Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иттилоъ медиҳад, ки соатҳои тахминан 11:55-и 27 майи соли 2020 шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини ҷамоати Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.
Айни ҳол, ҷабрдида дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрии Исфара бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Сабаҳои тирпаронӣ аниқ нестанд. Барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Феълан аз ҷониби мақомоти Қирғизистон дар ин бора то ҳол шарҳи расмӣ дода нашудаст. Тибки ахбори расонаҳо дар 3 рӯзи охир ин дувумин ҳамла аз ҷониби қирғизҳо ба ҷониби сокинони кишвари мост. Субҳи 24 май низ дар натиҷаи тирпарронии байни марзбонони тоҷику қирғиз дар қисмати Ворухи Исфара сарбози қаториии тоҷик Зоиров Давлатёр (соли таваллудаш 2001) аз пояш захмӣ шудааст.