Армон (ҚИСМИ 2)
654

Ногоҳ оҳи чуқур кашиду суханашро идома дод:

- Афсӯс, дар ин муддат чанд наздиконамро аз даст додаам. Ба ҷанозаашон ҳам нарафтаам, қабрашонро ҳам намедонам, ки куҷост. Аз ҳамон вақт ба худам ваъда додаам, ки силаи раҳмро канда намекунам. Ба хонаи хешу табор зуд-зуд рафта хабар мегирам. Ҳамин тавр тез-тез пайвандонамро хабар гирифта меистам. Дар ин муддат даҳҳо нафар оиладор шуда соҳиби кӯдакони ширин шудаанд. Аз муҳоҷират, ки нав омадаам, дар бораи ин ё он нафар он қадар маълумот надорам. Ба Шоистахола чӣ шудааст? Ва чаро шумо гиря мекунед?,- суол кард Нурбону.

- Шоистахола вафот кардаанд. Дар ин олами равшан, рӯшание надида ба ҳақ пайвастанд,- оҳи сабуке бароварда, гуфт Саида.

- Эҳҳҳҳ бечора, Худованд раҳмату мағфират гардонад,- даст ба рӯ кашиданд ҳозирин.

Саида оҳи дигаре бароварда, аз нав ба гап шуруъ кард:

- Достони зиндагии Шоистахола як китоб гап. Худашон ҳам ниҳоят зани бомаънӣ, ботамкин, хушмуомилаву хушрафтор буданд. Бо вуҷуди он ки шавҳараш зан гирифту онҳоро тарк кард, ӯ бо хушдоманаш монд. Ба кампири бечораи маъюб нигоҳубин мекард. Чӣ хеле, ки гуфтам, хонаҳои мардум мардикорӣ мерафт. Шабонгоҳ қариб то дамидани субҳ зери равшании чароғ тоқӣ медӯхт. Аз хушдоман тарзи сохтани тоқиро низ омӯхт. Бозор мерафт тоқиҳояшро фурухта рӯзғор мекард. Аз шавҳараш танҳо як писар дошт. Вайро бо орзуву умеди зиёд Умед ном гузошта буд, вале Умед орзуву ормону умеди холаро набаровард.

Умед дар аввал ҳамонгунае, ки Шоистахола орзу мекард, ба воя расид. Зирак, ҳушёр, коргару меҳнатдӯст буд. Бо кумаку дастгирии модар дар донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷа таҳсил кард. Ҷаҳон дид, дунё гашт, вале...

Солҳо гузаштанд. Шоистахола ба як зани ба қавле бой табдил ёфт. Ба ҳама некӣ мекард. Ҳар бор, ки ба аёдати пирони деҳа равад, ҳатман сад - дусад сомонӣ ба дасташон дода, дуои неки онҳоро мегирифт. Ҳамин тавр, сабзид.

Бо гузашти сол ӯ писарашро оиладор кард. Дар аввал ҳаёти онҳо ширину осуда мегузашт. Лекин келин оҳиста-оҳиста нағма баровардан гирифт.

- Чӣ хел нағма?,- ҳайрон шуда пурсид Нурбону.

- Ҳамон нағмае, ки имрӯзҳо баъзе келинҳо мебароранд.

- Яъне?

- Яъне бо ҳар баҳона бо хушдоманаш ҷанг мекард. Хушдоманро на сарпӯши дег, балки оташе медонист, ки ҳаёти ширини ин ҷавононро месӯзонда бошад. Ба хушдоман муомилаи нағз надошт. Хонаву дари кампири барҷомондаро намерӯфт. Либосҳояшро намешуст.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД