Helvetas - Hukuki Man
Ҷаримаи муҳоҷирони тоҷик: карантинро барқасд вайрон карданд
2506

Суди вилояти Орлови Федератсияи Русия рӯзи 21 – уми апрел ду муҳоҷири тоҷикро барои қасдан вайрон кардани низоми қарантин ва бе иҷозат берун шудан аз ҷойи зист дар ин вилоят ҷарима кардааст.

Муҳоҷирон аз пойтахти Русия шаҳри Маскав ба вилояти Орлов рафта буданд. Баъди ин сафар онҳоро ба карантин фиристоданд, ки бояд 14 рӯзро дар хона бо табобат аз вирус мегузаронанд, аммо онҳо худсарона ба Маскав баргаштан хостанд. Аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро дар ҷои ҷамъиятӣ боздошт карда, нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба суд пешниҳод кардаанд. 

Хадамоти матбуотии суди вилояти Орлов навиштааст, ки “ду шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани низоми қарантина ба маблағи 15 ҳазор рублӣ ҷарима карда шуданд”. 

Бояд гуфт, ки айни ҳол муҳоҷирон дар Руссия кор намекунанд. Бино ба эълон шудани вазъи каратинӣ коронаҳо дарҳои худро баста, кормандонашонро ба истироҳат дар хона фиристодаанд.

Чанд муҳоҷири тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору фаъолият мекунанд, дар суҳба бо сомонаи “Оила” гуфтанд, ки барои харидани хӯрокворӣ ҳатто пул намеёбанд. Бар замми ин, мабодо аз хона бе иҷозат бароянд, кормандони полис онҳоро дастгир карда, ҷарима месозанд. Ин муҳоҷирон аз он шикоят доранд, ки “барои хӯрокпулӣ маблағ надорему боз моро ҷарима мекунанд. Пули ҷаримаро аз куҷо ёфта месупорем? Худамон гурусна мегардему...”. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 апрел Президенти Русия фармонро дар бораи муваққатан озод кардани муҳоҷирон аз пардохти пули патент имзо кард. Дар асоси матни "Фармони Президенти Федератсияи Россия дар бораи танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия ба сабаби хатари паҳншавии COVID - 19" омадааст.

“Дар давраи аз 15 март то 15 июни соли 2020, агар мӯҳлати будубоши муваққатӣ, истиқомати муваққатӣ, бақайдгирӣ дар маҳалли истиқомат, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, корти муҳоҷират бо тамғаҳои мӯҳлати эътибор, иҷозатномаи кор ё патент ба анҷом расида бошад, аз нав ба эътибор даровардани ин ҳуҷҷатҳо дар ин давра боздошта мешавад.

Корфармоён бо риояи маҳдудиятҳои муқарраршуда ва талаботи санитарӣ метавонанд нафаронеро, ки ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия зиндагӣ доранд бе патент ё иҷозатномаи кор, истифода кунанд. Инчунин, дар давраи аз 15 март то 15 июни соли 2020, дар бораи хориҷкунии маъмурӣ аз қаламрави Федератсияи Русия (депортация) ягон қарор қабул карда намешавад".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД