Маҳиноз ба хонаи падар баргашт. Ӯ ба табобат оғоз кард. На барои он ки Нуруллоро баргардонад, балки барои он ки худашро наҷот диҳад.
Ӯ ба варзиш машғул шуд, китоб хонд, ба кор даромад. Вазни зиёдашро каме партофт, ҳарчанд бузургҷуссагиаш модарзодӣ буд, аммо муҳимтар аз ҳама, тарсро аз дилаш партофт.
Ӯ дарк кард, ки дарди ӯ на аз фарбеҳӣ, балки аз беқадрӣ буд. Рӯзҳо дар толори варзиш ва шабҳо дар болои китобҳои тиббӣ мегузаштанд. Ҳар бор, ки нафасаш аз хастагӣ танг мешуд, садои Нурулло дар гӯшаш садо медод: Ту ҳеҷ гоҳ зебо набудӣ!
Ин суханони талх акнун на боиси гиря, балки боиси боло рафтани иродаи ӯ мешуданд.
Рӯзе, ки Маҳиноз дар беморхонаи маркази шаҳр ҳамчун пизишк ба кор оғоз кард, Нуруллоро дар роҳрав дид. Нурулло хаста ва афсурда менамуд. Ӯ барои хабаргирии падари бемораш омада буд. Вақте назараш ба зани қоматбаланди бузбалаи хушзабоне афтод, ки бо либоси сафеди пизишкӣ бо мардум бо нармӣ суҳбат мекард, натавонист нигоҳашро биканад.
- Духтур, мумкин аст?,- пурсид Нурулло бо овози хаста, ҳанӯз нафаҳмида, ки ин зан кист.
Маҳиноз оҳиста ба ақиб гашт. Нигоҳи онҳо ба ҳам бархӯрд. Нурулло шах шуд. Дастонаш ба ларза даромаданд. Дар пеши ӯ на он зани фарбеҳ, балки як зани зебо, бовиқор ва чашмонаш саршори нури дониш меистод.
- Маҳиноз.. ту?,- пичиррос зад ӯ.- Ин чӣ муъҷиза аст?
- Муъҷиза нест, Нурулло,- оромона ҷавоб дод Маҳиноз.- Ин натиҷаи он аст, ки вақте касеро аз таҳти дил дӯст медорӣ, ӯ гул мекунад. Вақте ман туро дӯст медоштам, ту маро хушк кардӣ. Вақте ман худамро дӯст доштам, дубора сабз шудам.
Онҳо ба боғи беморхона баромаданд. Нурулло дар болои курсӣ нишаста, сарашро миёни дастонаш гирифт:
- Маҳиноз, ман ҳама чизро расво кардам. Он зане, ки мегуфтам зебост, вақте пулу мансабам рафт, маро тарк кард. Танҳо ҳоло мефаҳмам, ки зебоӣ дар сурат набудааст. Маро бубахш. Биё ба хотири ягона писарчаамон зиндагиро аз нав сар кунем. Ман қасам мехӯрам, ки дигар меҳрубон мешавам.
Маҳиноз ба дарахтони шукуфони баҳорӣ нигоҳ карда, бо меҳр табассум кард:
- Нурулло, бубахш, ки инро мегӯям, вале ту ҳоло ҳам ҳамон одами пешина ҳастӣ. Ту на маро, балки он роҳату хизматеро, ки бароят мекардам, пазмон шудӣ. Ту на маро, балки ин сурати нави маро дӯст доштан мехоҳӣ. Аммо ман он Маҳинози понздаҳ сол пешро, ки касе дӯсташ намедошт, бештар дӯст медорам. Зеро ӯ пок буд, вафодор буд.
- Яъне роҳи баргашт нест?,- бо ноумедӣ пурсид Нурулло.
- Роҳи баргашт ҳаст,- гуфт Маҳиноз ва ба чашмони Нурулло нигарист.- Аммо на ба назди ман. Баргард ба назди худат. Одам буданро ёд бигир. Падаратро нигоҳубин кун, зани нав бигир, дӯст бидораш. Ман бошам, ман ниҳоят хаста шудаам. Дигар намехоҳам барои касе бошам, мехоҳам барои худам ва писарамон зинда бошам. Агар хоҳӣ, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе писаратро бо худ бар. Барои ман алимент лозим нест.
Маҳиноз бархост ва бо қадамҳои устувор ба сӯи беморхона рафт. Нурулло аз қафои ӯ нигоҳ мекард ва аввалин бор дар зиндагиаш фаҳмид, ки вай на танҳо як зан, балки як ҷаҳони бузургро аз даст додааст.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН