Чанд сол қабл Азиз ба духтари холааш Моҳсимо сахт ошиқ шуд. Азиз дар деҳа, Моҳсимо бошад, дар маркази шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекарданд.
Ҷавон бо ҳар баҳона ба холааш занг мезад, қариб ҳар рӯз ба хонааш мерафту бо духтархолааш ҳамсӯҳбат мешуд. Рӯзҳо мегузаштанду муҳаббати Моҳсимо дар дили Азиз рӯз то рӯз бештар аланга мезад. Ҳамин тавр, 6 моҳ аз байн гузашт, дигар Азиз сири дилашро пинҳон карда наметавонист. Рӯзе ҷасорат пайдо карда, ба духтари холааш гуфт:
-Ман ба ту гуфтание дорам, биё ҳамроҳ ба сайругашт бароем, -духтар аз ин сухани писархолааш ба ҳайрат афтод. Азиз хоҳиш намуд, ки ба тамошои Қалъаи Ҳисор раванд. Ҳарду хеле сайру гашт карда, дар ҷое нишастанду ҷавон ба Моҳсимо изҳори муҳаббат намуд:
-Моҳсимо, ман туро дӯст медорам.
Духтар бо табассум гуфт:
-Ман туро мисли акаам медонистам, интизор набудам, ки ошиқам шудаӣ,-ҳамин тавр, хеле суҳбат карда, баъд ба хона рафтанд. Вақте шаб шуд, Моҳсимо ба Азиз занг зада гуфт:
-Ҳой бачаи ошиқ, магар маро фаромӯш кардӣ?- ҳарду шӯхикунон то дергоҳ гап заданд. Муносибати дӯстонаи писархолаву духтархола 5 моҳ давом кард. Билохира, Моҳсимо ишқи Азизро қабул карда гуфт:
-Ман аз ҷониби ту дар ин муддат ягон сухани ноҷову беэҳтиромӣ надидам. Туро интихоб мекунам, барои як рӯз не, барои тамоми умр, ту азизи қалбам мешавӣ!,- аз шунидани ин суханҳо дили Азиз якбора ба таппиш омад. Қалби ошиқаш дучанд тасхир гашт. Бениҳоят хурсанд буд. Пагоҳ бо як даста гул ба назди Моҳсимо рафту ҳамроҳ ба шаҳри Душанбе рафтанд. Аз байн ду моҳ гузашт. Азиз ба хонаводаашон аз ошиқи духтархолааш будан хабар дод, аммо модар намехост Моҳсиморо келин кунад. Азиз аз чунин ранг гирифтани ҳол хеле ғамгин гашт. Падарашро тавалло намуд, ки модарро розӣ кунонад. Падар интихоби писарро эҳтиром мекард ва барояш муҳимтар аз ҳама хушбахтии ҷигарбандаш буд. Вақте падару модараш ба хостгорӣ рафтанд, холааш розӣ нашуд. Аммо Моҳсимо гуфт, ки Азизро дӯст медорад, вале ба шарте ба ин издивоҷ розӣ мешавад, ки ӯро хононанд. Азиз розӣ шуд. Моҳсиморо ба коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, факултаи фармасевт дохил карданд. Азиз барои он ки Моҳсимо аз чизе танқисӣ накашад, ба Россия рафт. Ҳар рӯз бо дӯстдоштааш телефонӣ сӯҳбат мекарданд. Ҳарчӣ духтар мехост, Азиз муҳайё мекард. Маблағи таҳсил ва дигар хароҷоташро пурра ба дӯши худ гирифта буд.
Рӯзе ба телефони Азиз паёмаки ногаҳонӣ омад. Яке аз дугонаҳои Моҳсимо ба Азиз навишт, ки “ман ба шумо гап дорам”. Ҷавон хавотир шуда, зуд ба дугонаи дӯстдоштааш занг зад. Духтар баъди ҳолпурсӣ гуфт:
-Моҳсимо дугонаи ман аст, аммо ӯ лоиқи дӯстдории шумо нест. Шумо дар ғарибӣ ба хотири ӯ азоб мекашед, аммо дугонаам шуморо фиреб медиҳад. Ҳар рӯз як ҷавон бо мошин ӯро ба дарс меораду боз омада мебарад. Дирӯз якҷоя омадем. Ба ҳамон бача 5000 сомонӣ дода гуфт, ки “мошинатро таъмир кун!” Ҷавон пулро гирифта, “ту метавонӣ, занакҷонам» гуфта, ӯро бӯсид. Ҳар куҷое мераванд, Моҳсимо маблағи хароҷотро пардохт мекунад. Хӯрдану сайру гашташон ҳамааш аз ҳисоби маблағҳоест, ки шумо ба Моҳсимо мефиристед.
Азиз ба гуфтаҳои духтар бовар накард. Ӯ фикр кард, ки дугонаи дӯстдоштааш аз бахилӣ чунин мегӯяд. Ба Моҳсимо занг зада, то куҷо ҳақиқат доштани ин гуфтаҳоро пурсон шуд, вале духтар ӯро бо ишваю ноз дилпур карда гуфт:
-Ҳамааш дурӯғ аст. Ман мунтазири ту ҳастам ва ба ту содиқ мемонам, ба дугонаҳои бахили ман бовар накун!-Азиз ба Моҳсимо бовар карда, дигар аз пайи ин гапҳо нашуд.
Пас аз ду сол Азиз ба Тоҷикистон баргашт. Бо дӯстдоштааш вохӯрӣ карданд, ҳамааш нағз буд. Ҷавон боз ба Россия рафт. Моҳсимо мехост пас аз дарс дар як дорухона ба кор дарояд, Азиз ҳам монеъ нашуд. “Ҳарчӣ, ки туро хурсанд мекунад, бигзор ҳамон шавад” мегуфт. Моҳсимо ба кор шурӯъ кард. Соли сеюми таҳсилаш буд. Ин дафъа кори Азиз дар Россия бебарор шуд. Ӯро ҳамроҳи чанд ҷавони дигар ба сарҳад оварда, аз қаламравӣ он ихроҷ карданд. Азиз ба Тоҷикистон баргашт. Хост барои Моҳсимо «сюрприз» кунад. Омадани ӯро касе намедонист. Соати шаши субҳ аз фурудгоҳ баромада, бо як даста гул ба дидори азизи дилаш шитофт, хеле мехост ӯро дар ҳайрат гузорад. Аммо Моҳсимо барояш «сюрприз»-и беҳтар кард. Вақте Азиз ба дорухона даромад, Моҳсиморо дар оғӯши як ҷавон дид, ки ӯро мебӯсид. Дар ҷояш карахт шуду чизе гуфта натавонист. Ҷавон аз ҷояш хеста:
-Чӣ хизмат?- гуфт.
Давом дорад