Шоми 9–уми феврал дар лобалои қаҳвахонаи ”Звездочка ”дар Сергеев Посади вилояти Маскав ду ҷавони тоҷик дучори ҳамлаи мусаллаҳона гаштанд.
Тавре ки аз навори видеоии аз ин мавзеъ бардошташуда дида мешавад, ду ҷавони тоҷик, ки савори автомашинаи тамғаи «Ниссан Альтима» буданд, якбора ба ҳамлаи мусаллаҳона дучор мегарданд.
Як гурӯҳ ҷавонон, ки тахминан 7-8 нафар ҳастанд, якбора мисли балои аз осмон фаромада дар сари роҳи ҷавонони тоҷик пайдо шуда, автомашинаро нигоҳ медоранд.
ШОҲИД Ё ҚОТИЛ? ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ВАҲШИЁНА ДАР ВАРЗОБ
Онҳо ронанда ва мусофири Ниссанро зӯран аз мошин кашида мефароранд ва дар байни роҳ ҳардуро бераҳмона зери мушту лагад мегиранд. Авбошон бо ладабкӯб кардани инду ҷавон қонеъ нагашта, гулӯи яке аз муҳоҷиронро бо корд мебуранд ва ба сӯйи ҷавони дуюм, ки аз дарди ҷонкоҳ дар рӯйи замин печутоб хӯрда истодааст, аз таппонча тир холӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Айни замон иин ду ҷавони тоҷик, ки яке 24 ва дигарӣ 30 сол доштааст, дар яке аз беморхонаҳои Вилояти Маскав дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Тарҷума аз сомонаи Ахбор