-Доруи дарди дил ё таскинбахш даркор,-дарҳол посух дод Азиз. Духтархолааш сирро бой надода, бо ранги канда доруро ба ӯ дароз кард.
Азиз бошитоб аз дорухона баромад, ҳолаш хеле бад гашт. Мехост бо тамоми овоз дод гӯяду дунёро чаппа кунад. Худ ба худ мегирист, дарун ба дарун месӯхт. “Оҳ дунёи ҳаромпарвар, кош нобино мешудаму ин гуна хиёнатро намедидам” мегуфт. Барои азобҳои дар ғарибӣ кашидааш, барои заҳматҳои тоқатфарсое, ки дар сардиҳо рӯ ба рӯ шуда буд, барои интизориҳову беқарориҳои як ошиқ, барои ваъдаҳои дурӯғи дилдодаи ҳиллагар, барои ҳақиру таҳқир шуданаш, барои нақши ошиқро олӣ офаридани духтари холааш, барои маблағҳои барбод рафтааш дилаш пора мешуд. Аммо дигар илоҷ надошт, маҷбур буд, ки сабр кунад. Бегоҳ Моҳсимо занг зад. Гулӯи Азиз аз ғам маҳкам шуда буд. Сӯҳбат карда наметавонист, телефонро набардошт.
“Маро бубахш, ман дӯстдошта доштам, туро танҳо ба хотири он интихоб карда будам, ки маро хононӣ, бо ту бозӣ кардам. Ба ман дигар нанавис ва ба мо халал нарасон!” чунин паёмак омад ба телефони Азиз. Ҷавон ба хотири он, ки ҳанӯз ҳам Моҳсимои бевафоро дӯст медошт, худ ба худ “хушбахт бошӣ” гуфт, дигар чӣ ҳам мегуфт. Номзадияшон барҳам хӯрд. Миёни ду хонавода ҷангу ҷанҷол ба вуҷуд омад. Ҳам ғарию ҳам пештозӣ гуфтагӣ барин, холааш забондарозӣ мекард.
-Ман духтарамро дар деҳа ба шавҳар намедиҳам. Азиз лоиқи духтари ман нест. Аз аввал розӣ набудам,- мегуфт модари духтар. Ҳол он ки зиндагиву шароити хонаводаи Азиз дар сатҳи баланд буд.
Баъд аз чанд муддат Азиз ба Амрико рафт. Корҳояш бобарор гирифта, маблағи зиёд ба даст овард. Ҳар моҳ 5- 6 ҳазор доллар кор мекарду 50- 60 ҳазор сомонӣ ба падараш мефиристонид. Моҳсимо бо ҷавони интихобкардааш тӯй карданд. Пас аз 11 моҳ Азиз аз Амрико баргашта, аз Душанбе хона харид. Тамоми хешу таборашро ба меҳмонӣ даъват кард, холааш низ омад. Аммо танҳо не. Баъди фотиҳаро вайрон кардан, Азиз модарашро намегузошт, ки бо хоҳараш рафтуомад намоянд. Дар ҳамон маърака апаву хоҳар оштӣ шуданд. Азиз аз омадани Моҳсимо ба хонааш изҳори норозигӣ кард.
-Ӯ шавҳар дорад. Дар хонаи ман чӣ кор мекунад?- Бо изтироб гуфт ба модар. Аммо аллакай Моҳсимо аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Холааш шикоят кард, ки домодаш доим менӯшиду шабгардӣ мекард. Моҳсиморо лату кӯб намуда, рӯзи хуш намедод. Моҳсимо барои шавҳараш зани сеюм будааст, аммо инро дер фаҳмиданд. Қабл аз ин издивоҷ, домодаш бо ду духтар оиладор шуда, онҳоро бадбахт карда буд. Шаробнӯшиву қиморбозии шавҳараш кам набуд, ки қарздор ҳам шуд. Чандин маротиба кораш ба суду миллиса афтод. Барои раҳоӣ ёфтанаш тағову амакҳояш талош мекарданд, аммо ин дафъа ӯ бо ҷурми қаллобӣ 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва дар маҳбас ҷавоби Моҳсиморо дод.
Моҳсимо ба зону истода, дар назди ҳама пайвандон аз Азиз бахшиш пурсид. Азизи раҳмдил “ҳама хато мекунад, ту низ аз ҷумлаи хатокунандагон будӣ” гӯён, ӯро бахшид. Ҳарду он рӯз хеле суҳбат карданд.
-Чаро ба ман бевафоӣ кардӣ?- пурсид Азиз,-сабаби хиёнат карданат дар чӣ буд? Ба ҷонат ҷонамро мондам, ҳарчӣ аз дастам меомад, бароят дареғ надоштам. Шавҳарат ҳатто як сомонӣ ҳам бароят харҷ накардааст. Чаро ин корро нисбати ман раво дидӣ?- Моҳсимо ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт:
-Аввалаш, намехостам дар деҳа зиндагӣ кунам. Баъдан, он ҷавонро қабл аз ту дӯст медоштам. Замоне, ки бо ман номзад шудӣ, ӯро огоҳ карда будам. Мо ба ҳам қавл додем, ки аз ҳисоби ту хӯрда мегардем, мақсад доштам, ки ту маро хононӣ, баъдан аз баҳри ту гузашта, бо ӯ издивоҷ намоям. Аммо ту ҳақиқатро барвақттар фаҳмидӣ. Ман иштибоҳи бузург кардам, хеле шармандаам. Ба ман як имконияти дигар бидеҳ, агар тавонӣ?
-Гузаштаро бояд фаромӯш кард, акнун ту ба роҳи худату ман ба роҳи худ меравам. Хиёнатро бахшида наметавонам,- гуфт Азиз ва аз суҳбати духтархолааш канор рафт.
Моҳсимо духтари хеле зебо буд. Қоматбаланду сафедпӯст, гесӯвони дарозаш дили Азизро мерабуд. Аммо барои бо ӯ будан дигар илоҷ надошт. Масхараи хешу ақрабо шудан намехост. Азиз ҷавони зебо набошад ҳам, аз дурӯғу макру ҳилла парҳез мекарду поквиҷдону баномус буд. Бо мурури замон ва гузашти вақт муҳаббати духтархолааш аз дили Азиз рафт. Ӯ дигар аз пайи ягон духтар нагашт. Чӣ қадар қуввату имконияте, ки дошт, барои кору забономӯзӣ сарф кард. Панҷ забонро аз худ намуд, тиҷорати мошинро ба роҳ монд. Моҳсиморо фаромӯш кард, аммо захме, ки ӯ дар дилаш гузошт, то ҳанӯз азобаш медиҳад. То ҳанӯз наметавонад дигар ба духтаре дил бандаду ба ӯ бовар кунад. Шикасти ин ишқ ҳарчанд қалбашро пора карду эътимодашро аз байн бурд, аммо дар зиндагиаш барору баракат овард.