Шумораи қурбониёни задухӯрди тоҷикон ва қирғизҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қиғизистон торафт меафзояд.
Спутник дар такя ба як манбаи худ дар ҳукумати шаҳри Исфара навиштааст, ки дар натиҷаи ин моҷарои хунин 8 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 110 нафар захмӣ шудаанд. Манбаъ таъкид мекунад, ки сарчашмаҳои ғайри расмӣ шумораи қурбониёнро аз ин ҳам бештар арзёбӣ намуда мегӯянд қариб 20 нафар дар ҷанги тоҷику қирғиз кушта шуда, 160 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин хабарҳо дар ҳоле мерасанд, ки суҳби имрӯз шумораи қурбониён 3 нафар ва захмишудагон 31 нафар гуфта мешуд.
Ҷониби Қирғизистон шумораи қурбониёни худро 13 нафар арзёбӣ намуда, мегӯянд дар натиҷаи задухӯрд дар марз 134 нафар захмӣ шудаанд.