтар буд. «Кошкӣ замин мекафиду маро ба қаъраш мекашид, то ба чунин рӯзи сахт гирифтор намешудем. Ин духтар моро шарманда кард! Падараш фаҳмад, пӯстамро аз танам ҷудо мекунад» гӯён, модари Замира сару рӯяшро меканду чунон боалам нола мекард, ки гӯё духтараш мурда бошад. Падари домод, ки марди баномус буд, тоби расвоии келинро накарда ба сактаи дил гирифтор шуд. Муҳсини ҷигарсӯхта ба модару апаҳо ва дигар хешовандонаш таъкид кард, ки то аз беморхона баргаштани ӯ касе ба Замираю кӯдакаш кордор нашавад ва падари беҳушу беёдашро, ки лабонаш каб-кабуд шуда буданду танҳо рамақе аз ҷон дошт, бо чашмони ашколуд ба мошини ҷӯрааш бор карда, ба беморхона бурд. Модари ҷигарсӯхтааш дар хона монда, ҳам барои номуси барбодрафтаи писараш менолиду ҳам барои шавҳари дар дами марг будааш зор-зор мегирист. Арӯси бевиҷдону бераҳму бе шарм ба ин ҳама шӯри қиёмат бепарво дар таги чодар бо тифлаки навзодаш ба ноз мехобид ва заррае эҳсоси пушаймонӣ намекард, аз аҳли оилаи домод бахшиш пурсидан бошад, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад.
Байни маргу зиндагӣ
Муҳсин се шабу се рӯз дар беморхона буд ва сарашро ба сад дар зада, беҳтарин табибонро ёфта меовард, то бо ҳар қиммате, ки набошад, ҷони падарашро дубора бихаранд. Хушбахтона, талошҳояш барабас нарафтанд ва ниҳоят пас аз ду рӯзи такудав бо сайъю кӯшиши табибони таҷрибадор падари дар байни маргу зиндагӣ қарордоштааш ниҳоят чашмонашро кушод. Домоди берӯзӣ, ки дар фоҷиаи ба сари падараш омада танҳо худашро гунаҳкор медонист, ба ҳуш омадани падарро дида, аз хурсандӣ гиря кард ва бо чашмони ашколуд Худоро ҳазорон бор шукр гуфт, ки қомати ӯро нашикаста, қиблагоҳашро умри дубора ато намуд.
Домоди ботамкин
Пас аз он, ки ҳоли падараш нисбатан беҳтар шуду ӯро аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ гузарониданд, Муҳсин ба хона баргашт ва қарор дод, ки пеш аз ягон хулосаи аниқ баровардан аввал бо Замира сӯҳбат карда, аз кӣ ҳомиладор шудан ва чаро дидаю дониста ӯ ва аҳли оилаашонро ба чунин шармандагӣ дучор намуданашро мепурсад. Вай дасту рӯяшро шуст, либосашро иваз намуд, хӯрок хӯрд, сипас ҷониби хонае, ки арӯси бешармаш он ҷо мехобид, равон гашта, таъкид кард, ки касе ба сӯҳбати вай бо Замира хала нарасонад. Аз дар даромадани Муҳсинро дида, арӯс аз тарс дар ҷояш шах шуда монд ва осемасар кӯдакашро ба оғӯш гирифта, ба синааш пахш кард. Гумон дошт, ки домоди фиребхӯрда ҳамин ҳоло ваю бачаашро бӯғӣ карда мекушад, вале Муҳсин лаб газида гуфт:
-Азроил нестам, ки ҷонситонӣ омада бошам, Замира, кӯдакро дар ҷояш хобону ин ҷо бишин ва бигӯ, ки барои кадом гуноҳам ту маро ин қадар бераҳмона дар назди дӯсту душман шарманда кардӣ? Барои чӣ ба аҳду паймонамон вафо накардӣ? Доманбохтаю ҳомиладор, ки будӣ, барои чӣ розӣ шудӣ, ки ба ман ба шавҳар бароӣ? Чаро пеш аз тӯй як бор нагуфтӣ, ки бокира нестӣ? Илтимос, маро маҷбур накун, ки бо мушту лагад туро ба гап дароварда, ҳақиқатро аз забонат кашида бигирам. Росташро гӯй, чунки ростиро завол нест ва офтобро бо доман пӯшонда намешавад. Замира оби чашмонашро поккунон ҷавоб дод:
-Мехостам пеш аз тӯй ин гапро бигӯям, вале ҷуръат накардам. Муҳсин, қасам ба номи Худованд, ки ҳар чи мегӯям, ҳақиқат аст, хоҳӣ бовар кун, нахоҳӣ, ихтиёр дорӣ, метавонӣ маро мисли саги дайду зада-зада аз дарат берун кунӣ ё сарамро аз танам ҷудо намоӣ.
