Қаҳрамонмодари танҳо
30.11.2025
Oila.tj
98

Мариам Набатанзи аз Уганда (Африқо) яке аз серфарзандтарин бонуҳои олам ба ҳисоб меравад. Ӯ соҳиби 44 фарзанд мебошад.

Солҳои гуногун Мариам чор маротиба чоргоник, панҷ маротиба сегоник ва шаш маротиба дугоник ба дунё овардааст. Даҳтои онҳо духтар буда, боқимондаҳояшон писаранд. Калониаш 24 сол дошта, хурдтаринаш ҳамагӣ дусола мебошад.

Дар ҳоле ки шавҳар тарбияи кӯдаконро бар дӯш гирифтан нахост ва оиларо тарк кард, Мариам мардонавор барои нигоҳубини оилаи бузургаш фурӯши гиёҳҳои шифобахш, ороиши тӯйхонаҳо ва дигар корҳоеро, ки бо онҳо метавон рӯзгорро таъмин сохт, пеш гирифт.

- Ман аз ягон коре, ки зиндагиро пеш мебарад, рӯй намегардонам, зеро фарзанд доди Худост. Аз ин рӯ, то ҷон дар рамақ дорам, мекӯшам, ки фарзандонам аз чизе танқисӣ накашанд,- мегӯяд зани баномуси угандӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД