Дар шумораи №22-юми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Барои овози гӯсфандон «выговор” гирифтам» аз зиндагинома ва фаъолияти кории Гуляман Алиёрова, собиқадори матбуот ва радиову телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалин хатмкунандагони риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаҳо, медали 100- солагии «Матбуоти тоҷик», нишонаҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавод дарҷ гардидааст.
Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Чаро келину хушдоман сагу пишак мешаванд?” фикру ақидаи ҷомеаро оиди муносибатҳои келин ва модаршӯ баён менамояд.
“Аз ғуломӣ хаста шудам” фиғони дили занест, ки ғуломи хонаводаи хола – хушдомани худ гаштаасту косаи сабраш лабрез шуда, мехоҳад ба чунин зиндагонии сагона нуқта гузорад, вале ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонад.
Қиссаи “Таънаи падар ҳаётамро сӯхт” воқеӣ буда, зиндагинома ва сарнавишти зане аст, ки бо вуҷуди сарватманд будани падараш ба тамоми каму кости хонаводаи шавҳар тоқат мекард, вале имрӯз як таънаи падар ӯро хонавайрон кардааст.
“Ишқи марговар” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ. Баъд аз мутолиаи он бори дигар муътақид гаштан мумкин аст, ки як хатои ҷавонӣ метавонад инсонро ба оташи сӯзоне фиканад, ки нусхае аз оташи ҷаҳаннам аст.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Падарам зидди сароянда шуданам буданд” бо ҳунарманди хубу боистеъдод Комилҷон Зарипов аз вазъи шоу-бизнеси тоҷик, танбалии сарояндагон, интихоби матну ҳамкорӣ бо соҳибкасбҳо то роҳи ягонаи даромад аз санъат мутолиа намоед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогери шинохта, продюсер ва муаллифи лоиҳаҳои “Хушдоманҳо” Илҳомҷон Фозилов машҳур гаштааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Таъсири лаблабу, зағир ва чормағз ба пӯсти рӯй” ва "5 бемории тобистонаи кӯдакон” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намозро аз 5-ум то 30-юми июни соли 2024, ки дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дастрас карда метавонед.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хушдомани собиқро хоб дидан...” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Музди муҳоҷирони меҳнатӣ баланд шуд“ маводро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Апаҳои шавҳарамро бинам, аллергия мешавам”, “Пулҳои шавҳарамро ҳамсоя мехӯрад" дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!