- Ҳа, фаҳмо. Афсӯс, ки байни келинҳои имрӯза як ақидаи нодурусте паҳн шудааст. Ба ақидаи онҳо хизмати хушдоманро кунӣ, гӯё хизматгор ҳастӣ. Не, ин чиз дар анъанаи неки мо ҳаст. Ғайр аз ин дар қатори дигар корҳо шустани либоси хушдоман, рӯфтани хона ва ё додани хӯрок барояш кори вазнин нест. Имрӯзҳо хушдоманҳо ҳам дар баробари келинҳо кор мекунанд. Ман хушдоман гуфта болои ҳафт қабат кӯрпача намешинанд. Онҳо ҳам мехоҳанд фарзандашон хушбахт бошад. Келин набояд аз эроди хушдоман ранҷад, баръакс бояд ислоҳ шавад. Модар ҳам, хато кардӣ, ҷанг мекунад. Мо худамон тарбияи хушдоманҳоямонро гирифта, ба қавле "Шоҳбонуи хонадон" шудаем.
- Ҳа, Нурбонуҷон. Вале на ҳар кас имрӯз хатояшро дида ислоҳ мекунад. Ҳамин, ки хушдоман як-ду бор ба кори келин эрод гирад, ӯро дарҳол "ҷодугар" мебарорад. Ба модараш занг зада хуб ғайбат мекунад. Боз баъзе модарҳо ба ҷойи он, ки аз "гапи хушдоман набаро, ҳар чӣ гӯяд, хуб гӯ" гӯянд, баръакс "фақат ту мӣ, ба хушдоманат гӯй авсунҳоятро ҳам ҷанг кунад" мегӯянд ва ё умуман маслиҳати нодуруст медиҳанд.
- Ҳамин тавр. Ман достони зиёди чунин оилаҳоро медонам. Лекин бояд хушдоман ҳам аз ҳад нагузаронад. Ба келин имкон диҳад, ки хатояшро ислоҳ кунад. Келинро таҳқир накунад. Келин ҳам бо умед, барои барпо кардани оилаи хушбахту намунавӣ ба дигар хонадон меояд. Умуман бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад.
- Бале бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Келин ҳам як бор худашро ба ҷойи хушдоман тасаввур карда бинад. Хатоҳояшро бо назари хушдоман бинад. Баъдан дар ин дунё, чизе ки корӣ, ҳамонро медаравӣ. Агар келин нисбати хушдоман гапҳои нораво гӯяд, корҳои носазо кунад, пеш аз ҳама як бор ба ҷойи хушдоманаш модарашро гузошта бинад. Агар янгааш ба модари ӯ чунин рафтор кунад, вай чӣ кор мекард???
- Дуруст! Дар ин ҷо мард бояд устувор бошад. Ҳам ба модараш, ҳам ба ҳамасараш меҳрубонӣ кунад. Модар ҳам азиз асту ганҷи ноёб, ӯро дигар ёфта намешавад. Лекин дар ин баробар ҳамсар ҳам азиз! Ӯ барои шавҳараш шуда ҳама чиро тарк кардааст. Зан ҳамнафасу ҳамрозу ҳамроҳи доимии шавҳар аст. Хайр зиндагӣ душвор аст. Муҳим аз ҳар майда - чӯйда набояд фоҷиа сохт. Сухани одиро набояд ба худ чун таҳқир қабул кард. Хайр давоми қиссаи Шоистахола чӣ шуд? Ҳамин тавр, гапи келину хушдоман напухт гӯед,- илова кард Нурбону, ки тамоми диққаташ ба роҳ буд.
- Ҳа, на танҳо напухт балки гурехт. Ба Шоистахола тамоман нигоҳ намекард. Ҳатто аз хӯроки пухтааш намедод. Боз кампир ба касе он тараф истад, ҳатто ба писараш лом намегуфт...
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