Бачаи Варзобиям. Муддати ду сол аст, ки дар заводи арматурбарории шаҳри Петербурги Федератсияи Русия кор мекунам. Аз маошам шикоят надорам, танҳо аз ҳаммиллатони худам гиламандам, ки аз рӯйи аблаҳӣ нони даҳонашонро бо айби худашон аз даст медиҳанд.
Мо дар як завод кор мекунем ва ҳар субҳ оҳанпораҳоро дар раҳу рӯ парешон дида, дилам танг мешавад. Роҳбари завод як марди тотор ин ноинсофиҳои ҳаммиллатонамро дида, маро сарзаниш мекунад, чунки бригадир ҳастам. Ин кората накун бигӯӣ, дарҳол тоҷикони мо малол мешаванд ва «тоҷик тоҷика чашми дидан надорад, ту ба мо бахилӣ мекунӣ, моро чашми дидан надорӣ…» гуфта, ароз мекунанд. Ин ҷо хонаи падару модари мо нест, инҷо шаҳри ғурбат аст ва набояд ҷангу хархаша карда худамонро шармандаи олам созем гуфта пандашон медиҳам, вале ҳеҷ маро фаҳмидан намехоҳанд. Ба фоидаи худашон гап зада дар бало мемонӣ ва ба худат душман мехарию халос. Рӯзи маошгирӣ наздик, ки омад, ҳамаашон якбора бачаҳои хубу гапдаро мешаванд, вале ҳамин, ки пулро гирифтанд, боз ҳамон аҳмади порина шуда, кори ҳалол намекунанд. Коргаронам ҳама бачаҳои худӣ, яъне тоҷиканд, вале ба ҷойи аз таҳти дил меҳнат карда, номи тоҷиконро баланд бардоштан ҳам худашону ҳам маро дар корхона шармандаю бадном карда гаштаанд. Кори ҳалол намекунанд, як-ду оҳанро ҷобаҷо мекунанду «миёнамон дард кард» гуфта, ягон ҷойи хилват ёфта мехобанд. Аз роҳбар шуданам ба ин қавми танбал сахт пушаймонам, чунки болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, аксари коргаронам маро дар назди аҳли хонаводаашон бад кардаанд. Аламовар аст вақте ба ҳаммиллатонат кӯмак расондан хоста миёнарав мешавӣ ва ҷойи кору ҷойи хоб ёфта медиҳӣ, то дар ғарибӣ азоб накашанд, вале ба ҷойи некӣ бадӣ гуфтагӣ барин дар ҷавоб ҳам аз сардор лаънат мешунавию ҳам аз коргарони кӯрнамак.
Падару модарони азиз! Як бор омада бо чашми саратон кори мекардаи фарзандонатонро бинед, он гоҳ ба ман раҳмат мегӯеду ба онҳо лаънат!
Сироҷиддин аз ш. Питер