Arzon march 2024
Арақ шавҳарамро мехӯрад (ҚИСМИ 2)
2949

Ҳамон рўз апаам аз шаҳр меҳмонӣ омаду аз хушдоманам рухсат гирифта, ба наздаш рафтам. Мо дар оила ду духтару шаш писар ҳастем, бародаронам апаамро дўст медоранду эҳтиром мекунанд, зеро ў ба гапи онҳо карда, шавҳари ёфтаи онҳоро гирифт. Ман бошам, гуфта будам, ки агар маро ба Қурбон надиҳед, худамро мекушам.

Дилам пур буд ва ҳамин ки бо апаам танҳо мондем, гапҳои хоҳаршўямро гуфтам. Апаам бо қаҳр гуфт:

- Ҳамонҳо ёфтаанд ту девонаи содаро, ҳар гунае хоҳанд, масхараат мекунанд, дар шаҳр ҳама мурданд дар ҳақи ҳамун шавҳари почакандаи ту! Писару духтарат пагоҳ фардо донишҷў мешаванд, аммо ў ҳатто хонаҳои кўҳнаи аз дақёнус мондаашонро нав накардааст, мошин надорад, кай бинам як куртаи кабуду як костюми сиёҳ мепушад, ба кӣ даркор вай?! Он занҳое, ки хоҳаршўят дар назар дорад, марди пулдор мекобанд, на гадо! Девонагулак, кам гиря куну кам худатро адо намо, шавҳари дайдуи ту чилсола шуда, одам нашуд, нав мешавад?!

Ростӣ, баъди суҳбат бо апаам худро одами дигар эҳсос кардам, дигар на гиря мекунаму на рашк. Ҳол он ки тайи ин солҳо саломатиямро аз даст додам.

Зиндагиям яксон ҷараён дошт, вале шавҳарам, ки вақтҳои охир ба май сахт дил баста буд, оқибат бемор шуд. Ба рухсатии меҳнатӣ баромада, ба хона омаду шабу рўз масту аласт буд. Шабе аҳволаш сахт бад шуду як ҳамсабақаш ўро ба беморхона бурд. Баъди муоина маълум шуд, ки ҷигараш бемор аст. Даҳ рўз дар беморхона хобида, табобат гирифт. Баъди он ки ба хона баргашт, бо ҳам то дер суҳбат кардем, ба шавҳарам гуфтам, ки “дигар арақ нахўр”, ў бо алам гуфт:

- Медонӣ чӣ, ман синфи як будам, ки аввалин бор тамъи майро чашидам. Ёд дорӣ Ашур-лақай дар назди магазин дар бочкаи калоне пиво мефурўхт? Падарам мани кўдакро барои пиво мефиристод, ман онро оварда, даруни об гузошта, кай мехостам менўшидам. Баъдҳо аз шишаҳои майе, ки падарам камтарашро нўшида, дар ҷевон пинҳон мекард, менўшидам ва ҳамин тавр ба май дил додам. Ба шаҳр ба кор рафтаму ба зане дил додам, маро бубахш, аммо ўро он қадар дўст медорам, ки ногуфтанӣ. Он чизе, ки ману ту ишқаш мегўем, аслан ишқ набудааст. Ман ишқро дар чашмони Зулола дидам, ў ҳам маро дўст медошт. Дар ҳавлии дуошёнаи барҳаво худаш танҳо зиндагӣ мекард, писаронаш ҳарду духтуранду дар Русия зиндагӣ мекунанд. Шавҳарашро хеле ҷавон аз даст додааст. Зулола пеши ман шарт гузошт, ки дигар арақ нанўшам. Ман як ҳафтаи дароз наменўшидам ва шанбею якшанбе, ки назди шумо омадам, то мурдан менўшидам. Шояд барои ҳамин ҷигарам бардошт накард. Зулола вақте фаҳмид, ки ман аз май алакай вобаста шудаам, маро аз хонааш ронд. Ӯ духтур асту алакай бемории маро медонад. Зораву нолаи ман дигар ба ў кора намекунад, ғами ишқи ў маро мекушад.

Дилам ба ҳоли шавҳарам сўхт, дигар на рашк гиребони ақламро мегирифту на ҷанг мекардам. Дар дилам Худоро зорӣ мекунам, ки падари фарзандонамро аз ман нагирад. Ман ўро он қадар дўст медорам, ки розиям бо зани дигар бошад, аммо намирад. Баъди ин рози дил гуфтанҳо бо ҳамсарам наздиктар шудем. Ӯ баъди рухсатӣ ба кор баромад, аҳвол ҳамон гуна буд. Боре ба вай гуфтам, ки “агар ту аз арақ даст кашӣ, ман худам назди ҳамон Зулолаат меравам, то туро аз нав қабул кунад”. Қурбон хастаҳолона ба ман нигариста, пичиррос зад:

- Илтимос, дигар номи ўро нагир, Зулола ба Олмон рафт. Ба фикрам ман рўяшро надида мемирам, дирўз бароям ҳазор доллар фиристодааст, ки барои табобатам сарф кунам. Дидӣ, ў ҳам маро дўст медоштааст…

Шавҳарам рўз аз рўз харобу хазон шуда истодааст, баъзан ба пиёлаи калон арақ рехтанашро дида, худ ба худ фикр мекунам, ки шавҳарам арақро не, арақ мисли аждаҳое ўро дам мекашад. Чӣ кор кунам намедонам, ба гўши ў на зориҳои волидони пираш медарояду на гиряҳои ман.

ГУЛДАСТА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД