Маҳиноз ягона гулдухтари Ҳоҷӣ Салим буд. Пас аз шаш писари мисли чинор қадбаланду бузургҷусса Худованд ба ин марди сарватманд як духтар дода буд.
Ҳоҷӣ Салим Маҳинозро чунон эрка мекард, ки гӯё ӯ аз шиша бошад. Аммо тақдири тифл аз гаҳвора дигар рақам зада шуд. Маҳиноз на ба модари нозукандомаш кашид ва на ба бародарони паҳлавонаш. Ӯ аз кӯдакӣ ҷуссаи калон дошт, рӯяш аз бемории нағзак нишонаҳои майда дошт ва мӯйҳои сиёҳаш ба ягон қолаб намедаромаданд.
Дар мактаб Маҳиноз доимо дар кунҷи охир менишаст. Ӯ ошиқи ҳамсинфаш Аҳмад буд. Аҳмад ҷавони лоғар ва камбағале буд, ки ҳамеша бо пойафзоли дарида мегашт. Маҳиноз аз пули ҷайбии худ пинҳонӣ ба ӯ медод. Рӯзе Маҳиноз ҷуръат карда, дар пушти мактаб ба ӯ гуфт:
- Аҳмад, агар хоҳӣ, ман ба падарам мегӯям, бароят либоси нав харад. Фақат ту ба хонаи мо хостгор фирист.
Аҳмад пулро дар кисааш фишурду бо масхара хандид:
- Эҳ, Маҳиноз. Ман пулро мегирам, аммо бо фил хонадор намешавам. Туро кӣ мегирад?
Маҳиноз он рӯз бори аввал фаҳмид, ки дунё на аз қанду қурс, балки аз санг сохта шудааст. Бародаронаш Аҳмадро барои ин гапаш гӯшмол доданд, аммо алами дили Маҳиноз бо мушт холӣ намешуд.
Солҳо гузаштанд. Ҳоҷӣ Салим дид, ки духтараш рӯз то рӯз дар ҳасрат месӯзад. Ӯ Нуруллоро ёфт, ҷавони шаҳрии зебое, ки падараш аз қарз сарашро бардошта наметавонист. Ҳоҷӣ шарт гузошт: Қарзҳоятро медиҳам, соҳиби кор мекунам писаратро, фақат духтарамро келин куну хор накун. Падари Нурулло розӣ шуд.
Шаби тӯй дар ҳавлии Ҳоҷӣ Салим мисли идвора буд. Аммо вақте домод ба ҳуҷраи арӯс даромад ва Маҳинозро дар зери чодар дид, рангаш канд. Маҳиноз бо меҳр ба ӯ нигарист, аммо Нурулло мисли он ки аждаҳоро дида бошад, ақиб рафт.
- Оча!,- фарёд зад ӯ ба берун баромада.- Ин чӣ бало буд? Ин Кинг-конгро бо кадом пул ба сари ман бор кардед? Нафрати ман меояд.
Маҳиноз дар пушти чодар шах шуд. Ин суханон мисли оби ҷӯшон ба баданаш рехтанд. Вале ӯ хомӯш монд. Сабр кард.
Зиндагӣ давом кард. Маҳиноз келини беҳтарин шуд. Хонааш мисли оина медурахшид. Хизмати хусуру хушдоманро тавре мекард, ки онҳо ӯро аз ҷон бештар дӯст медоштанд. Аммо Нурулло дар тӯли понздаҳ сол ҳатто як бор Маҳинозро бо меҳр садо накард. Танҳо ба хотири вазифаи мардиаш наздаш меомад ва зуд рӯяшро ба девор гардонида хоб мерафт.
Рӯзе Нурулло бо зани ҷавоне ба хона омад.
- Маҳиноз, ин меҳмони ман,- гуфт ӯ бешармона.
Маҳиноз ба он зани оростаи мавзунқомат нигаристу даруни синааш чизе кафид.
Шаб Нурулло ба Маҳиноз гуфт:
- Ту ба худ нигоҳ кун. Мисли як халтаи гандум ҳастӣ. Маро гунаҳкор накун, ки ба зани дигар дил бастам.
Маҳиноз ин бор гиря накард. Ӯ оромона гуфт:
- Нурулло, ман понздаҳ сол канизи ту будам, то ту одам шавӣ. Аммо ту танҳо суратро медидаӣ, на сиратро. Аз имрӯз ман дигар он Маҳинозе нестам, ки ту медонистӣ.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН