Маҳиноз ба утоқаш даромада, ба оина нигарист. Ӯ дигар на аз чутурии рӯяш шарм медошт ва на аз гузаштааш. Ӯ медонист, ки ҳар як шрами рӯяш ва ҳар як қатраи ашкаш ӯро ба ин зани қавӣ табдил додааст.
Гузашти вақт бузургтарин табиб аст. Нурулло пас аз он мулоқот дар боғи беморхона дигаргун шуд. Ӯ шабҳо танҳо менишасту ба суратҳои кӯҳна нигоҳ мекард. Акнун дар он суратҳо на баднамоии Маҳиноз, балки нигоҳи саршори меҳру вафои ӯро медид. Ӯ фаҳмид, ки Маҳиноз понздаҳ сол мисли як шамъ дар хонаи ӯ сӯхта, ба рӯзгори ӯ рӯшноӣ медод, вале ӯ танҳо ба дуди шамъ нигариставу аз зиёи он баҳра набурдааст.
Падари Нурулло, ки дар бистари беморӣ буд, рӯзе дасти писарашро гирифту оҳиста гуфт:
- Писарам, ман қарзи Ҳоҷӣ Салимро бо пул додам, аммо ту қарзи меҳри духтарашро то ҳол насупоридаӣ. Зебоӣ дар пӯст аст, Нурулло, вале вафо дар устухон. Маҳиноз барин занро ҷустан хатост, ӯро бояд сазовор буд.
Нурулло сарашро хам кард. Ӯ дигар он ҷавони мағрури пешина набуд. Ӯ ба назди Маҳиноз нарафт, то ӯро дубора ба хона баргардонад, чунки медонист, ки Маҳиноз акнун ба парвоз даромадааст ва қафаси кӯҳна барояш танг аст. Ӯ тасмим гирифт, ки бо амалҳояш нишон диҳад, ки одам шудааст.
Баҳори дигар омад. Маҳиноз дар конфронси илмии тиббӣ иштирок дошт. Ӯ на танҳо як зани мавзун, балки як олими боистеъдод гашта буд. Дар анҷоми маҳфил ба ӯ як гулдастаи калони гулҳои ёсуман оварданд. Дар дохили гулдаста хатчае буд:
- Маҳиноз, ман имрӯз фаҳмидам, ки ту ҳамеша зебо будӣ. Танҳо чашмони ман кӯр буданд. Ман намехоҳам туро халалдор кунам, фақат бидон, ки писарат бо ифтихор мегӯяд: Модари ман фаришта аст! Бахти ту на дар ҳусни ту, балки дар иродаи ту будааст. Саломат бош!
Маҳиноз хатчаро хонду табассум кард. Дар чашмонаш дигар ашки алам набуд. Ӯ ба тиреза нигарист. Дар берун борони майда меборид ва бӯи хоки тар ҳаворо муаттар мекард.
Дар ин миён, як пизишки ҷавон ва ҷиддӣ, ки муддатҳо бо Маҳиноз ҳамкорӣ мекард ва наҷобату илми ӯро месутуд, наздаш омад:
- Доктор Маҳиноз, агар вақт дошта бошед, мехостам дар бораи лоиҳаи нав маслиҳат кунем ва шояд як пиёла чой нӯшем?
Маҳиноз ба ӯ нигарист. Дар нигоҳи ин мард на тамасхур буд ва на нафрат, балки эҳтироми амиқ нисбат ба як шахсият.
- Бо камоли майл,- ҷавоб дод Маҳиноз.
Маҳиноз фаҳмид, ки муҳтоҷи меҳр будан айб нест, аммо муҳтоҷи касе будан, ки қадратро намедонад, хатост. Ӯ бо сабр, ирода ва меҳнат қасри бахти худро аз нав сохт. Акнун ӯ медонист, ки ҳеҷ гуна фарбеҳӣ ё зиштӣ наметавонад нури ботинии инсонро хомӯш кунад, агар инсон худро дӯст дошта тавонад.
Маҳиноз исбот кард, ки зан на ороиши зиндагӣ, балки худи зиндагист.
Шаҳлои НАҶМИДДИН