Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020- чунин унвон гирифта буд мизи мудаввар, ки дар бинои Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гашт.
Чорабиниро директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда дар бораи зарурати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва корҳои дар ин самт анҷом дода шуда сухан ронд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Хазинаи нуфузи СММ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки шумораи умумии аҳолӣ дар Тоҷикистон то 1-октбри соли 2020 тибқи натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 9661,6 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолӣ дар 10 соли охир 27,7 фоиз зиёд шудааст. Аз шумораи умумии аҳолӣ мардҳо 4901,0 ҳазор нафар ва занҳо 4760, 6 ҳазорро ташкил медиҳад.
Аҳолии шаҳр 2528,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна 26,2 фоизи аҳолӣ дар шаҳр зиндагӣ карда 7133,0 аҳолӣ, яъне 73,8 фоиз дар деҳот умр ба сар мебаранд. Тавлиди тифлакони ҷинсашон писар нисбат ба тавлиди духтарчаҳо бештар ба қайд гирифта шудааст.