Иқрори арӯс
Зиндагиамон, ки душвор буд, пас аз рафтани ту ман дар як идора фаррош шудам. Корам аввалҳо чандон бад набуд, маъоши ночиз мегирифта бошам ҳам, ба ҳар ҳол ба падару модарам кӯмак мерасондам ва Худоро шукр мегуфтам, ки дигар тайёрхӯр нестам. Вохурӣ бо Зуля ном зани маккора ҳаётамро сӯхту маро ба ин доми бало гирифтор намуд. Аввалҳо Зуля бисёр зани меҳрубону ғамхор менамуд. «Духтарҷон, ман як зани худотарсам ва ҳамеша ба муҳтоҷон хайру саховат карда мегардам. Медонам, ки падару модарат камбағаланд, маҳ, ин пулҳоро бигир, хайри ҷони фарзандонам шавад» гуфта, гоҳ-гоҳ ба дастам маҷбуран пул медод. Оқибаташро фикр накарда мегирифтам ва дар ҳаққаш дуо мекардам.
Макри апахонд
Рӯзе Зуля занг зада, хоҳиш кард, ки ба хонааш равам. Гуфт, ки мушкилие дораду ба кӯмаки ман муҳтоҷ аст. Мани беақл «Апаҷон, ҳозир меоям» гуфта, ҳама кору борамро партофта, дарҳол сӯйи хонаи Зуля шитофтам. Дарро ба рӯям худи Зуля кушод. Одоби салом ба ҷо оварда пурсидам, ки чӣ хизмат кунам. «Аввал даромада як пиёла чой нӯш, баъд аз пайи кор мешавӣ» гӯён, апахондам маро ба сари дастурхони пурнозу неъмат даъват кард. Дар хона ба ғайр аз ману Зуля дигар касе набуд, ҳарду аз ину он чақ-чақкунон хеле нишастем. Тақрибан ним соат пас садои занги дар баланд шуд. Ҳайрон ба соҳибхона нигаристам, Зуля сӯйи ман чашмак зада, табассум кард ва чизе нагуфта ба долон баромад, то меҳмонашро истиқбол бигирад. Лаҳзае пас марди сиёҳҷурдаи бадҳайбате, ки шиками калонаш болои зонуҳояш овезон буд, аз дар даромад. Аз кару фараш маълум буд, ки меҳмон марди дорост. Зуля меҳмонашро бо иззату икром сари дастурхон шинонда, барояш мурғбирёну шароб овард ва куртаи ҳариреро сӯйи ман дароз карда, фармуд, ки рафта ҳаммом кунам ва рӯю мӯямро ба тартиб дароварда, либоси тоза пӯшам. Ҳайрон шудам, вале дар назди меҳмон бо апахондам баҳс карданро ба худ эб надида, сархам куртаю сачоқ ва шампунро аз дасти Зуля гирифтаму ба ҳаммом рафтам.
Дар оғӯши дев
Вақте ки сару танамро шустаю мӯямро хушконида аз ҳаммом баромадам, дари баромадгоҳ маҳкам ва дар хона ба ғайр аз меҳмон дигар касе наменамуд. Гумон кардам, ки соҳибхона барои ягон майда-чӯйда харидан ба мағозае, ки дар наздикии бино воқеъ буд, рафтааст ва бо марди бегона дар сари як дастурхон танҳо нишастан нахоста ба хонаи дигар даромадам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки бо пойи худ худамро ба доми бало меандозам, вале лаҳзае нагузашта меҳмони бадҳайбат дар тан хилъати шабпӯшак аз пасам ба хонаи хоб даромад ва чизе нагуфта маро бо оғӯш гирифт. Дод зада, имдод хостам, вале ин дев маро раҳо карданӣ набуд. Таҳдид намудам, ки ҳамаашро ба Зуля мегӯям.
-Пуштибоната ёфтӣ, о худи Зуля туро ба ман фурӯхт,-заҳрханда кард меҳмон ва лабҳои мисли лаби шутур ғашоварашро ба лабонам ниҳод. Дилам беҷо шуд ва силтав зада, худро аз оғӯшаш раҳо намудаму ҷонҳавл сӯйи дар давидам, то аз ин касофатхона гурезам, вале он гурги дупо бо як ҳамла ба ман расида гирифт ва ба бехи гӯшам чунон мушти обдоре зад, ки хаёл кардам аз чашмҳоям оташ парид. Сарам чарх зада афтидам. Девсурат маро мисли себча рӯйи даст бардошт ва дубора ба хонаи хоб дароварда, ҳама либосҳоямро бо ғазаб аз танам кашиду таъкид кард:
-Агар овозатро барорӣ, мекушам! Ман барои ту пули калон додам, акнун хоҳӣ-нахоҳӣ, ҳар чӣ гӯям, иҷро мекунӣ! Канӣ, тезтар навозиш кун!
Гиря карда гуфтам, ки ман фоҳиша нестам ва дар умрам марди урёнро надидааму намедонам, ки навозиш чӣ хел мешавад. Зорӣ намудам, ки маро ба ҷойи духтараш дониста раҳо кунад, чунки ҳанӯз духтари бокираам ва бояд бо обрӯ ба шавҳар бароям. Ин гапро шунида чашмонаш бештар барқ заданд ва «ҳозир мебинем, ки дар ҳақиқат духтарӣ ё ин Зуляи шаттоҳ туро ба назди ягон гинеколог бурдаасту маро аҳмақ карданист» гӯён, меҳмони девсурат ба ҳуҷум гузашт. Азбаски дар умрам марди урёнро надида будам, аз тарс аз ҳуш рафтам. Намедонам аз байн чанд дақиқа ё соат гузашт, вале як вақт аранге ба худ омада, ҳис кардам, ки аъзои баданам месӯзад. Нолишкунон чашмонамро кушодам. Девсурат пойҳои пурпашмашро молишдеҳон дар поёни поям нишаста буд ва дандонҳои тиллоияшро намоиш дода, қаноатмандона табассум намуду гуфт:
-Хайрият, ки пулам насӯхт. Тоза духтар будаӣ, офарин, чӯҷаякам! Нафратам даҳчанд гашт ва оҳи бадарде кашида, майли аз бистар бархостан намудам, вале чашмам ба рӯҷои пури хун афтиду аз тарс дубора аз ҳуш рафтам.
Ҳаққи «хизмат»
Вақте ки дубора ба ҳуш омадам, аллакай аз меҳмони ғулнамо ному нишон набуд. Аъзои баданам чунон сахт дард мекард, ки гӯё танамро дар гӯштқиммакунак тоб дода бошанд. Базӯр пайкари афсурдаамро аз бистар бардоштам. Чашмам ба коғази дар рӯйи тумбочкаи дар назди рахти хоб гузошташуда истода афтид. Хилъатро ба китфам гирифта аз кат фаромадам ва коғазро бардоштам. Девсурат нома ва дар дохилаш пул монда рафтааст. «Раҳмат, ки худатро барои ман эҳтиёт кардаӣ. Шикастани мӯҳри хазинаат бисёр душвор, вале ширини ширин буд. Оғӯши гармат маро даҳ сол ҷавонтар кард. Худатро эҳтиёт карда гард, ман боз ба наздат меоям» навишта шуда буд дар коғаз ва дар дарунаш панҷ саддоллара мехобид.
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)