Sebiston new 2024 october
Арақ шавҳарамро мехўрад (ҚИСМИ 1)
3625

Қурбон ҷавонмарди қоматбаланди зебое буд. Ман дар синфи ҳашт мехондаму ў дар синфи ёздаҳ, ки ба ҳам ошиқ шудем. Азбаски падараш раиси совхозамон буд, бачаи раис харидорони зиёде дошт. Ба мани камбағали пастқомати зардак ошиқ шудани ў рашки дигар духтаронро меовард. Модараш ҳам намехост маро келин кунад, аммо Қурбон ба қавли худ устувор буду мо хонадор шудем.

Дар хонадони сернуфусу сермеҳмони онҳо ман мисли хар кор карда, барои истироҳат вақт намеёфтам ва табиист, ки харобу хазон шудам. Хушдоману панҷ хоҳаршўям ҳамеша маро бо додарашон қиёс карда, механдиданд, ки баландии қади ман то миёни Қурбон мерасад. Ман хомўш будам, зеро ба қавли як шоир:

Мард агар ошиқ шавад, олам гулистон мешавад,

Зан агар ошиқ шавад, охир пушаймон мешавад.

Бале, ман ҳам аз ошиқиву забонкутоҳиҳои хеш пушаймон будам, вале чорае надоштам. Хушдоманам баъди панҷ духтар соҳиби писар шуда буду ба овози ў лаббай мегуфт. Шавҳарам рўзи дароз дар кор буд. Баъд аз кор бошад, ҳамроҳи рафиқонаш кайфу сафо карда, дер ба хона меомад. Агар аз забонам як ҳарф мебаромад, хушдоманам сар мекард:

- Бечора бачам, думи ту мундуқа гирифта шинад?! Вай ҳам мардак, шабу рўз кор мекунад, ҳисобу китоб кори осон аст?

Шавҳарам дар як идора муҳосиб буду пули хуб меёфт, аммо барои ман як тин сарф намекард. Ман ғайри хомўшӣ илоҷ надоштам, зеро дар вақташ волидонам ҳам намехостанд ман ҳамсари Қурбон шавам. Онҳо хӯву хислати модари ўро хуб медонистанд. Соҳиби ду фарзанд шудем, як писару як духтар, вале шавҳарам ҳамон буду ҳамон. Як рафиқи ҷонияш дар маркази вилоят вазифа гирифту ҳамсарамро бо худаш бурд. Акнун шавҳарам вазифаи хуб дошт, вале зиндагии моро хусури пирам пеш мебурд. Ў кайҳо ба нафақа баромада бошад ҳам, боғу роғи зиёд дошт ва аз ҳисоби фурўши мева зиндагии моро таъмин мекард. Писару духтарам мактабхон буданду агар ягон чиз лозим шуда монад, назди бобояшон мерафтанду назди падарашон не. Шавҳарам ҳамеша занҳои чоқро хуш дорад ва маро мазоҳу масхара мекунад, ки “як ваҷабӣ, ягон назокати занона надорӣ”. Ман бо гиря мегўям, ки “охир ту ошиқи зори ман набудӣ?! Ҳамин ту шаб то рўз пушти дарвозаи мо истода, маро бадном накардӣ?!”. Ў бо хандаи талх даст меафшонаду халос.

Шавҳарам ба маркази вилоят рафта, шаҳрӣ шуду маро умуман фаромўш кард. Аввалҳо ҳар ҳафта меомад, ду рўзи дар деҳа буданаш лаби дарё медонисту арақнўшиву шаб маст омадану ҷудо аз ман хоб кардан. Ў дигар лаби бистари маро зер намекард. Ростӣ, сахт аламам мекард. Ин ҳама кам буд, ки рӯзе апаи калонияш меҳмон шуда, як хабарҳое овард, ки…

- Ҳозир дар шаҳр занҳои хондагии аз ҳама чиз таъмине ҳастанд, ки мардҳои зеборо ба доми худ мекашанд. Масалан, ҳамин Қурбони мо барои ин гуна занҳо луқмаи тайёр аст, қоматбаланд зебо, абрўсиёҳ!,- мегуфт қайсингилам ба ман нигоҳ карда.

Ман фаҳмидам, ки таги коса нимкосае ҳаст, вагарна булбулаки хоҳаршўям ин қадар ширин намехонад...

(Давом дорад)

ГУЛДАСТА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД