Маҳсулоти лозима:
100 мл шир, 100 гр равғани маска, 3 дона тухм, 150 гр шакар, 1 қошуқча ванилин, каме намак, 200 гр орд, 1 қуттӣ ширқиём, чормағз.
Тарзи таҳия:
Тухмро бо шакар, ванилин, намак то пурра ҳал шуданаш лат занеду ба он равғани маска, шир ва дар охир ордро илова карда, хамир омода созед. Хамир бояд қаймоқмонанд бошад, аз он ба тоба кам-кам рехта, кӯшиш кунед, ки чалпакҳои тунуктар омода созед. Чалпакҳои пухташударо дар гармияш ба таври нойча тоб диҳеду ба дарунаш ширқиёму чормағз андозед.