1xbet
Ҳаракати нақлиёт дар Душанбе тӯли ду моҳ маҳдуд мегардад
48

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои пойтахт аз 8-уми июл то 30-юми сентябр муваққатан манъ мегардад. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳр ба расонхо хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки тадбири мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт зимни корҳои «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов» андешида шудааст.

Дар робита ба ин, ҳаракати нақлиёти мусофирбар, ки тавассути кӯчаи Аҳмади Дониш (аз кӯчаи М. Мастонгулов то кӯчаи С. Айнӣ), кӯчаи С. Айнӣ (аз кӯчаи А. Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи С. Айнӣ то кӯчаи Карамов) мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат равона карда мешавад. Дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар низ муваққатан тағйирот ворид мегардад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаҳои ҳамшафат чораҳои зарурӣ андешад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД