Барои падару модар дар дунё аз ғами бемории фарзанд дида дарди ҷигарсӯзтаре нест. Малика Ғуломоваро бемории писаракаш Аминҷон маҷбур намудааст, ки ба сомонаи Oila.tj муроҷиат карда, аз мардуми шарифи тоҷик кумак пурсад.
Аминҷони 8-сола ба бемории нодири генетикӣ - Миодистрофияи Дюшен гирифтор мебошад. Мувофиқи маълумотҳои тиббӣ дар тамоми сайёраи Замин аз 5000 кӯдак танҳо 1 нафар ба ин бемории нодир гирифтор мешавад.
Дистрофияи Дюшен яке аз хатарноктарин бемориҳои кӯдакона ба шумор рафта, метавонад кӯдакро ба пуррагӣ маъюб созад ва ҳатто ба марг бурда расонад. Роҳи ягонаи пешгирӣ кардани оқибатҳои нохуши ин бемории хавфнок гузаронидани сӯзандоруи нодире мебошад, ки 3 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад, аммо Малика Ғуломова ва шавҳараш имконияти харидорӣ намудани ин доруи гаронбаҳоро надоранд.
Дароз намудани дасти кумак ба беморон ва ниёзмандон фармудаи худованд буда, аҷру савоби зиёде дорад. Умедворем, ки мардуми шарифи тоҷик нисбат ба тақдири Аминҷони 8-сола бетараф намонда, ба қадри ҳиммат ва тавоноии худ ба ин оилаи ниёзманд дар харидани ин доруи қиматбаҳо ёрӣ медиҳанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд дар табобати ин кӯдак ёрӣ расонанд, хайрияи худро бо рақамҳои зерин ба кортҳои бонкии Малика Ғуломова гузаронида метавонанд:
+ 992 554 30 81 81 Душанбе-Сити
ва +992 918 84 51 62 Алиф-моби