Ҳамсоя дар оғӯши кӣ мемирад? (ҚИСМИ 2)
1339

Ваъдаи васл

Фаршед маро то меҳмонхона гусел карда раҳораҳ ваъда дод, ки пас аз чанд рӯз ба хостгории ман хоҳад омад… Чун ба ноҳия расидам аввал ба ҷойи корам рафтам, сардухтур маро бо хушнудӣ пешвоз гирифта ба утоқаш хонд. Дар як соати дар утоқи сардорамон будан ман дар бораи шавҳаршавандаам як олам гап шунидам. Фаршед писари ягонаи волидонаш буда бо хости онҳо дар бистсолагӣ ба духтари холааш издивоҷ мекунад, аммо фарзанддор намешаванд. Волидонаш то дами марг намегузоранд, ки Фаршеду занаш аз ҳам ҷудо шаванд, танҳо баъди марги волидон онҳо расман аз ҳам ҷудо мешаванду завҷаи собиқаш ҳамон сол ба шавҳар баромада ҳоло соҳиби ду фарзанд аст. Ман боз фаҳмидам, ки Фаршед аз ман ду сол хурд аст…

Сардухтурамон Фаршедро зиёд таъриф кард, вале тарбузи умеди ман аз бағалам кайҳо афтода буд. Зеро ҳеҷ бовар надоштам, ки ин мард мани чилсоларо ба зани гирад, зеро дар ин сину сол таваллуд кардани зан зери суол аст. Пас аз чанд рӯз Фаршед сардухтури ноҳияаамонро, ки ҳамкурсу шиноси деринаш будааст гирифта ба хонаи мо хостгорӣ омад. Модарам бо ҷону дил ризо шуд, аммо ман дар танҳоӣ ба Фаршед гуфтам:

- Шумо табибед ва хуб медонед, ки кам занон дар синни чилсолагӣ қобилияти таваллуд кардан доранд. Баъд шумо аз ман ду сол хурдед…

Фаршед дастони маро миёни дастонаш гирифта ба чашмонам нигариста посух дод, ки ман чанд сол аст, ки ҳамсари мувофиқ мекобам. Бовар кунед, духтаракони таҷрибаомӯзи зебою ҷавон танҳоиямро фаҳмида худашон таклифи издивоҷ мекунанд, вале ман бори аввал шуморо дидаму дилам гум зад, ба худ гуфтам, ки ана ҳамин аст зани мақбули дили ман. Чи гунае, ки айёми ҳаждаҳсолагиям бо дидани Ниҳол ҳамсабақам вуҷудамро эҳсосоти аҷибе фаро гирифта буд, аммо волидонам ишқи моро зери по карданд. Ман бовар дорам, ки мо фарзанддор мешавем, агар нашавем як тифлакро аз хонаи бачаҳо гирифта ба воя мерасонем, ман шуморо хушбахт мекунам. Ман шуморо мефаҳмам, ҳарчанд ҳамаи шиносҳоям дар бораатон суханҳои хуб гуфтанд, вале… Шояд шумо як духтари фиребхӯрда бошед, ин барои ман муҳим нест…

Ман аз ин ҳарфҳои Фаршед ранҷида бошам ҳам худамро ба даст гирифта гуфтам:

- Ман фиребхӯрда нестам, пеши шумову Худо покам. Шумо аввалин марде ҳастед, ки дастони маро миёни дастонатон медоред. Аёми ишқварзиданҳои ман акнун сар мешуд, ки падарам аз олам гузаштанду орзуҳои ман ҳамроҳи он кас ба хоки тира рафтанд…

Бахти Худодод

Пас аз як ҳафтаи хостгорӣ мо маъракаи хоксоронае ороста зану шавҳар шудем, Фаршед маро ба хонааш овард. Хонаи панҷҳуҷрадори муҷаҳҳази ӯ хеле тозаю озода буд, ҳеҷ гумон намекардӣ, ки ин ҷо се-чор сол боз зан зиндагӣ намекунад. Зиндагии мо хеле ширин оғоз ёфт, Фаршед як сол дам гир гӯён маро кор кардан намонд, ман акнун зани хонагӣ будаму аз бахти баландам сарам ба осмон мерасид. Худовандро барои ин бахти додааш шукру сипос мегуфтам…

Ниҳоли ишқи мо самар оварду ман пайи ҳам ду писар таваллуд кардам, Санҷару Самар маънии зиндагӣ ва дунёи мо буданд. Солҳо пайи ҳам гузаштанду писаронамон ба воя расида пушти касби падару модар рафтанд, онҳо яке дар Руссия ва дигарӣ дар Олмон донишгоҳи тиббиро хатм карда ба духтарони тоҷик оиладор шуданду ҳамон ҷо монданд. Ману падараш зуд-зуд ба назди онҳо меравем, фарзандонамон мехоҳанд, ки мо бо онҳо бошем, аммо ман аз ватан дил канда наметавонам. Синни мо низ ба ҷое расид, шавҳарам зиндагии хуби оилавӣ ва тарзи ҳаёти солим ки дорад дар назар мисли ҷавонмардони панҷоҳ сола метобад, худи ман ҳам он қадар пири фартут нестам, аммо каме фарбеҳ шудаам. Шукри Худованд карда модари навадупанҷсолаамро аз қишлоқ зуд-зуд ба шаҳр оварда нигоҳубин мекунаму дуояшро мегирам, дар зиндагӣ ягон мушкил надорам, аммо…

(Давом дорад)

Хонандаи доимии шумо

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД