Як моҳи дароз янгаҳоям барои арӯси нав кӯрпаю болишт ва куртаю лозимӣ дӯхтанд, Аҳадҷон бо тавсияи модарам барояш ҳама чизи заруриро харид, аммо арӯси кӯчагии мо аноӣ набудааст.
Ӯ аз меҳрубониҳои авсунҳои дилсӯз истифода карда, дасташро ба косаи тар намезад, умуман аз уҳдаи ягон кор намебаромад, ҳатто либосҳои шавҳарашро шӯста, дарзмол намекард. Агар модарам ба вай насиҳат карданӣ шавад, лабонашро инҷ карда “холаҷон, мо аздусар ба шаҳр меравем, корҳои қишлоқии шумо он ҷо лозим намешаванд” гӯён, даст меафшонд. Модарам аз ин кори келини ба қавли худаш «селовард» ошуфта шавад ҳам, падари дилсӯзам «ба ин бечора дар детдом чиро ёд доданд?» гӯён, аз келинаш пуштибонӣ мекард. Акаам пушти кору бор танҳо шабҳо ба хона меомаду шайдои арӯсаш буд. Сабо танҳо ду моҳ дар деҳа тоқат карду халос, акнун ҳар шаб моҷаро бардошта, аз Аҳад талаб мекард, ки ӯро ба шаҳр барад. Ман ҳомиладораму намехоҳам фарзандам дар ин деҳаи бӯйин ба дунё биёяд, аррос мезад ӯ. Боре модарам тоқат накарда, ба ӯ гуфт:
-Ту худат дар сағирхона калон шудаию ин хонаи ободу деҳаи зебо барояи ту бӯйину ҳаром шуд-мӣ?
-Шумо маро таъна мекунед,- гӯён Сабо чунон доду фарёд бардошт, ки ҳама деҳа фаҳмиданд… Аҳадҷон аз қаҳр ӯро зери мушту лагат гирифт…
Пас аз ду моҳи ин ҳодиса марде Аҳадҷонро суроғ карда, ба хонаамон рафтаасту дар шоҳидии падару модарам ба вай гуфтааст, ки Сабо бо фиреб аз вай шаш ҳазор сомонӣ гирифта барнагардондааст. Чун Сабо қасам болои қасам мехӯрад, ки ин мардро намешиносад, ӯ сабти рақсҳои нимурёни ӯро дар дискотека монда, фоҳиша буданашро исбот месозад. Маълум мешавад, ки Сабо аз як ноҳияи сарҳадӣ ба пойтахт ба хондан омада, бероҳа мешавад ва падараш ӯро оқ мекунад. Аҳадҷон шаш ҳазор сомонии он мардро ба дасташ дода, аз Сабо суроғаи волидонашро гирифта, ба хонаи онҳо меравад. Шаш бародари янгаам номи ӯро шунидан намехоҳанд, зеро падару модарашонро доғи шармандагии хоҳари бероҳаашон ба зери хок бурда будааст. Аҳадҷон хастаю лакот ин ҳодисаро ба волидонам нақл карда, хост талоқи Саборо диҳад, вале падарам кӯдаки батнашро мисол оварда, бародарамро аз роҳаш гардонд. То тавлиди писараш Сабо хиҷолатзадаю сархам буд, вале баъди писардор шудан боз нағмаҳояшро сар кард, зеро аз меҳри зиёди Аҳадҷон ба писараш сӯистифода кардан мехост. Сабо шабу рӯз моҷаро карда, аз Аҳадҷон талаб мекард, ки ё ӯро ба пойтахт барад ё талоқашро диҳад, ӯ писарашро гирифта меравад. Он шаби шум ман низ дар хона будам. Падарам ба ин моҷароҳо хотима гузоштанӣ шуда, Аҳаду Саборо як ҷо шинонида гуфт:
-Келин мо барои шумо дар маркази ноҳия ҳавлӣ харидорӣ намудем, зиндагиятонро ҷудо мекунем, вале ҳеҷ гоҳ розӣ нестам, ки Аҳад туро ба пойтахт барад, зеро аз ту боварӣ нест! Ту бо фанду фиреб писари маро ба домат андохтӣ, агар хотири набераам набошад, туро як лаҳза дар хонаам роҳ намедиҳам.
Ҳамин вақт Сабо берун баромада, бо тамоми овоз фарёд зад:
-Мӯйсафеди беимон, дар набудани писарат чанд бор ба бистари ман даромадӣ, аз ман талаби ҳамхобагӣ кардӣ, ба ҳамин хотир намехоҳӣ маро аз назарат дур намоӣ?!
Агар мо ба миён намедаромадем, Аҳад Саборо мекушт, аҳволи падарамро танҳо худаш медонисту Худо… Аҳад худи ҳамон шаб Саборо ба мошинаш шинонида, ба куҷое бурд, рӯзи дигар ба хона баргашт, модарам бо гиряву зорӣ аз вай пурсид, ки ба вай чӣ кор кардӣ?! Акаам бо алам гуфт:
-Очаҷон, маро бубахшед, наход гумон кунед, ки ман бо хуни ҳароми ӯ дастонамро меолоям? Ӯро бурда, ба ҳамон кӯчае партофтам, ки ёфта будамаш…
Аз ин ҳодиса ду сол сипарӣ шуд, акаам ба Русия рафту ҳамон ҷо бо бонуи хуҷандие хонадор гашт. Писараш низ бо онҳост. Падарам баъди ин тӯҳмати мори дар остин парвардааш, дамдузду хонагӣ гаштааст, ҳатто ба масҷид намеравад. Охир ба ҳама фаҳмонда наметавонӣ, ки фоҳишае бо сад макр ба хонадони покизаи мо ворид гашта, онро макрӯх намуд. Саборо боре дар бозори «Корвон» дидам, ӯ маро нашинохт, вале маълум аст, ки ӯ ба «касаба»-и пешинааш баргаштааст…
Марҷон
Таснифи Дилошӯб