Formula novemver 2024
ҲАРОМХИШТАК (қисми 4)
2591

Давомаш ...

Касе ба дидорбинияш мерафт, дилхун мегашт аз дидани ҳоли ӯ. Духтаронаш зор - зор мегиристанду падарашонро ба нафрат менигаристанд.

Раъно ҳар лаҳза мепурсид, ки "писаронам омаданд? Гӯед биёянд, охир, мемирам".

Абдулло аз ҳамаи шиносҳояш дар мудатти ду рӯз пул қарз карду ба ватан баргашт. Модар чашм ба роҳи писар ҳар сония интизорӣ мекашид. Зуд - зуд соатро мепурсид аз шахсони дар наздашбуда. Абдулло соати 3 - и бомдод ба хона расид.

Модар садои писарашро шунида, хост аз ҷой бархезаду ӯро бӯсида, ба оғӯш гирад.

- Очаҷон, бин, ман омадам!

- Кош чашмонам охирин бор руйи ба нуратро дида метавонистанд, афсус, - бо дасти захмини хуншору обиладораш сару руйи Абдуллоро ламс мекард занак.

Гӯшти сухтаи модар ба сару руйи писар мечаспиду хунолуд мегардонд. Қалби Абдулло реш гашт аз дидани чунин манзара. Азиз парвое надошт, ки занаш дар чӣ ҳолат қарор дорад.

Раъно аз фарзандонаш хоҳиши бо падарашон танҳо гузоштанашро кард.

- Ҳа Раъно, чӣ шуд яку якбора маро ҷеғ задӣ?

- Азиз, медонам, ки маро дӯст медоштӣ. Чаро боз дар ишқамон хиёнат кардӣ? Чаро маро маҳв сохти? Чӣ камбудие дар тӯли ҳаёт аз тарафи ман гузаштааст? Маро бубахшу нону намакатро пиҳил соз, то осуда дар қабр монам.

Азиз аз шунидани ин суханҳо қаҳ - қаҳ зад:

- Худат мурдан хостӣ. Чӣ будааст мурдан фаҳмидӣ акнун?

- Азиз, ин хел нагуй. Сӯзишам кам аст магар, ки ба захмам намак мепошӣ? Медонӣ, ки сабабгораш хиёнати туст.

Азиз беаҳамиятона хесту аз хона берун шуд. Садои баланд пӯшидани дари хона фарзандонро парешон карду зуд ба назди модар шитофтанд

Раъноро мисли чизе дар гӯлуяш монда бошад, ба ҳиқ - ҳиқ даромад. Ба қай кардан яку як бора даромад. Пора - пораи ҷигари бо хуни лаълбаста беист ба берун мебаровард.

Раъно яку якбора аз нафасгири тавақуф карду дигар миҷа таҳ накард. Садои гиряи фарзандонаш ба фалак мепечид. Ӯ бо охирин нафаси гирифтааш бо ҳамагон хайру хуш кард. Ҳатто Азиз маҷбуран худро дар ҷаноза нигоҳ медошт. Фарзандон ҳамааш ба падарашон нафрати беандоза пайдо карданд. Ӯ ҳангоми азони намози бомдоду насими субҳ ба гулзори абадӣ сафар кард:

- Очаи париваши хушруям, - мегуфт Муҳайё, - фикри мо фарзандонатро накардӣ? Чаро ба мо лақаби сағераро гузоштӣ? Чаро?, - гӯён рӯю муй меканданд дар назди ҷасади ба тамом сухтаи модар духтаронаш.

- Ҳама дарду доғата бо худ мебарӣ акнун. Оҳ очаи пуртоқату ғамрақиби ҷону дили бачат нола мекард:

- Худат мегуфтӣ, ки орзуям туро дар тахти домоди дидан ормони калони дилам ҳаст. Дили саршори орзуи сухта пора гаштаатро пур аз ормонҳо мебарӣ, оҳ очаи дилсухтаам, - дод мезад Абдулло.

Раъноро ду маротиба кафани баданашро иваз карданд, зеро оғуштаи зардобу хун гашта буд. Фарзандонаш ҳеҷ намегузоштанд, ки Раъноро ба манзили охираташ баранд.

- Набаред очаи гуламро. Монед оғӯшаш гирам, - мегуфт духтари дуюмаш ва духтари сеюм ҳамоҳанги нолаи апааш мегашт.

- Оча, хез охир. Кош ман мемурдам ба ҷойи шумо. Оҳ сутуну қуввати дили фарзандон.

Рӯз нисф гашт то ҳол оҳу фиғони фарзандони Раъно дар деҳа садо медод. Шамол мисли мутриб оҳанги дили зор менавохт. Баргҳои дарахтонро чун дили зори ғамдор мавҷнок лаппиш медод.

Ҳама фарзандон тобутро сахт дошта, намегузоштанд модарашонро ба дили хок супоранд. Ба зӯр ҳамаи онҳоро аз тобут ҷудо сохтанд.

Шамолаки фораме мевазид. Тобути Раъно болои дастони мардуми деҳа чун кабӯтари тез парвози болкушода шитоб дошт. Занак ба суйи хонаи охираташ шитоб дошт. Қалби пур аз рашки беандозааш зери хок акнун орому роҳат мегашт. Писару шавҳараш Раъноро дар хонаи охираташ гузаштанд.

Қабри Раъно зери як дарахти калони сояафкан ва лаби ҷуй ҷойгир буд.

Азизи баъди 15 рӯзи марги занаш Дилбари дар асл ба рангубор зебо гардидаашро ба хона овард. Падар бо ин кораш ба оташи ғазаби Муҳайё сузишворӣ рехтагӣ барин:

- Духтарам, ана ин Дилбари ман.

- Дилбари шумо бошад, дарди сари мост.

- Ҳой зан, ҷигари пурхунамро ғамгин насохта, аз хонаву дар дафъ шуда, рав, в - агарна:

- Чӣ в - агарна? Ман азизи дили падаратонам.

- В - агарна муйҳоятро канда, ба дастат месупорам, - ҷавоб дод модарандар.

- Мебинем, кӣ ғолиб мебарояд.

Азиз аз Дилбар иҷозат пурсида, барои бозорӣ баромад. Муҳайёи духтари бузбалаи қадбаланд.

- Ҳе пирзанаки худозада, ба наздам биё. Ман мекушам ту баринҳоро.

Муҳайё чун паланги ба оҳу ҳамланамуда яку якбора қиёфааш тағйир ёфт. Ӯ аз муйҳои сунъии модарандараш дошта, яку якбора чун паҳлавон бардошта, Дилбаро ба замин ғалтонда, ба болояш баромад. Ӯро чунон мекӯфт, ки зани падараш ба халосгар зор шуд:

- Вой дод! Ин чӣ рӯз аст? Ягон кас бошад, ки ёрӣ расонад. Охир, маро мекушад ин хирси ҷангӣ. 

Худо занад туро! Очаам бо айби ту худашро кушт. Фосиқи беҳаё. Ба хубӣ меравӣ ё не? - дилбар хасми духтари шавҳарашро дида, эҳсос кард, ки ҳар кор рух доданаш мумкин аст. Дар ин асно падараш омада ба зӯр духтарро аз маъшуқаи зебояш ҷудо сохт.

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД