Arzon march 2024
Арӯс аз домод 60-сол хурд аст
1030

Дар Ҳиндустон як мӯйсафеди 103- сола бо зани аз худаш қариб 60- сол хурд идивоҷ намудааст. Навори тӯйи арӯсию домодии ин ҷуфт дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён овард...

Ҳабиб Назар дар шаҳри Бхопали Ҳиндустон зиндагӣ мекунад. Ин марди 103-сола бо Фироз Яхан ном зане издивоҷ намудааст, ки қариб 60- сол аз худаш хурдтар аст.

Арӯс нав ба синни 48 қадам гузоштааст, вале аз издивоҷ бо марди 103-сола хеле хушбахт аст. Барои Ҳабиб Назар ин никоҳи сеюм аст. Пештар вай ду маротиба оиладор шуда бошад ҳам, занҳояш вафот кардаанд.

Аз хонумҳои пештарааш чанд фарзанд доштани домоди дилҷавон маълум нест, аммо худи ӯ сабаби бори сеюм оиладор шуданашро дар танҳоӣ маънидод намуда, гуфтааст:

“Ман аз чизе камбудӣ надоштам, фақат танҳоӣ мекашидам. Ба хотири пур кардани олами танҳоиям бори сеюм зан гирифтам...”

Арӯс пештар танҳо як маротиба издивоҷ кардааст ва мегӯяд, касе ӯро маҷбур накардаасту бо ихтиёри худаш ба марди 103-сола ба шавҳар баромадааст.
Ба гуфти арӯс “Касе набуд, ки Назарро нигоҳубин кунад, барои ҳамин ӯ бо майли худ ба ин мард ба шавҳар баромадааст, то ки ҳамдаму ҳамрозаш гардад...”

Яхан гуфтааст, ки шавҳараш 103 сола бошад ҳам, комилан солим аст ва дар канори ин марди меҳрубону хушчақчақ вай худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД