Пас аз ин воқеа ду рӯз гиря кардам, охир ягон кас маро ин гуна таҳқир накарда буд. Акнун ин беодоб барои асабӣ кардани ман усули дигар пайдо карда буд.
Ӯ дарашро ба пушт кушода ду се-соат фақат як сурудро такрор ба такрор мехонад:
- «Дар оғӯши ту мемирам»…
Овозаш он қадар хунук аст, ки гумон мекунӣ саг нула кашида истодааст, духтарчаи пахмоқмӯйяш баробараш «ӯӯӯӯӯӯӯӯӯ» гӯён «ҳамовозӣ» мекунад. Ин «Консерт» танҳо бо омадани яке аз ҳамсояҳо ба охир мерасид. Барои надидани рӯйи касифи ин аз одамгарӣ бехабар, ба духонагии дар маркази шаҳр будаамон омадам. Шавҳарам бошад бо ҳар баҳона зуд-зуд ба хона меравад, ман боварӣ дорам, ки миёни ӯ ва он занаки беақли ҷанҷолӣ чизе ҳаст, зеро чун сухан дар бораи вай меравад рангаш мепараду нигоҳашро аз чашмони ман мегурезонад. Чанд рӯз пеш як ҳамсояи қирғизамонро дидам, ки дар ошёнаи боло зиндагӣ мекунад, ӯ аз ман авҳол пурсида гуфт:
- Шунидам ба хонаи дигарат гузаштаи, барои чӣ?
Ман дар ҷавоб баҳона овардам, ки ин ҷо як беморам мезияду барои наздикӣ…
Аммо зан сарашро ҷунбонда пиччиррос зад, докторро танҳо намон, ба мардон танҳоӣ намефорад. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки шавҳарам низ бо ман аст, ӯ ба ман таҳдор нигариста афзуд, бо ту буданашро намедонам, аммо мошинаш доим дар назди бино аст…
Пас аз гапи ҳамсояаамон, ки ман доим дами бемории худашу келинҳояш ба вай кумак мекардам, диламро гурбаҳои хашмини рашк чангол мезананд.
Таънаҳои он зани Худозада дар гӯшам садо медиҳад, ки мегуфт:
- Ту мардаки аз худат хурдро фиреб карда гирифтӣ.
Агар шавҳарам ин гапро ба ӯ нагуфта бошад, ӯ ғайбдон аст, ки синну соли моро медонад?! Шояд сурудхониҳои ӯ низ маънӣ доранду ӯ дар оғӯши шавҳари ман «мемирад»?!
Ман намехоҳам, ки рашку итоб карда худамро шарманда кунам, мехоҳам аз пушти шавҳарам пойида гуноҳашро ба гарданаш дайн кунаму сипас ба назди писари калониям ба Олмон рафта ҳамон ҷо зиндагӣ кунам.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, хонандагони азиз?
Хонандаи доимии шумо
Таснифи Нисо ХОЛИД