Arzon march 2024
Анвар, шавҳари Гулнигор: Зани хуб ба Варзоб намеравад
4107

Гулнигор: 
Дар ҷонам задӣ, мардак!

Тобистон ҳам ба охир мерасаду мардакам боре ҳам ману фарзандонамонро ба ягон ҷо дамгирӣ набурдааст. Аз кори давлату хизмати хусуру хушдоман хаста шудаам, дилам мехоҳад ба ягон гӯшаи зебоманзари кишвар рафта, чорта дами беғам занам, вале шавҳарам бепуливу кризисро баҳона карда, ҳеҷ гапамро намегирад. Дигар занҳо барин ман аз шавҳарам талаб накардаам, ки маро ба Дубаю Туркия тамошо барад, ҳатто роҳхати «Хоҷа Оби гарм» ва «Кохи малика»-ро нахостаам, мехоҳам ақаллан ба Варзоб равам, вале барои ҳамин як истироҳати одияк ҳам мардаки ман пул надорад. Занҳои ҳамкорам ҳар рӯз таърифу тавсиф мекунанд, ки бо шавҳару фарзандонашон ба «Аквапарк»-у дараи хушманзари Ромит, ба соҳили дарёи Варзоб рафтаанд. Расмҳои дар оғӯши табиат гирифтаи онҳоро дида як аламам сад алам мешавад. Ман аз он занҳои пиру баднамуди фартут чӣ камӣ дорам, ки шавҳарам дар умрам ақаллан як боракак маро ба ягон мавзеи хушбоду ҳаво ба тамошо намебарад? Ҷавонзани зебо ва панҷ панҷаам ҳунар аст, вале шавҳарам ба қадри ман намерасад. Ҳамеша қошу қавоқаш овезон, ғур- ғур карда мегардад. Росташро гӯям ҷонам кайҳо аз «чанги тирезаро нагирифтӣ, аз хоб дер хестӣ, сари бачаамонро нашустӣ, хӯрокат бемаза» гуфтанҳои ин мардак ба лабам расидааст, вале хотири фарзанд сари кафида зери тоқӣ гӯён, тоқат карда мегардам. Кирои чунин эрод гирифтанҳо худаш марди майдон мешуд, чизе намегуфтам, вале ин муғамбир дупула арзиш надорад. Мард шуда на фикри зиндагиро мекунад, на парвои чӣ хӯрдану чӣ пӯшидани зану фарзандонашро дорад. Аз дар даромадан замон дар назди телевизор ғел мезанаду дунёро об барад ҳам, пинакаш вайрон намешавад. Дар 17 соли зиндагии якҷояамон боре ҳам як пиёла чой дам накардааст. Ман ба ҳамин мардҳои тоҷик ҳайронам, зан барои онҳо гӯё ғулом бошад, ҳама ташвишҳои хонаро ба сари ҳамсарашон бор карда, оби дилашонро намеҷумбонанд. Серкории маро дида, раҳми ҳамсояҳо меояд, мардакам бошад, чунон бепарво аст, ки ақаллан пиёлаи худашро намешӯяд. Ман ҳам мисли ӯ кори давлатро карда ба хона пул меорам, тамоми камбудиҳои фарзандонамонро таъмин месозам, бар замми ин, мерӯбам, мешӯям, хӯрок мепазам, вале бо ин ҳама хизмат дар назди шавҳарам як зарра қадру қимат надорам. Баъзан аламам омада худ ба худ мегӯям, ки ягон марди рӯйи замин ба хубӣ набудааст, охир ман мисли дигар занҳо рӯзи дароз дар хона хобида, аз ӯ пул талаб намекунам, баръакс барои ободиву пешравии хонавода кӯшиш мекунам, чаро ягон корам дар чашми мардакам наметофта бошад?! Дилам аз зиндагӣ монда, шавҳарам дар назарам рӯз ба рӯз хук барин шум шуда истодааст.

 


 ЗАНИ ЯКУМАМ НОДУХТАРУ ЗАНИ ДУЮМАМ ҒАР

 


Анвар, шавҳари Гулнигор: 
Зани хуб ба Варзоб намеравад

Занак, нағмаҳои нав баровардаӣ, боз дилат майли Варзобу Ромит кардааст, туро аниқ муҳити кориат вайрон кардааст-да! Бо занҳои таннозу кайфӣ дугона шуда, поятро ба пойи онҳо дароз накун. Зани хуб бояд дар хона нишаста фарзандонашро нигоҳубин кунад ва дар фикри ободии оила бошад. Модари ман 8 фарзандро ба воя расонида, бечора дар умраш ягон бор на ба истироҳатгоҳ рафтаасту на даме роҳат дошт, вале мо, фарзандонаш боре нашунидем, ки аз зиндагӣ шикоят карда бошанд. Гулнигор, ақлатро ба сарат гир, ту дар Варзобу Ромит чӣ гум кардаӣ?! Магар рафтагиҳо шоху дум бароварданд? Дар он ҷо рафта чӣ кор мекунӣ? Дилат сихкабоб мекашида бошад, дар хона пазу бо фарзандонат хӯрда шин. Хулоса, гапи ман ҳамин, лақ-лақи беҳударо бас карда, фикрҳои хомро аз сарат зудтар дур соз! Дар масъалаи кору бори хона бошад, хобатро рафта ба об гӯй! Дар куҷо дидӣ, ки мард пиёла шӯяду чой дам кунад. Дониста бош, ту дар зери кор монда мурӣ ҳам, ман ҳеҷ гоҳ дастамро ба дегу табақ намезанам! Ин нағмаро ҳам ҳамон дугонаҳои ҳамкорат ба ту ёд додагистанд. Беҳуда намегӯянд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ. Туро ҳамон дугонаҳои мастат аз кӯчаи одамгарӣ бароварда истодаанд, вагарна ту пештар чунин нағмаҳо надоштӣ. Аниқ медонам, ки туро атрофиёнат гапу кор нишон медиҳанд. Ту зани шавҳардору кӯдакдор ҳастӣ, дугонабозиро бас кун, ба гапи дугонаҳои бемаъниат дароӣ, оқибат хонавайрону дар ба дар мешавӣ, занак!

Маслиҳати равоншинос:

Вақте зан аз муҳити танги хонаводагӣ ба кор баромада, чӣ гуна зистани бонувони дигарро мебинад, агар дар оила фишор медида бошаду ягон мояи дилхушӣ надошта бошад, хоҳ нохоҳ зиндагияшро муқоиса карда, ба яъсу ноумедӣ гирифтор мешавад. Бародари азиз, модоме шумо зидди ба истироҳатгоҳ рафтани завҷаатон ҳастед, бояд ақаллан дар корҳои хона ба ӯ каме кӯмак расонед. Бовар кунед, ба кору бори зан ёрӣ расонидан заррае обрӯи мардро коста намесозад. Дасти занатонро каме сабук кунед, осмон омада ба замин намечаспад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД