Sebiston new 2024 october
Ҳамсари босавод мехоҳед ё бесавод?
4196

Ҳар шахс, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, идеале дорад. Яке дар орзуи шавҳари бой аст, дигарӣ мехоҳад зани зебою доное бигирад, ки дар оянда фарзандонашро тарбияи нек дода дар кашидани аробаи зиндагӣ кӯмак расонад. 

Шумо бо чӣ гуна шахс оиладор шудан мехоҳед?
Бо ин савол мо ба чанд ҷавондухтару ҷавонписари муҷаррад муроҷиат намудем.


Мавлуда Қурбонова, сокини шаҳри Душанбе:
Марди босавод биҳишти зан аст
-Мо, духтарону ҷавонон бояд дар интихоби ҷуфти ҳаётии худ бисёр боандеша бошем, зеро хушбахтиву бадбахтии ҳар кадоми мо аз шахсе вобастагӣ дорад, ки моро ҳамсафари умр мегардад. Ба фикрам бо ҷавони маълумоти олӣ дошта хонадор шудан беҳтар аст, чунки бачаи хондагӣ ба неку бади зиндагӣ сарфаҳм меравад. Марди босавод биҳишти зан аст, чунки ӯро таҳқир намекунад, азоб намедиҳад ва пушта паноҳаш мегардад. Зану шавҳар ҳарду соҳиби маълумоти олӣ бошанд, нуран ало нур мешавад, чунки дукаса кор карда, аробаи зиндагиро пеш мебаранд ва камтар азоб мекашанд.


Довудхоҷа Шохоҷаев, донишҷӯ:

Зани босавода нозаш бисёр!
-Ба ақидаи ман духтари нохондаро ба занӣ гирифтан хубтар аст, чунки духтарҳои хондагӣ сернозу нуз мешаванд. Ба зани хондагӣ як даҳон гап занӣ, маҳмадоногӣ карда, даҳ ҷавоб медиҳад. Зан нохондаю бесавод бошад, чашмаш аз мард метарсад ва шавҳараш чизе, ки гӯяд, бо сари хам ҳамонро мекунад. Зани хонашин баҳудаю беҳуда ба кору бори мардак биниашро намехалонад. Шахсан ман ягон духтараки хонашинро ба занӣ мегирам, то ки болои сарам набарояд.

Алӣ Салимов, коргар:

Хушбахтӣ дар диплом нест
--Баъзеҳо мегӯянд, ки зан маълумоти олӣ дошта бошад, фарзандони солим ба дунё меорад ва кӯдаконашро тарбияи нек медиҳад, вале дар асл чунин нест. Духтаре ҳаст, ки ақлу тамизи зотӣ ва дониши хуб дорад, вале бо сабаби шароит надоштан, падару модараш баъди хатми мактаби миёнаро ӯро зуд ба шавҳар медиҳанд. Чунин духтар диплом надошта бошад ҳам, зани беҳтарин мешавад, чунки чӣ будани одаму одамгариро медонад ва ба қадри шавҳару хонаю дари обод мерасад. Хушбахтӣ дар диплом доштан ё надоштани зан не, дар ақлу фаросат ва сабру таҳаммули ӯст.


Маъруф Ғаффоров, донишҷӯйи факултаи географияи Донишкадаи омӯзгорӣ:

Аз арӯси шаттоҳ безорам!
-Ба фикри ман духтари нохондаро гирифтан беҳтар аст, чунки зан маълумоти олӣ дошта бошад, забонаш дароз мешавад. Як гап занӣ, дарав ба даҳонат зада мегӯяд, ки ман ҳам кор карда истодаам. Ман ба он шарте ба духтари хондагӣ хонадор мешавам, ки боандеша ва сарпаст бошад ва ҳеҷ гоҳ бидиросзанон забондарозӣ накунад. Зан, агар ҳурмати шавҳарро ба ҷо наорад, аз дипломӣ ӯ чӣ фоида?!

Қаландар Комилов, сокини ноҳияи Фархор:

Бо «тормоз» зистан намехоҳам
-Духтари хондагиро ба занӣ гирифтан хуб аст, барои он ки зан маълумоти олӣ дошта бошад, ба баду неки ҳаёт сарфаҳм меравад. Зани бесавод ҳеҷ гоҳ мардро намефаҳмад, чунки ба қавли русҳо «тормоз» аст, яъне майнааш шах шудааст ва ҷаҳонбиниаш танг аст.


Саҳоба Шарипова, дӯзанда:

Аз шавҳари бекорхӯҷа безорам!
-Шавҳари ояндаам соҳиби касбу маълумот бошад, беҳтар аст, чунки марди босавод дар ҳар ҳолат аробаи зиндагиашро кашида метавонад. Мабодо қисмат маро бо ҷавони дипломдор ҳамхона насозад ҳам, мехоҳам, ки ҳамсарам ақаллан ягон касб ё ҳунар дошта бошад, то ки ба гардани ман бор нашавад. Аз шавҳари бекорхӯҷа безорам!


Нӯшервон Ёғибекзода:

Хондагӣ беҳтар аст, вале...
-Албатта ҳамсар маълумоти олӣ дошта бошад, бисёр хуб аст, зеро дар тарбияи минбаъдаи фарзандон мушкилӣ намекашад ва зиндагӣ ҳам нисбатан осон мегардад, вале вобаста ба арзишҳои суннатӣ аксаран волидон барои фарзандонашон ҷуфти муносибро интихоб менамоянд. Аз ҳамин хотир шахсан барои ман фарқе надорад, ҳар киро падару модарам интихоб намоянд, хоҳ босавод бошад, хоҳ бесавод қабул хоҳам кард. Муҳимаш инсон бошад.

Зебоҷон Ҷамилова:

Зани каду намешавам!
-Ман мехоҳам дар оянда бо ҷавони маълумотдор оиладор шавам, зеро шахсе, ки маълумот дорад, аз одами нохонда куллан фарқ дорад, ҳам аз нигоҳи дониш ва ҳам аз нигоҳи муносибату рафтору гуфтор. Риштаи тақдирамро бо каду пайваста ҳаётамро бо дасти худам сӯхтан намехоҳам.

Айниддин Давлатов:

Зан, агар худотарс бошад...
-Барои ман босавод ё бесавод буданаш аҳамият надорад, муҳим он аст, ки меҳрубон бошад, хоксор бошад, дили пок дошта бошад ва аз ислом хабардор бошад. Зан, агар худотарс бошад, ҳеҷ гоҳ ба рӯйи шавҳар по намемонад.

Зарнигор Баҳодурова:

Бо марди бесавод ҳаёти зан месӯзад
-Ман мехоҳам дар оянда шавҳари хондагӣ бигирам, чунки ҷавони босавод ба осонӣ ҷойи кор меёбад ва нонашро бо нӯги қалам ёфта, зиндагиро ба осонӣ пеш мебарад. Бо ҷавонмарди бесавод хонадор шавӣ, ҳаётат месӯзад, чунки ӯ наметавонад оиларо ба таври зарурӣ таъмин намояд ва ҳатто аз уҳдаи тарбияи фарзанд ҳам намебарояд.

Мирзонаим Иброҳимов:

Ҳарду одаманд, вале...
-Хондагию нохонда ҳарду одаманд. Барои ман фарқ надорад, ки ҳамсари ояндаам дипломдор мешавад ё бе диплом, вале аз одаму одамгарӣ бохабар буданаш бисёр муҳим аст. Мехоҳам байни мо ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат бошад. Мехоҳам ҳамсарам маро ҳурмату эҳтиром намояд ва аз гапам берун набарояд. Худованд, агар маро бо ягон духтари хушахлоқ ва ботарбия ҳамқисмат гардонад, кӯшиш мекунам, ки ҳамсарамро ба ягон донишгоҳ дохил кунонам, то хонда маълумоти олӣ бигирад, то минбаъд дар зиндагӣ азоб накашад.

Фарида Исмоилова:

Тақдирро тадбир нест
-Албатта ҳар як ҷавон орзу мекунад, ки ҳамсафари зиндагиаш беҳтарини беҳтаринҳо бошад, вале тақдирро тадбир нест. Риштаи умри мо бо инсони босавод мепайвандад ё бо бесавод инро танҳо Худованд медонаду халос. Барои ҳамин Худоро зорӣ кардан лозим аст, ки инсони некдилу некрафтору некгуфтореро ҳамсафари ҳаётамон гардонад. Диплом не, ҳурмату эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳар зиндагӣ муҳим аст.

Мафтуна Бобокалонова:

Диплом не, дили пурмеҳр мехоҳам!
-Бароям муҳим нест, ки шавҳари ояндаам хондагӣ аст ё нохонда, муҳим он аст, ки ӯ дили пур аз меҳру вафо, имони комил, лиқои зебо, қомати расо, қалби пок ва симои ҷиддӣ дошта бошад. Соҳибмаълумот бошад, боз беҳтар аст, чунки марди бомаърифат аз дунёи илму ҳунар баҳра гирифтааст ва дар зиндагӣ ҳаргиз ба роҳи бад намеравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД