35 years of independency
Қариб 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ натавонистаанд вориди Русия шаванд
08.10.2026
Oila.tj
26

Давоми соли ҷорӣ тақрибан 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ натавонистаанд вориди Русия шаванд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз оғози барномаи озмоишии сабти номи мустақилонаи шаҳрвандони хориҷӣ тавассути барномаи ruID қариб 320 ҳазор сафар тасдиқ шудааст. Барномаи ruID ҳамчунин имкони санҷидани маълумоти шахсро дар феҳристи ашхоси таҳти назорати маъмурӣ қарордошта фароҳам меорад.

Мақомоти Русия истифодаи ин низоми рақамиро ҳамчун яке аз механизмҳои назорати вуруду будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар арзёбӣ мекунанд. Барои муҳоҷирон пешакӣ санҷидани мақоми худ дар низом метавонад ба омодагӣ ба сафар ва пешгирии мушкилот ҳангоми воридшавӣ мусоидат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД