Муовини дафтари сиёсии Толибон эълом кардааст, ки агар Муҳаммад Ашрафи Ғанӣ, президенти Афғонистон истеъфо диҳад, гурӯҳи Толибон ҳозир ҳастанд, ки оташбас кунад ва бо давлати ҷадид канор биёяд.
Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии дафтари Толибон бо тарҳи ин иддао, ки давлати Афғонистон монеи барқарории сулҳ аст, афзуд, давлати кунунии ин кишвар бояд канор баравад ва давлати ҷадиде дар Афғонистон бар сари вазифа ояд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Ба иттилои манбаъ, Станакзай дар ташреҳи модели мавриди назари Толибон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон анҷоми ҷанг дар ин кишварро ба хурӯҷи комили ҳамаи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон машрут донист ва таъкид кард, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, ин гурӯҳ силоҳи худро бар замин намегузорад.
Станакзай ҳамчунин арз намуд, Толибон аз кишварҳои минтақа монанди Чин, Русия, Эрон ва Покистон хостааст, ки аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят кунанд.
Аз ҷониби дигар Давохон Минапол, муовини сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар посух ба ин изҳорот гуфтааст, “вогузории қудрат дар ин кишвар машрут ба ин аст, ки давлати баъдӣ мунтахаби мардум бошад”.
Даври дувуми музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон ба манзури поёни ҷангу даргирӣ дар ин кишвар аз нуҳуми январ дар Қатар оғоз шудааст.