Ҳамсоя дар оғӯши кӣ мемирад? (ҚИСМИ 3)
1318

Дӯзахи ҳамсоя

Мо дар як роҳрав чор оила зиндагӣ мекунем, аслан ман вақти ҳамсоянишинию ғайбат надорам ва бо ҳамсояҳо ҳам муносибатам хуб аст. Мо ғайри салому алейк ё дар иду ягон маърака якдигарро дидан, он қадар муносибати зич надорем. Ҳамсояи рӯ ба рӯямон зани бухороии бомаърифати як умр омӯзгор буд, ин зан кӯчида рафту ба ҷойи онҳо як ҷуфти ҷавон омаданд. Сурату суммоти занаш аз аввал ба ман писанд наомад, аз ин рӯ ба зур ба саломаш алейк мегирифтам. Мардаш бошад ким-чӣ хел аблаҳнамои ландаҳур метофт, намедонам дар куҷо кор мекунад, ки як умр дар хонааш нест. Баъзан бо либосҳои чиркин пайдо мешавад…

Ҳамсари ҷавонаш бошад ҳамеша дар кӯча асту духтарчааш ҳамроҳаш, бовар кунед бӯю тафи хонааш гоҳе тамоми подездро зер мекунад. Ман ба ӯ коре надоштам, аммо як нисфишабӣ аз тақ-тақи дар бедор шуда пушти дар ӯро дидам, ӯ бо дидаи гирён гуфт, ки духтарчааш аз дард беҳуш шудаасту ёрдам даркор. Азбаски ман духтури занонааму шавҳарам духтури бачаҳо ман ӯро ба хонаи ҳамсоя равон кардам. Кошки равон намекардам…

Сатрпӯши беимон

Пас аз ин воқеа мо барои ин чиркинаки шаттоҳ ёрии таъҷилӣ шудем, дигар шабу ними шаб ба хона зада медаромаду гоҳ дору мепурсиду гоҳ ёрӣ…

Оҳиста-оҳиста шавҳарам бо вай гапӣ шуду дигар дар будану набуданам ба ӯро хона роҳ медод. Ин сатрпӯши беимон ҳатто дар ҳузури ман шарм надошта, доктор ину доктор он гӯён гирди шавҳарам парвона мегашт. Шавҳари ландаҳурашро латта карда буду ба шавҳари шасту ҳашт солаи ман чашмаки ман чашмаки ту мекард. Байни ману шавҳарам ягон бор ҷангу ҷанҷол нашуда буду мо ҳамдигарро зиёд эҳтиром мекардем, дигар шудани шавҳарамро бинам ҳам шарм медоштам, ки аз рашкам ба вай гӯям…

Як рӯзи дигар ҳамсоязан ба сару рӯяш сурхию сафедии бисёр молида дарро тақ-тақ заду беибо пурсид:

- Холашка доктор дар хона аст?

- Не, дар кор тинҷӣ аст?

- Гуфтам, агар тавонанд барои ман дар клиникаашон ягон кор ёбанд, фаррошӣ ми, санитаркагӣ мӣ?

Хостам яку якбора қадами ин аблаҳро аз хона канам аз ин рӯ гуфтам:

- Гӯш кунед, ҳамсари ман масъули соҳаи кадрҳо нест, ки ба шумо кор ёбад, баъд дигар барои дорую дармон ба хонаи мо надароед, барои ин духтурхона аст. Агар хоҳед суроғаи поликлиникаи наздиктаринро навишта диҳам…

Гапам тамом нашуда ҳамсоя қиёматро қоим кард… Ӯ бо тамоми овоз фарёд мезад:

- Э айба дон, кампири беимон, мардаки ай худат хурдро фиреб карда гирифта акнун рашк карда мегардӣ?! Майлаш ман дигар ба хонаат намедароям, кӯҳрии одамгурез, ту одам бошӣ бачаҳоят туро партофта мераванд! Ҳайфи ҳамон мардаки хӯшру дар ту, мур кӯҳрӣ…

Ман аз ин гуна гардиш гирифтани кор дар ҷоям шах шудам, дигар намедонам ӯ чӣ мегуфт ва дарро ба рӯяш пӯшидам…

(Давом дорад)

Хонандаи доимии шумо

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД