Ҷаҳонаи нозанин ҳамагӣ 27- сол дошт ва дар дил ҳазорон орзуву ҳавасҳои ширин мепарварид, аммо тундбоди қисмат дар як лаҳза нахли умрашро аз шохаи дарахти ҳаёт барканд.
Шоми 15-уми январ, ронандаи автомашинаи ВАЗ-762, Қличев Саидобид Саидмухторович ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Дустӣ Ҷаҳонаи нозанинро, ки аз роҳ мегузашт, пахш намуд. Дар як лахзаи кутох ҷисми ба мисли гул тару тозаи Ҷаҳона ба хун оғӯшта гашта, қалбаш аз тапидан бозмонд. Бино ба гуфтаи шоҳидон, Ҷаҳона саросемавор ба куҷое мешитофт ва ҳатто чӣ гуна дар зери чархи мошин монданашро ҳис накард. Кӣ медонад, шояд дар он лаҳза фарзанд ё модари Ҷаҳона бемор буд ва саросемавор ба дорухона барои харидани дору мерафт? Ё шояд дар хонаи Ҷаҳона нон набуд ва барои гурусна намондани кӯдаконаш ба мағоза мешитофт, то нон харад?
ДОНИШҶӮЙ: ЛАҶОМИ ДУЗДҲОРО КАШЕД!
Ҳоло аҳли оилаи ин ҷавонзани ғуррамарг ба ғаму андӯҳ гирифторанд ва гунаҳкори ин ҳама ашку нолаву оҳи эшон як ронандаи бепарвост.
Саидобид низ аз он, ки суръати мошин баланд карда, боиси марги як инсони бегуноҳ гашт, пушаймон аст, вале пушаймонии ӯ Ҷаҳонаи аз ҳайёт маҳрумро дубора зинда карда наметавонад...